Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр кард фаъолияти устоҳои хатнагар пурра манъ карда шавад. Минбаъд танҳо ҷарроҳон дар муассисаҳои тиббӣ ҳақи хатна кардани кӯдаконро доранд.
Ӯ гуфт дар дар муассисаҳои тиббӣ ҳуҷраҳои махсус барои хатна ва ҳуҷраҳои модару кӯдак таъсис дода шуда, ба таври ройгон фаъолият мекунанд ва минбаъд бояд волидон танҳо аз хидмати онҳо истифода баранд. Ҳадаф аз ин тасмимро ӯ “пешгирӣ аз паҳн шудани бемориҳои сироятӣ” номид:
«Бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо супориш дода мешавад, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад», — гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ин амри Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ҳеҷ ҳодисаи сирояти кӯдакон аз дасти устоҳои хатнагар расонаӣ нашудааст. Баръакс, ҳолатҳои аз дасти ҷарроҳони бетаҷриба маъюб шудани кