Душанбе ҳаргиз ва бо ҳеҷ кишваре созишнома оиди истифодаи якҷояи фурӯдгоҳи Айнӣ имзо накрадааст. Фурӯдгоҳ бидуни истисно моли Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин бора “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, овозаҳое, ки баъзе ВАО-и хориҷӣ дар бораи истифодаи якҷояи фруӯдгоҳи ҳарбии “Айнӣ” бо Русия, Ҳинд ё ҳар кишвари дигаре паҳн кардаанд, ҳеҷ асосе надоранд.
“Тибқи шартномаҳои мавҷуда, ин фурӯдгоҳ метавонад дар ҷараёни гузаронидани машқҳои ҳарбии якҷоя бо кишварҳои узви СПАД ё нерӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷиикстон истифода шавад, на бештар аз ин” — изҳор кардаанд дар мақомоти дифоъӣ.
Соли 2002 Ҳинду Тоҷикистон шартнома дар бораи таъмири фурӯдгоҳи ҳарбии “Айнӣ”, воқеъ дар 25 километрии Душанбе ба имзо расониданд. Русияву ИМА ҳам солҳои мухталиф дархостҳое барои иҷораи фурӯдгоҳ карда буданд.
Соли 2007 Ҳинд бо маблағи худаш ангарҳо ва манораи идоракунии ҳаракати ҳавоиро таъмир кард ва хати парвозу нишастро то 3,2 километр дарозтар намуд.