11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар заминларзаи Рашт 5 нафар, ки 4 нафарашон ноболиғанд, ҷон бохтаанд

Омори охирини зарар аз заминларза дар минтақаи Рашт эълон шуд.

Бино ба эъломияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар пайи заминларзаи 10-уми июл панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор наврас ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод ба 29 хона зарар расондааст. Аз ин 7 хона пурра ва боқӣ манзилҳо қисман хароб шудааст.

Заминларза инчунин 14 хонаро дар ноҳияи Рашт пурра хароб карда, ба манзили 131 нафар қисман осеб расондааст. Ба ҷуз аз ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт манзили як сокини ноҳияи Сангвор ҳам дар заминларза хароб шуда, хонаи як бошандаи дигари ноҳия қисман зарар дидааст.

Расонаҳои дохилӣ менависанд, ки аз ин иттилои бештаре аз минтақаи Рашт феълан дастрас нест, аммо сокинони офатзада дар гузашта борҳо аз дарёфт нашудани кумаки зарурӣ дар чунин вазъият шикоят карда буданд.

Заминларзаи сахт субҳи 10-уми июл бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистонро такон дод. Сокинон гуфтанд, ларзиши заминро дар Душанбе ҳам эҳсос карданд.

Ба иттилои бахши зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар 20-километрии маркази ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омадааст. Шиддати зилзила аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷа (бал) гуфта мешавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *