Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Ҳаҷҷи Абубакри Сиддиқ (раз.). Масҷиди Зирор

Вақте Паёмбар (с) дар роҳи бозгашт аз Табук буданд, хостанд, ки ҳаҷ кунанд. Гуфтанд: “Мушрикон низ ба ҳаҷ ҳозир мешаванд ва онҳо бараҳна тавоф мекунанд. Намехоҳам, ки то вазъ чунин будан ҳаҷ кунам”.  Сипас, Ҳазрати Абубакр (раз.) ва аз паси он кас Ҳазрати Алиро мефиристанд, то мардуми мушрикро аз ҳаҷ кардан минбаъд манъ намоянд. Инчунин ба онҳо муҳлат медиҳанд, ки барои мусулмон шудан чаҳор моҳ вақт доранд. Дар сурати дар ин муддат мусулмон нашудан онҳо бар зиддашон ҷанг эълон карда мешавад. 

Имом Бухорӣ  дар китоби “Мағозӣ” аз Абуҳурайра нақл кардаанд, ки Паёмбар (с) пеш аз ҳаҷҷатулвадоъ Ҳазрати Абубакр (раз.)ро бо мусулмонон ба ҳаҷ фиристоданд, то рӯзи иди Қурбон ба мардум эълон намояд, ки “Минбаъд касе мушрик ва бараҳна ба Хонаи Худо тавоф накунад”.  

Муҳаммад ибни Қуразӣ ва дигарон ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) соли нӯҳуми ҳиҷрӣ Ҳазрати Абубакрро ҳамчун амир ба ҳаҷ мефиристанд. Баъд Ҳазрати Алиро вазифадор мекунанд, ки ба мардум сӣ ё чиҳил ояти сураи Бароатро хонда диҳанд ва ба мушрикон чаҳор моҳ муҳлат гузоранд. Он кас рӯзи Арафа ин оятҳоро ба мардум хонда медиҳанд ва ҳамин тавр бист рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа, моҳҳои Муҳаррам, Сафар, Рабиулаввал ва даҳ рӯзи Рабиулохир ба онҳо муҳлат медиҳанд. Он оятҳо барояшон ҳатто дар хонаҳояшон низ хонда дода мешавад, ки “Минбаъд шахси мушрик ҳаҷ накунад ва ба Хонаи Каъба касе бараҳна тавоф накунад”. 

Дар ривояти Имом Аҳмад Абуҳарайра чунин мегӯянд: “Ман бо Алӣ ибни Абитолиб, вақте Паёмбар (с) он касро бо сураи Бароат ба назди аҳли Макка фиристоданд, ҳамроҳ будам. Аз он кас пурсидем: Шумо чӣ мегуфтед? Гуфтанд: Мо мегуфтем, ки “Ба ҷаннат танҳо каси муъмин медарояд. Ба Хонаи Каъба каси бараҳна тавоф намекунад. Касе, ки Паёмбар (с) бо ӯ аҳде доштанд, муҳлати он чаҳор моҳ аст. Вақте ин муҳлат мегузарад, Худо ва Расули Ӯ аз мушрикон безоранд (дигар миёни онҳо аҳде намемонад). Минбаъд шахси мушрике ҳаҷ намекунад”. Ман чунон фарёд мекардам, ки ниҳоят овозам хаста шуданд”. Манзур аз ояти 3 аз сураи Тавба низ ҳамин аст: 

وَأَذانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ، وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذابٍ أَلِيمٍ

(Ва аз сӯи Аллоҳ (ҷ) ва Паёмбараш дар рӯзи қурбонӣ ба ҳама мардум эълон аст, ки Аллоҳ ва Расулаш аз мушрикон безоранд. агар тавба кунед, ин барои шумо беҳтар аст. Дар сурати аз тавба рӯй тофтан яқин дошта бошед, ки аз уқубати Аллоҳ (ҷ) раҳоӣ намеёбед. Ва кофиронро ба омадани азоби дардовар “хабар” бидеҳ.)

Ибни Саъд нақл мекунанд, ки Паёмбар (с) вақте Ҳазрати Абубакрро масъули ҳаҷ таъйин намуданд, он кас ҳамроҳ сесад нафар аз аҳли Мадина ба ҳаҷ баромаданд. Бо онҳо Паёмбар (с) бист шутур барои қурбонӣ низ фиристода буданд. 

Панду андарзҳо 

  1. Мушрикон ва анъанаҳои онҳо дар ҳаҷ. Дар гузашта гуфта будем, ки ҳаҷ ба Хонаи Худо ҳанӯз аз аҳди Иброҳим (а) ба арабҳо мерос монда буд. Арабҳо онро миёни дигар боқимондаҳои иброҳимӣ маҳфуз медоштанд. Вале он омехта бо палидиҳои ҷоҳилият ва ботилоти ширк шуда, ки он ниҳоят назар ба ибодате, ки бар асоси тавҳид қоим аст, ба намоише аз намоишҳои ширкӣ мубаддал гашта буд. 

Ибни Оиз меорад, ки мушрикон ҳамроҳ бо мусулмонон ҳаҷ мекарданд ва аснои адои маросим овози худро баланд мебардоштанд, то ибодати мусулмононро мушавваш созанд. Онҳо мегуфтанд: “Ло шарика лака илло шарикан ҳува лака тамликуҳу мо малака”. Иддае аз мардони мушрик бо тани бараҳнаи модарзод тавоф анҷом медоданд ва ин кори худро бузургдошти Хонаи Каъба мешумориданд.   

Онҳо мегуфтанд: “Мо ба Хонаи Худо бараҳнаи модарзод тавоф мекунем, то дар танамон чизе аз дунё набошад, ки олуда ба зулми дунё бошад”. 

Ин гуна палидиҳо то охири соли нӯҳуми ҳиҷрӣ идома дошт. Ҳамон сол Ҳазрати Абубакр (раз.) бо мусулмонон ҳаҷ карданд ва ҳамроҳ бо Ҳазрати Алӣ (раз.) ба дигар мушрикон расониданд, ки минбаъд Масҷидулҳаром аз чунин палидиҳо пок буда, он ба таври бебозгашт ба нобудӣ дода мешавад. 

  1. Вайрон шудани аҳд бо эълони ҷанг. Бояд тазаккур дод, ки он замон мушрикон ба қавли Муҳаммад ибни Исҳоқ ду гурӯҳ буданд: як гурӯҳ, ки Паёмбар (с) бо онҳо ба муддати камтар аз чаҳор моҳ аҳд доштанд. Ба ин гурӯҳ то ба интиҳои муддат муҳлат дода шуд. Гурӯҳи дигар бошанд, миёни Паёмбар (с) ва онҳо ба муддати ғайримаҳдуд  аҳд қарор дошт. Оятҳои сураи Бароат маҳз ба ҳамин гурӯҳ нигаронида шудааст. Яъне, аҳди номаҳдуди онҳоро ба чаҳор моҳ маҳдуд менамояд ва хабар медиҳад, ки баъди гузашти ин муддат бо онҳо ҳолати ҷангӣ эълон мешавад ва дар сурати тавба ва ё мусулмон нашудан ҳар ҷойе, ки дучор оянд, кушта мешаванд. Ин муҳлати нав аз  рӯзи Арафаи соли нӯҳум оғоз шуда, даҳуми моҳи Рабиулохир ба анҷом мерасад. 

Боз гуфтаанд, ки (ин раъйи Калбӣ аст) ”Он чаҳор моҳ барои касоне буд, ки Паёмбар (с) бо он ба муддати камтар аз чаҳор моҳ аҳд доштанд. Вале касоне, ки аҳдашон ба муддати бештар буд, Худо амр мекунад, ки аҳд бо онҳо то ба муддати худаш анҷом дода шавад. Манзур аз ояти каримаи “إِلَّا الَّذِينَ عاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنْقُصُوكُمْ شَيْئاً وَلَمْ يُظاهِرُوا عَلَيْكُمْ أَحَداً فَأَتِمُّوا إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلى مُدَّتِهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ”  аз сураи Тавба низ ҳамин аст”. 

