Чаро садамаҳои мансабдорон танҳо бо сабаби техникӣ рух медиҳад?
Садамае, ки шаби 14-уми июл дар шоҳроҳи деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ноҳияи Восеъ бо иштироки Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши пешини додситонии ноҳияи Ховалингр, рух дода буд ва сабаби марги ду нафар гардид, аз ҷониби Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон , «айби техникӣ» эълон шуд.
Иззатулло Шамсуллозода ҳангоми ҳаракат аз самти Данғара ба сӯи Ховалинг, Фатҳулло Расулови 25-сола ва Рамазон Асламови 33-соларо зер кардааст. Рамазон Асламов худи ҳамон шаб дар бемористон ва Фатҳулло Расулов се рӯз баъд ҷон додаанд, ва алакай тафтишот ҳарду қурбонии ин садамаро маст эълон кардааст.
Баъд аз ин садама, ки ҷони ду нафарро аз байн бурд, Иззатулло Шамсуллозода аз вазифааш барканор гардидааст, вале ҳоло дар озодист.
Баъд аз тафтиши Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилоят, ки сабабҳои ҳодисаро техникӣ эълон кард, Додситонии кулл ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ таъин кард, аммо ба ташхиси холисонаи ин ниҳод низ бисёриҳо шак доранд.
Хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса ба ҷойе шикоят бурданӣ нестанд, чун мутмаинанд, ки дар Тоҷикистон адолат вуҷуд надорад ва шикоят кардану адолат ҷустан дар Тоҷикистон сарфи беҳудаи вақт аст.
Моҳи гузашта Маркази ташхисӣ тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон ҳодисаеро, ки бо иштироки Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиётии Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб рух дода буд ва сабаби марги Фирдавс Ҳалимов, ҷавони 15 сола гардид, «сабабҳои техникӣ», эълон кард.
Баъдан, додситони минтақаи Кӯлоб ташхиси дубора таъйин кард, аммо дар ташхиси баъдӣ низ сабабҳои ҳодисаро «техникӣ» эълон карданд ва капитан Саидмуъмин Исломов, бегуноҳ баромад.
Хонаводаи Фирдавс Ҳалимов аз болои капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиётии Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб шикоят карда буданд, аммо ҳеҷ фоида накард.