Ба навиштаи Майк Помпео, вазири хориҷаи пешини Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Ҳинд ва Покистон дар феврали 2019 то наздики як “оташафрӯзии ҳастаӣ” пеш рафтанд. Ҳинду Покистон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд.
Помпео дар китоби хотироташ, “Як зарра қадам ақиб нагузор: мубориза барои Амрикое, ки дӯст дорам” навишт “фикр намекунам, ки ҷаҳон ба дурустӣ бидонад, ки хусумати Ҳинд ва Покистон то чӣ ҳад ба як оташафрӯзии ҳастаӣ дар феврали 2019 наздик шуд. Ҳақиқат ин аст, ки ман ҳам ҷавобашро дақиқан намедонам, фақат медонам, ки хеле наздик буд.”
Ин таниш замоне иттифоқ афтод, ки Ҳинд пас аз ҳамла ба сарбозонаш дар Кашмир, ба шибҳинизомиён дар хоки Покистон ҳамлаи ҳавоӣ кард. Покистон гуфт ду ҷангандаи Ҳиндро сарнагун ва як халабонро асир кардааст.
Ҳар ду кишвар Ҳинд ва Покистон муддаии тамоми қаламрави Кашмир ҳастанд аммо фақат бахше аз онро дар ихтиёр доранд.
Ҳинд муддатҳост, ки Покистонро ба ҳимоят аз шибҳинизомиёни ҷудоиталаб дар дараи Кашмир муттаҳам мекунад. Исломобод инро такзиб мекунад.
Ин ду кишвари атомӣ аз замони истиқлоли Ҳинд аз Бритониё ва таҷзияи он дар соли 1947, се ҷанг бо ҳам доштаанд, ки ду ҷанг бар сари Кашмир будааст.
Помпео навишт, ҳаргиз он шаберо фаромӯш намекунад, ки дар Ҳаной дар иҷлоси сарон “дар ҳоли музокира бо Кореяи шимолӣ бар сари силоҳи ҳастаӣ” буд, ки “Ҳинд ва Покистон шурӯъ ба таҳдиди якдигар” бар сари “минтақаи марзи шимоли Кашмир карданд”.
Пас аз ҳамла ба сарбозони ҳинде, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 40 нафар шуд ва ба таъбири Помпео “як ҳамлаи террористии исломгароёна” буд, “ки эҳтимолан то ҳадде ба далели сиёсатҳои зиддитерористии заифи Покистон муяссар шуд”, Ҳинд бо ҳамлаи ҳавоӣ дар дохили Покистон посух дод. Покистон дар даргирии як ҳавопаймои Ҳиндро сарнагун кард ва халбонашро ба асорат гирифт.
Помпео менависад ӯро дар Ҳаной бедор карданд то бо як “ҳамтои ҳиндӣ” , ки номаш зикр нашудааст, сӯҳбат кунад:
“Ӯ мӯътақид буд покистониҳо даст ба кори омодасозии таслиҳоти ҳастаии худ барои ҳамла шудаанд. Ў ба ман иттилоъ дод, ки Ҳинд ҳам ба омодасозии худаш фикр мекунад.”
“Ман аз ӯ хостам коре накунад ва ба мо фурсати кӯтоҳе бидиҳад то масоилро ҳалу фасл кунем.”
Помпео менависад, ки бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии вақт, ки ҳамроҳ бо ӯ “дар утоқаки иртиботи амн дар ҳотел”-и маҳалли иқоматашон буд, даст ба кор шуданд.
Ӯ мегӯяд бо генерал Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи вақти артиши Покистон, ки “борҳо бо ӯ сӯҳбат карда будам” тамос гирифтам ва ба ӯ гуфтам “ҳиндиҳо ба ман чӣ гуфтаанд.”
“Ӯ гуфт, ки ин дуруст нест. Ҳамон тавр, ки метавон интизор дошт, ӯ мӯътақид буд, ки ин ҳиндиҳо ҳастанд, ки силоҳҳои ҳастаии худро барои истиқрор омода мекунанд. Чанд соат тӯл кашид ва бо кори бисёр хубе, ки тимҳои мо дар Деҳлии нав ва Исломобод анҷом доданд тавонистем ду тарафро мутақоид кунем, ки тарафи муқобил барои ҷанги ҳастаӣ омода намешавад.”
Помпео менависад: “ҳеҷ кишвари дигаре кореро, ки мо он шаб барои ҷилавгирӣ аз як паёмади ваҳшатнок кардем, анҷом намедод.”
Масъулияти ҳамлаи соли 2019 ба сарбозони ҳиндиро як гурӯҳ шибҳинизомии мустақар дар Покистон, мавсум ба “Ҷайши Муҳаммад”, бар ӯҳда гирифт. Ҳинд аҳд карда буд, ки интиқом бигирад.
Ҳамалоти ҳавоии Ҳинд дар саросари хатти контрол, хатти марзие, ки қаламрави Ҳинду Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад, аввалин ҳамалот пас аз ҷанги соли 1971 буд.
Ҳинд гуфт дар он ҳамалот иддаи зиёде аз шибҳинизомиёнро куштааст. Покистон ин изҳоротро “ғайримасъулона” донист.