Аммо сухани аввал дурусттар аст. Зеро дар сураи Тавба,  тибқи ин андеша ягон чизи нав дида намешавад. Балки он як таъкид ба он аҳдҳое мебошад, ки то ин дам миёни Паёмбар (с) ва мушрикон вуҷуд дошт. Чизе аз он дигаргун намешавад ва чизе нав ба он илова намегардад. Агар чунин аст, пас он эълону доду фарёди Ҳазрати Алӣ ва сураи Бароатро ба мушрикон расонидани он кас чӣ маънӣ дорад?! Барои чӣ Паёмбар (с) Ҳазрати Алиро ба Макка фиристоданд?!

  1. Таъкиде дигар ба маънои ҷиҳод дар Ислом. Дар ин ҳодиса мо боз шоҳиди таъкиди дигаре ба он мешавем, ки ҷиҳод дар шариати исломӣ ҷанги дифоӣ набудааст, чи хеле ки иддае онро чунин тасвир кардан мехоҳанд. 

Бинед, ки Худо вақте боқимондаҳои мушрикон дар атрофи Макка ва аҳли Наҷдро огоҳ кардан мехоҳад, дар оятҳои 1 то 5 аз сураи Тавба чӣ мегӯяд: 

بَراءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ، فَسِيحُوا فِي الْأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ وَأَنَّ اللَّهَ مُخْزِي الْكافِرِينَ، وَأَذانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ، وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذابٍ أَلِيمٍ. إِلَّا الَّذِينَ عاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنْقُصُوكُمْ شَيْئاً وَلَمْ يُظاهِرُوا عَلَيْكُمْ أَحَداً فَأَتِمُّوا إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلى مُدَّتِهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ. فَإِذَا انْسَلَخَ الْأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُوا لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ، فَإِنْ تابُوا وَأَقامُوا الصَّلاةَ وَآتَوُا الزَّكاةَ فَخَلُّوا سَبِيلَهُمْ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

(Аз ҷониби Аллоҳ (ҷ) ва Паёмбараш эълони безорӣ ва огоции интиҳои паймонҳоест, ки шумо мусалмонон дар ҷазират-ул- Араб бо мушрикон бастаед. 2) Пас эй мушрикон, дар ин сарзамин муддати чор моҳ гардед. Ва бидонед, ки ҳеҷ гоҳ аз уқубати илоҳӣ раҳоӣ намеёбед ва бидонед, Аллоҳ (ҷ) кофиронро хор месозад. 3) Ва ин оятҳо аз сӯи Аллоҳ (ҷ) ва Паёмбараш дар рӯзи қурбонӣ ба ҳама мардум эълон аст, ки Аллоҳ ва Расулаш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, ин барои шумо беҳтар аст. Дар сурати аз тавба рӯй тофтан яқин дошта бошед, ки аз уқубати Аллоц (ҷ) раҳоӣ намеёбед. Ва кофиронро ба омадани азоби дардовар хабар  бидец.  4) Магар он мушриконе, ки бо онҳо паймон бастед ва ба паймони хеш вафо намуда, аз он ҳеҷ чизро нақз накардаанд. Ин тоифа аз ҳукми гузашта ҷудоянд. Пас ба паймонашон то тамомшавии муддаташ вафо кунед. Бешак, Аллоҳ (ҷ) тақводоронро дӯст медорад. 5) Пас чун муддати чор моҳ ба анҷом расад, дар ҳар куҷо бо мушрикон вохӯрдед, онҳоро бикушед ва дар қалъаҳояшон муҳосираашон кунед ва дар ҳар сари роҳашон камин нишинед. Пас агар тавба карда, намозашонро барпо доранд ва закоти молашонро пардозанд, дар ин сурат алайҳашон ҷангиданро тарк созед. Ба дурустӣ ки Аллоҳ (ҷ) бахшандаи меҳрубон аст.)

Ин оятҳо, ки хеле возеҳ ва равшан омадаанд, маҷоле намегузоранд, ки касе дар бораи ҷиҳод дар Ислом ҳамчун ҷанги дифоӣ андеша кунад. 

Шумо хуб медонед, ки сураи Бароат аз охирин сураҳое мебошад, ки ба Паёмбар (с) нозил шудааст. Аз ин рӯ, аҳкоми он, ки аксаран ба масъалаи ҷиҳод тааллуқ доранд, аҳкоми муқаррар ва тағйирнопазир мебошанд. 

Ман ҷонибдори он нестам, ки оятҳои мазкур он оятҳои пештара, ки ҷиҳоди дифоиро муқаррар мекунад, бекор карда бошанд. Масалан, ояти 39 аз сураи Ҳаҷ, ки мефармояд: “أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا، وَإِنَّ اللَّهَ عَلى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ. (Ба касоне, ки бар зидди эшон ҷанг карда мешавад, рухсат дода шуд, ки ҷанг кунанд, зеро онҳо зулм карда шуданд).  Зеро ҷиҳод дар асл на барои дифоъ ва на барои ҳуҷум ҷорӣ нашудааст. Балки ҳадафи аслӣ аз ҷорӣ шудани он пирӯз кардани шариати Худо, бунёди ҷамъияти солими ислом ва барпо намудани давлати Худо дар рӯйи замин мебошад. Бинобар ин,  дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо истифода аз ҳар василаи ба даст буда воҷиб аст. 

Гоҳо мешавад, ки аз рӯйи тақозои шароит василаи аз ҳама муносиб нашри насиҳату таълим ва иршод мешавад. Дар ин сурат ҷиҳод бо ҳамин шакл маънидод мегардад. Яъне василаҳои осоишта. 

Гоҳи дигар шароит тағйир мекунаду василаи муносиб ҷанги дифоӣ бо насиҳату иршод ва тавҷеҳ мешавад. Дар ин ҳангом ҷиҳоди муносиб ҳамин мешавад. Гоҳе ба сабаби шароити муносиб ва тақозои зарурат ҷанги ҳуҷумӣ василаи айнӣ мегардад, ки ин васила аз қуллаи ҷиҳод ва мушаррафтарин навъи он маҳсуб мешавад.  

Албатта, чи гунагии шароит ва зарурат ва кадом будани васила аз тарафи ҳокими мусулмон, ки ҳушманду оқил аст ва нисбат ба Худову расул ва мусулмонон бо ихлосу вафодорӣ амал мекунад, муайян мегардад. 

Аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳама ин василаҳои сегона дар таҳқиқи ҷиҳод зарурианд. Ба шарте, ки аз он танҳо ҳамон василае истифода карда шавад, ки ҳокими мусулмон онро зарур ва муносиб мешуморад. Аз ин рӯ, дигаргун шудани татбиқ ба бекор шудани ҳукме далолат намекунад. 

Баъдан, ин ҳаҷҷи Ҳазрати Абубакр ҳамчун таълими усули маносики ҳаҷ ва тарзи иҷрои он буд. Сониян, он ба ҳаҷҷе, ки Паёмбар (с) анҷом доданду онро ҳаҷҷатулвадоъ меноманд, чун муқаддима хидмат мекард. 

Масҷиди Зирор

Ибни Касир аз Саид ибни Ҷубайр, Қатода ва Урва нақл кардаанд, ки дар Мадинаи Мунаввара марде аз Хазраҷ буд бо номи Абуомири Роҳиб. Ӯ дар замони ҷоҳилият насронӣ шуда, миёни қабилаи Хазраҷ соҳиби мақомие бузург буд. Вақте Паёмбар (с) ба Мадина меоянд ва мусулмонон дар атрофашон ҷамъ шуда, Ислом дорои овози баланд мегардад, ба Абуомир ин вазъи нав писанд намеояд ва душмании худро ба Паёмбар (с) изҳор мекунад.  Ӯ ба Макка гурехта, назди мушрикони Қурайш меравад ва онҳоро бар зидди Паёмбар (с) ба ҷанг мешӯронид. Баъд вақте ӯ мебинад, ки кори Паёмбар (с) дар пешравӣ асту дасташон боло шудан дорад, назди Геракл, подшоҳи Рум меравад ва аз ӯ бар зидди Он ҳазрат (с) мадад металабад. Геракл бошад, дархости ӯро қабул мекунад ва мутмаин месозад. Абуомир дар назди ӯ мемонад ва ба дӯстонаш аз ҷумлаи мунофиқони Мадина нома навишта, онҳоро аз ваъдаи Геракл хабардор мекунад. Ба онҳо дастур медиҳад, ки маконеро муҳайё намоянд, ки каси фиристодааш бо онҳо ҳамон ҷо мулоқот мекунад ва вақте ӯ худаш бармегардад, он ҷо барояш ҳамчу қароргоҳ мешавад. 

Ҳамин тавр мунофиқон ба бинои масҷиде дар наздикии масҷиди Қубо шурӯъ мекунанд. Пеш аз он, ки Паёмбар (с) ба ҷанги Табук бароянд, сохтмони он ба поён мерасад ва онҳо ба наздашон омада, дархост мекунанд, ки дар он масҷидашон намоз хонда диҳанд. Онҳо мехостанд, ки бо ҳамин васила вуҷуди масҷиди худро қонунӣ намоянд. Дар бораи сабаби бунёди он мегуфтанд, ки он барои заифону соҳибони узр дар шабҳои сармо бунёд шудааст. Аммо Худованд намехоҳад, ки Паёмбар (с) дар он масҷид намоз хонанд. Дар ҷавоб ба ин дархости онҳо мегӯянд, ки “Мо ҳоло ба сафар баромада истодаем. Вақте бармегардем, иншоаллоҳ, меравем”.   Ҳангоме ки Он ҳазрат (с) дар роҳи бозгашт аз Табук буданд ва барои расидан ба Мадина як ду рӯзи дигар монда буд, Ҷабраил (а) дар бораи Масҷиди Зирор хабар меоранд. Аз ҷумла Паёмбар (с)-ро аз он ҳадафе, ки ба хотири он масҷид бунёд шудааст, огоҳ месозанд. Баъд Паёмбар (с) дарҳол пеш аз расидан ба Мадина гурӯҳеро мефиристанд, то он масҷидро вайрон намоянд. Худованд дар ин бора дар оятҳои 107 ва 108 аз сураи Тавба чунин мефармояд: 

وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِداً ضِراراً وَكُفْراً وَتَفْرِيقاً بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصاداً لِمَنْ حارَبَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ، وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنا إِلَّا الْحُسْنى، وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكاذِبُونَ، لا تَقُمْ فِيهِ أَبَداً، لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوى مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيهِ، فِيهِ رِجالٌ يُحِبُّونَ أَنْ يَتَطَهَّرُوا وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ

(Ва касоне, ки масҷидеро бо мақсади зиён расонидан ва куфр ва эҷоди тафриқа байни мӯъминон ва интизории касе, ки пеш аз бунёди масҷид бар муқобили Аллоҳ ва Расулаш мубориза бурдааст, бино намудаанд, аз мунофиқон ҳастанд. Ва бегумон онҳо савганд мехӯранд, ки: “Мақсади мо ҷуз некӣ чизе нест.” Ва Аллоҳ (ҷ) шоҳидӣ медицад, ки онҳо дар ин даъвои хеш дурӯғгӯй мебошанд. 108) ҳаргиз дар он намз нагузор. Ҳамоно масҷиде, ки аз рӯзҳои нахуст бар асоси тақво бунёд ёфтааст, барои намозат беҳтар мебошад. Дар он мардонеанд, ки пок шуданро дӯст медоранд. Ва Аллоҳ (ҷ) бандагони покшавандаро дӯст медорад.)

“Зирор”  ба маънои зарар расонидан буда, манзур аз чунин ном карда шудани он ин аст, ки онҳо мехостанд, ки бо ин роҳ ба масҷиди Қубо зарар расонанд. Худованд боз дар ин оятҳо аз фазли масҷиди Қубо ёдоварӣ намуда мегӯяд: “Масҷиде, ки аз рӯзҳои аввалинаш бар асоси тақво бунёд шудааст”. 

Панду андарзҳо

Саргузашти ин Масҷид қуллаи амалҳои зиште, ки ба шумор меравад, ки мунофиқон нисбат ба Паёмбар (с) ва саҳобагон анҷом медоданд. Онҳо ин навбат танҳо бо нифоқ иктифо накарданд, балки бар зидди мусулмонон дасисаву найрангро ба нақша гирифтанд. 

