Дар пайи ҳудуди ду ҳафта тазоҳуроти мардумӣ дар Лубнон Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири ин кишвар, эълом кард аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Шуморе аз тарафдорони Ҳизбуллоҳ бо ботум ба мӯътаризон дар Бейрут ҳамла карда ва чодарҳои онҳоро оташ задаанд.
Пас аз ҳудуди ду ҳафта эътирозоти мардумӣ дар Бейрут ва ҷануби Лубнон, Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири ин кишвар, дар конфронси хабарӣ дар рӯзи сешанбе 29 октябр, ки ба таври зинда аз телевизиони Лубнон пахш шуд, эълом кард имрӯз истеъфояшро тақдими раисҷумҳур ин кишвар, Мишел Наим Аун хоҳад кард.
Ҳарирӣ дар ин суханронии кӯтоҳ эълом кард, ки истеъфои ӯ дар пайи дархости мӯътаризон сурат мегирад. Ў афзуд, ки хостаи мардум ва наҷоти Лубнон аз фурӯпошӣ барои вай авлавият доранд.
Сешанбе, дар сездаҳумин рӯз аз эътирозоти зидди давлатӣ дар Лубнон, садҳо тарафдори гурӯҳи шибҳинизомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба чодарҳое, ки мӯътаризон дар маркази Бейрут барпо карда буданд, ҳамла карданд.
Раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон нисбат ба фурӯпошии Лубнон ҳушдор дод ва гуфт, ки идомаи эътирозҳо мумкин аст ба як ҷанги дохили дигар дар Лубнон мунтаҳӣ шавад
Ӯ аз эътирозоти мардум қадрдонӣ кард вале афзуд, ки бояд ҷилави “халоъи хатарноки қудрат”-ро гирифт. Ў ҳамчунин таъкид кард, ки аз ислоҳоти иқтисодие, ки Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, тасвиб карда ҳимоят мекунад.
Эътирозоти мардуми Лубнон нисбат ба “фасоди молии ҳокимон”
Шаҳрҳои мухталифи Лубнон наздик ба ду ҳафтааст, ки саҳнаи тазоҳуроти зидди давлатӣ ва саҳнаҳое ғайри мунтазира аз ибрози хашми шаҳрвандони лубнонӣ аст нисбат ба он чи онон фасоди густурдаи давлатӣ медонанд.
Тазоҳуркунандагон сиёсатмадорониро, ки пас аз ҷанг дохилии Лубнон дар фосилаи солҳои 1975 то 1990 бар сари кор омадаанд “нокормад ва фосид” тавсиф мекунанд.
Афзоиши молиётҳо ва ба вижа талаби андоз барои истифода аз эпликейшни вотсап барои тамосҳои телефонӣ, боис эҷоди мавҷи ҷадиди эътирозот дар Лубнон шуд.
Талоши Саъд Ҳарирӣ ва эъломи канорагирии шуморе аз вазирони давлати Лубнон то кунун натавониста хашми мӯътаризонро фурӯ нишонад ва онҳо ҳамчунон дар тазоҳуроте дар Бейрут ва ҷануби Лубнон хостори барканории давлат ва интихоботи муҷаддад ҳастанд.
Раисҷумҳури Лубнон бо интишори баёнияе эълом карда, ки истеъфои Ал-Ҳарирӣ бар асоси банди нахусти модаи 69 қонуни асосии ин кишвар пазируфта шудааст.