Қимат ҳар биткоин тайи ҳафтаи гузашта 4.63 дарсад коҳиш ёфта ва ба 33 ҳазору 770 доллар расид, ки дар муқоиса бо авҷи 63 ҳазору 237 долларии он дар нимаи апрели гузашта 46.6 дарсад уфт кардааст. Вазъияти қирмизи ҳоким бар бозор рамзарзҳо қимати 70 дарсад аз 100 рамзарзи пурмуъомиларо дар ҳафтаи пеш байни 35 то 0.14 дарсад коҳиш додааст. Оё рӯзҳои пурравнақи бозори рамзарзҳо ба поён расидааст?
Оғози талоши бонкҳои марказӣ ва ниҳодҳои назоратӣ барои муқобила бо муомилоти рамзарзҳо, нигарониҳои зистмуҳитӣ дар мавриди истихроҷи онҳо, арзҳои рамзнигоришударо ба дороии пурриске бадал карда. Чунонки навасони (болову поинравии) қимати онҳо аз ҳамаи дороиҳои молӣ ҳамчун саҳом фаротар рафтааст.
Бад-ин тартиб, ҳамзамон бо эҳтимоли афзоиши зудҳангоми нархи баҳра (процентная ставка) тавассути Бонки марказии Амрико барои муқобила бо рушди бештар аз интизори сатҳи таваррум (инфлятсия) ва тарс аз таъсиргузори шуйӯъи навъи ҷаҳишёфтаи вируси коруно бо номи делто бар кунд кардани дубораи рушди иқтисодии ҷаҳон, бархе аз сармоягузорони ниҳодӣ гароиши қобили таваҷҷуҳе ба хариди дороиҳои амнтар ҳамчун авроқи қарзӣ (долговые бумаги) пайдо кардаанд.
Оё арзҳои диҷитоли бонкҳои марказӣ ҷойгузини рамзарзҳо мешавад?
Бонки марказии Чин ҷанги сарди густурдаеро алайҳи рамзарзҳо ба роҳ андохта ва бо судури дастуруламалҳои паёпай дар талош барои мутаваққиф кардани муомилоти арзҳои рамзнигоришуда тавассути шаҳрвандони худ ва аз тариқ муассисоти молӣ ва эътибории ин кишвар аст.
Дар Бритониё низ ниҳоди нозири молӣ (FCA), Binance, яке аз бузургтарин саррофиҳои арзb рамзнигоришударо дар листb сиёҳ қарор додааст. Ин иқдомb ниҳоди нозири молии Биритониё пас аз он рух дод, ки дар оғози моҳи июн ҳушдор дод, ки теъдоди зиёде аз муомилоти рамзарзҳо тавассути ин саррофӣ таҳти муқаррароти пулшуӣ қарор надоранд. Бинобарин Binance аз анҷоми фаъолият дар Биритониё манъ ва муҷаввизи таблиғоти он барои ҷазби сармоягузорони Биритониёӣ лағв шуд.
Гузашта аз ин, Салвадор низ ба унвони нахустин ва танҳо кишваре, ки ба биткоин ба унвони пули роиҷ расмият бахшид, таҳти фишори бонкҳо ва муассисоти молии байналмилалӣ қарор гирифтааст; Ба тавре, ки Сандуқи байналмилалии пул ба Салвадор эълом карда, ки додант бастаи кумакҳои пулӣ ба ин кишвар ба далели расмият бахшидан ба биткоин бо монеъи ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ҳамчунин бонкҳои марказим ҷаҳон аз Аврупо ва Биритониё гирифта то Амрико дар талош барои интишори арзҳои диҷитоли худ ҳастанд, ки бо таваҷҷуҳ ба доро будани пуштибоии қавӣ, ба эътиқод бархе коршиносон метавонанд рақиби тозае барои рамзарзҳо ба шумор бираванд.
Албатта суқути қимати рамзарзҳо ва ба вижа биткоин аз моҳи май ва пас аз он ки Илон Моск, бунёнгузор ва мудиромили худравсозии Тесло, пазириши биткоинро ба далели нигарониҳои мавҷуд дар мавриди паёмадҳои зистмуҳитии истихроҷи рамзарзҳо лағв кард, оғоз шуд. Аммо ин нузул бо ташдиди талоши бонкҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои коҳиши мубодилот мубтанӣ бар арзҳои рамзнигоришуда ва низ ибрози тамоюли бонки марказии Амрико барои афзоиш нарх баҳра идома ёфт.
Ҳамчунин бо эъломм расмии Ҷопон мабнӣ бар баргузории бидуни тамошогари бозиҳои олимпии Токио ва низ эълом шавоҳиде мабнӣ бар коҳиши таъсири воксинҳои таъйидшудаи коруно бар навъи ҷаҳишёфтаи делто, бозорҳои молии ҷаҳон бо нигаронии тозае дар мавриди афзоиши эҳтимоли ҳокимшуда дубораи фазои рукудӣ бар иқтисоди ҷаҳон мувоҷеҳ шуданд. Зеро бо афзоиши теъдоди омилҳои таъсиргузор бар тақозо ва навасони қимати рамзарзҳо, тамоюли сармоягузорон ба хариди арзҳои рамзнигоришуда коҳиш ёфтааст.
Бо ин вуҷуд бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки фазои феълии ҳоким бар бозори рамзарзҳо шояд бо кумак кардан ба холӣ кардани ҳубоби қимати онҳо шароити бозгашти тақозо ва рушди қиматҳоро фароҳам кунад. Зеро онҳо умедворанд, ки арзҳои диҷитолии бонкҳои марказӣ натавонанд рақиби ҷадид барои рамзарзҳо бишаванд ва пас аз поёни таъсиргузории рушди нархи баҳра дар Амрико ва поёни ҳамагирии вируси ҷаҳишёфтаи делто, ҷаззобиятҳои савдогарона ба бозори рамзарзҳо боз гардад. Ҳамчунин умедворанд, ки бо афзоиши саҳми манобеъи пойдору пок дар тавлиди энерҷии мавриди ниёз барои истихроҷи рамзарзҳо бадбиниҳо нисбат ба онҳо коҳиш ёбид, ҳарчанд, ки ҳанӯз роҳкоре барои маҳори баҳрабардори муҷримона аз арзҳои рамзнигоришуда дар мубодилоти молии сиёҳ пайдо нашудааст.