Аз ин лиҳоз, Паёмбар (с) чун пештара ба ин кор бо нодида гирифтану бепарвоӣ кардан муносибат накарданд. Балки бардошта аз ваҳйи илоҳӣ мавқеи қатъӣ гирифтанд ва ҷиддӣ муносибат намуданд. Мавқеи Он ҳазрат (с) ин навбат ҳақиқати мунофиқонро фош кардан ва парда аз рӯйи ҳадафҳои нопокашон бардоштан буд. Баъд он биное, ки ба гумони мунофиқон масҷид буд, онро вайрон намуда оташ задан буд. Чунки он биноро онҳо ба ҳадафи тафриқа миёни мусулмонон ҳамчун қароргоҳи аҳли нифоқ ва дасисахона бар зидди мусулмонон сохта буданд. 

Саргузашти ин дасиса, ки аз ҷониби мунофиқон роҳандозӣ мешуд, дар якҷоягӣ бо дигар амалкардҳои зишташон барои мо сурати мукаммалеро дар бораи аҳкоми шаръие, ки дар ҳаққашон омадааст, баён медорад. 

Зеро онҳо дар дурӯғе, ки аз худ нишон медоданд, то ин дам мутобиқи зоҳирашон ҳукм карда мешуданд ва замирашон ба Худо ҳавола карда шуда, ҳисобашон ба Қиёмат гузошта мешуд. Вале ин навбат, ки бар зидди мусулмонон нақшакашӣ карданд ва дасисаҳо ташкил намуданд, бояд ба ҷинояташон ҷавоб диҳанд ва инчунин ҳар хиште, ки баҳри зиёни мусулмонон ниҳоданд, бояд барҳам зада шавад.

Ин чиз аз рафторҳои Паёмбар (с), ки нисбат ба онҳо доштанд, ба хубӣ фаҳмида мешавад. Ҷумҳури аҳли илм низ бо истинод ба ин амалкардҳои Паёмбар (с) ба чунин муносибат бо мунофиқон иттифоқ кардаанд. 

Ҳамин тавр агар шумо дар бораи он нақшаҳои ниҳоние, ки мунофиқон мекашиданд ва тарзу василаҳое, ки баҳри татбиқи он ба кор мебурданд, дурусттар нигоҳ кунед, хоҳед фаҳмид, ки табиати нифоқ дар ҳар давру замон яксон будааст ва василаи амалкарди онҳо тағйиру дигаргунӣ намедидааст. Онҳо ҳамеша дар ҳолати тарсу зиллат ба корҳои пасту ноҷавонмардона даст зада, ҳеҷ аз нури ҳидоят баҳра намегирифтаанд. 

Онҳо дар ҳар давру замон пешонаи иззати худ пеши пойи бегонагон мениҳанд, то ба онҳо дар мубориза бар зидди мусулмонон дар диёри хеш кӯмак намоянд. Вале ба муҷарради он, ки миёни бародарони мусулмони худ мераванд, худро чун онҳо мусулмон нишон дода, чунин вонамуд мекунанд, ки Исломро аз ҳар чӣ бештар дӯсташ медоранд. Агар барои барҳам задани ягон ҳақиқати динӣ ва ё аз байн бурдани ягон намояндаи даъват фурсате ёбанд, ҳатман аз он истифода мекунанд ва ин кори худро бо даъвои он, ки андешаи диниро инкишоф медиҳанд ва динро аз душманони дохилӣ тоза мекунанд, рӯйпӯш менамоянд. 

Баъдан, ин амалкарди Паёмбар (с) далолат бар он мекунад, ки маконҳое, ки дар он маъсияти Худо анҷом дода мешавад, бояд вайрон карда шаванд. Агарчи ҳақиқати ҳоли ин гуна маконҳо аз назари мардум пинҳонанду зоҳиран аз он бӯйи хайру некӣ меоянд. 

Агар амалкарди Паёмбар (с) бо Масҷиди Зирор чунин бошад, пас он ҷойҳое, ки дар он шабу рӯз ба таври ошкору ҳамафаҳм ҷинояту гуноҳ содир мешавад, чи гуна муносибат бояд шаванд?!  Ҳазрати Умар (раз.) деҳаеро, ки онҷо арақ фурӯхта мешуд, ба тамом оташ зада буданд. Дӯкони Рувайшиди Сақафиро низ вайрон намуда, ӯро фувайсиқ номида буданд. Ин масъалаест, ки оид ба он миёни олимон ягон ихтилофе дида нашудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *