Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши як баёния эълон кард, ки бинобар раҳо шудани духтари Шабнам Худойдодова — Фотима, тазоҳуроти эълоншуда дар Берлинро лағв мекунад. Қарор буд ин тазоҳурот бо талаби раҳоии Фотима баргузор гардад.
“Бо таваҷҷӯҳ ба бароварда шудани хостаҳои КШНГЗТ аз ҷониби мақомот, мо ба унвони нишонаи ҳусни ният, барпоии ин тазоҳуроти эътирозиро лағв мекунем” — омадааст дар баёния.
Дар баёния омадааст КШНГЗТ ба талошу кӯшишаш ҷиҳати барқарории адолат ва раҳоии ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ идома хоҳад дод.
“Мо ҳамчунон аз мақомоти Тоҷикистон хостори риояти қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонем. Мо қасд дорем ба эътирозоти мусолиматомези худ алайҳи иқдомҳои ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон дар гаравгон гирифтани бастагон ва наздикони мухолифони сиёсӣ бо ҷиддият идома бидиҳем” — гуфта шудааст дар баёния.
Ин Кумита эълон кардааст фаъолияташ то замоне, ки ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон наҷот пайдо накунанд ва фишор болои бастагон ва наздикони мухолифони сиёсӣ поён наёбад, идома хоҳад дошт.
Дар баёния зикр шудааст “КШНГЗТ дар зудтарин фурсат, феҳристи комиле аз ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсӣ тартиб дода ва зимни ироаи он ба тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ҳамаи саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳуқуқи қонунии ин азизон барқарор ва аз ранҷу андӯҳ бираҳанд”.
Кумитаи наҷоти гаравгонону зиндониён инчунин феҳристи дархостҳои худ аз ҳукумати Тоҷикистонро иборат аз 13 банд нашр кардааст, ки ба шакли зер аст:
1) Мо аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунем, ки «феҳристи сиёҳ»-и ҷорӣ аз шаҳрвандон, дигарандешон, паноҳандаҳои сиёсӣ ва бастагони онҳоро ё интишор кунанд ва ё эътироф намоянд, ки тартиби ин феҳрист як амали комилан ғайриқонунӣ аст; шаҳрвандоне, ки бидуни ҳеч муҳокима ва асоси қонуние, аз ҳуқуқи асосии қонуниашон маҳрум шудаанд.
Дар ихтиёри КШНГЗТ мадорику асноди мувассақе қарор гирифтааст, ки нишон медиҳанд: ҳукумат ҳанӯз бар хонаводаҳо ва бастагони мухолифони сиёсиаш, сахттарин ва шадидтарин фишорҳоро ворид меоварад. Дар ду ҳафтаи пеш, модари Маҳмудҷон Файзраҳмон ба КДАМ дар Душанбе бурда шуда ва рӯи ин пиразан фишорҳои равонии шадиде шудааст. Ҳамчунин, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил фақат ба ин хотир, ки Ҷанатуллоҳ аксе аз фарзандаш бо тасвири Фотима ва Ҳамза дар шабакаи маҷозӣ гузоштааст, мавриди фишор қарор гирифта. Ва низ як бародари дигари Ҷанатуллоҳро ду моҳ пеш боздошт намудааанд, ки тибқи хабарҳои ба даст расида, таҳти шиканҷаҳои бисёр шадид қарор дорад. Мутаассифона, ин амали ғайриқонунии мақомоти амниятии Тоҷикистон шакли низомманд ба худ гирифтааст, бинобар ин, агар мақомот аз ин амалҳо даст барнадоранд, мо феҳристи комили ҳамаи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсиро расонаӣ намуда ва аз тариқи ҷомеаи ҷаҳонӣ талош хоҳем намуд, ки то ҳақ ба ҳақдор бирасад;
2) Мо аз мақомоти Тоҷикистон қотеона дархост менамоем, ки фавран тамоми монеъаҳоро аз сари роҳи хуруҷи бастагони мухолифони сиёсӣ ва соири шаҳрвандон бардоранд. Ин амал, поймол кардани ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон ва нақзи ошкори ҳамаи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад;
3) Ҳамчунин, бояд тамоми монеъаҳо ва маҳдудиятҳо аз сари роҳи дарёфти кӯмакҳои тиббӣ барои бастагони муҳоҷирони сиёсӣ бардошта шавад. Дар ихтиёри мо асноде расидааст, ки ҳикоят аз вафоти кӯдакон ба хотири нарасидани кӯмакҳои тиббии лозим ба онҳо мекунад. Амдан нарасондани кӯмакҳои пизишкии лозим, ин як шиканҷа ва қатли амд ба шумор рафта, ҷиноят алайҳи башарият ба ҳисоб меояд;
4) Фавран бояд кӯмакҳои пизишкии лозим ба зиндониҳои сиёсӣ расонда шавад, бар асоси маълумоте, ки ба дасти мо расида, ба онҳо ин кӯмакҳо амдан расонда намешавад. Мавориди вафоти зиндониҳо ба хотири бархӯрди хашин, лату кӯб ва худдорӣ аз расондани кӯмакҳои зарурии пизишкӣ ба онҳо, ба дасти мо расидааст ва дар сурати лозим, онҳоро расонаӣ хоҳем намуд;
5) Фавран тамоми мамнӯиятҳо аз сари роҳи истифода аз телефон ва интернет барои тамоси шаҳрвандон бо бастагонашон, ки ба хотири мавзеъҳои сиёсӣ дар таъқиб буда ва дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, бардошта шавад;
6) Ҳамчунин, тамоми монеъаҳо ва маҳдудиятҳо аз сари роҳи иштиғоли дигарандешон ва бастагони онҳо бардошта шавад. Имрӯз ҳазорон мутахассис ва бастагони онҳо ба хотири дидгоҳҳои сиёсиашон, аз кору иштиғол маҳрум гаштаанд;
7) Фавран маҳдудиятҳои дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои бастагони мухолифон бардошта шавад;
8) Бояд ҳамаи иқдомҳои ғайриқонунии мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ мутаваққиф шавад;
9) Фавран маълумоти комил дар бораи сарнавишти Эҳсон Одинаев дар ихтиёри бастагонаш (модар ва бародар ва хоҳараш) қарор дода шавад. Тибқи маълумоти мо, ӯ дар моҳи майи соли 2015 тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рабуда шудааст ва аъзои тими амалиёти рубоиш, аз сӯи ҳукумат мукофотонида шуда ва рутбаҳои болотари низомӣ гирифтаанд;
10) Ҳамаи донишҷӯёне, ки ба далели дидгоҳҳои сиёсӣ ва ё ин ки аз бастагони мухолифони сиёсӣ ҳастанд ва ба ҳамин ҷиҳат аз донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд, ба донишгоҳҳо баргардонда шаванд;
11) Дар донишгоҳҳо ва мактабҳо озору азияти фарзандони мухолифони сиёсӣ мутаваққиф шавад. Ба ин ки онҳоро фарзандони «хоинон ва душманони миллат» хонда мешавад, нуқта гузошта шавад;
12) Парвандасозиҳои дурӯғин нисбат ба дигарандешон, рӯзноманигорон, вакилони дифоъ ва диндорон мутаваққиф шуда ва бе далел тӯҳматшудаҳо озод карда шаванд;
13) Ҳамаи масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ, нисбат ба кӯдакон ва бастагони дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, ба истеъфо раванд. Амалҳои нангини онҳо боиси рафтани обрӯи Тоҷикистон ва ҳукумат гардида ва дар ҷомеа ҳисси кинаву адоватро бармеангезад.