11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалокшудагони рус изҳори ҳамдардӣ кард. Тоҷикон фаромӯш шуданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти се шаҳрванди Русия дар садамаи чархбол дар Бадахшон, ба ҳамтои русаш Владимир Путин ва наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори тасаллияти амиқ кард.

Дар барқияи раисҷумҳур ба Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Федератсияи Россияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтем.

Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон барои муайян намудани сабаб ва ҳолати ҳодисаи фавқулода, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Муҳтарам Владимир Владимирович, тасаллияти амиқи моро қабул фармоед. Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».

Дар садама се шаҳрванди Русия Тимур Барабанов, Руслан Тараканов ва Александр Абросимов кушта шуданд ва чаҳор нафари дигар захм бардоштанд.  

Дар садамаи чархбол ду шаҳрванди Тоҷикистон  сарнишинони чархбол Музаффар Файзуллоев ва Саидҷон Қобилов низ ҷони худро аз даст доданд. Музаффар Файзуллоев 71 сол умр дошт, ки 45 соли онро барои хидмат ба миллату давлати Тоҷикистон сарф карда буд.

Аммо наздикону пайвандони ин ду фарзанди миллат аз ҳамдардии раисҷумҳурашон бенасиб монданд.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *