Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду кампин роҳандозӣ шудааст, ки ба болоравии нархи симкорт ва қонуншиканиҳои Бег Сабурӣ, раҳбари Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Кампини аввал ба таҳрими якрӯзаи симкортҳои Тоҷикистон даъват мешавад. Роҳандозони ин кампин аз мардуми кишвар даъват кардаанд 31 август барои як рӯз аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон даст кашанд. Аммо гуфта шудааст таҳрими якрӯза барои огоҳӣ аст ва дар сурати қабул нашудани талаб, чораҳои дигар андешида мешаванд.
Матни ин даъват ба шакли зер аст:
НЕ!!! Ба симкорти 250 сомона. Ва барои вазире чун Бег Сабурӣ
Ҳамватани азиз!
Биё, боре садоямонро баланд кунем! Биё як бор бигӯем, ки МО РОЗӢ НЕСТЕМ! МАН, ТУ, Ӯ бояд МО шавем ва бигӯем МО РОЗӢ НЕСТЕМ!
Ҳеҷ кас, на Хадамоти алоқа, на Вазорати умури хориҷа, на Кумитаи амният ва на давлат ҳақи боло бурдани нархи симкортро надорад! Симкорт дар ҳама ҷои дунё бепул аст! Ва дар Тоҷикистон ҳам бояд бепул бошад!
Танҳо МО метавонем ба ин қонуншикании мақомот роҳ надиҳем. Биёед барои огоҳӣ ҳамакаса як рӯз аз истифодаи симкорт даст кашем. Агар талаби моро қабул накарданд, чораҳои дигаре бияндешем.
ИНАК! Биёед рӯзи 31 августро рӯзи Бойкоти симкарт эълон кунем. Ва дар ин рӯз аз истифодаи он даст кашем. Дар ин рӯз аз истифодаи симкортҳо, аз хариди он, аз пул гузаронидан ба суратҳисоб якҷоя худдорӣ кунем. Онҳое, ки дар хориҷ қарор доранд, бикӯшанд то дар ин рӯз ба Тоҷикистон занг назананд.
31 АВГУСТ
БОЙКОТИ САРОСАРИИ СИМКОРТҲОИ ТОҶИКИСТОН
Аммо кампини дигар ҷамъоварии имзо алайҳи болоравии нархҳо нархи симкорт, гази табиию бензин (бо ташаббуси “Фароз” ва “Газпромнафт-Тоҷикистон”), нархи билети ҳавопаймо (“Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”), нархи энержии барқӣ (“Барқи тоҷик”), беасос таъин кардани ҷаримаи гӯшношунид барои таҳияи дастархони идона, беасос боло бурдани чандин хидматгузориҳои тиббӣ (боз ҳам “Фароз”), беасос маҳрум кардани мардуми кишвар аз хидматгузории пешпардохтшудаи Интернет (Хадамоти алоқа) мебошад, ки дар сомонаи change.org роҳандозӣ шудааст.
Дастандаркорони ин кампин талаб кардаанд:
— ба худсариҳои ниҳоду ширкатҳои давлатӣ ва сӯиистифодаи афроди манфиатхоҳ, пеш аз ҳама Раиси Хадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур хотима дода шавад;
— гузориши раҳбарони ширкатҳои инҳисории “Фароз” ва “Газпромнафт-Тоҷикистон” дар ҷаласаи кушодаи парлумон ҳатман шунида шавад;
— асосномаи иқтисодии нархи билети ҳавопаймо аз ҷониби ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон-Эйр” дар ВАО ҳатман нашр гардад;
— асосномаи иқтисодии нархи энержии барқӣ ҳамасола ҳатман дар ВАО нашр гардад;
— ҳайатҳои ҳақиқатёби ҳукуматию ҷамъиятӣ таҳия шуда, ташхиси ҷамъиятии чунин амал ва ташаббусҳои муҳим ба роҳ монда шавад;
— дар сомонаи Президенти Тоҷикистон, сомонаҳои расмии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат имкони таҳия ва имзо кардани фарохонҳо аз ҷониби шаҳрвандони кишвар, ҳамчун василаи муҳими иртибот бо мардум ва пиёда кардани ташаббусҳои мардумӣ фароҳам оварда шавад.
Ин фарохонро то ҳол беш аз 100 нафар имзо кардаанд.
Дар ҳамин сомона боз як кампини дигар бо талаби манъи болобарии нархи симкорт ва истиъефои Бег Сабурӣ роҳандозӣ гаштааст. Дар он матни муроҷиати сокинони Панҷакент ба раисҷумҳур нашр шудааст, ки аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд пеши роҳи болобарии нархи симкортро гирифта, Бег Сабуриро ба истеъфо фиристад.
Аммо чанд нафар ба матни ин фарохон эътироз карда гуфтаанд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон “Пешвои миллат” гуфта шудааст, бинобар ин ба он имзо нахоҳанд кард.