Дар шаҳри Уст-Илимски вилояти Иркутски Русия марде, ки тибқи фармони нави басиҷ ба комиссариати ҳарбӣ даъват шуда буд, комиссари ҳарбиро парронд. Гуфта мешавад комиссар бо вазъи ба беморхона ирсол шудааст.
Бархе манобеъ аз ҷон бохтани ӯ дар беморхона хабар медиҳанд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад мард ба саҳна ворид мешавад ва аз наздик ба комиссар тир мезанад. Сипас мили силоҳашро ба самти ҷамъомадагон мегардонад ва аз онҳо талаб мекунад биноро тарк кунанд.
Эълони басиҷ эътирозоти густардаеро дар манотиқи гуногуни Русия ба бор овардааст.
Дирӯз Доғистон шоҳиди эътирозоти густардаи мардум алайҳи басиҷ ва ҳатто бархӯрд бо пулис буд. Шабакаҳои иҷтимоии Доғистон барои имрӯз ҳам тазоҳурот эълон кардаанд.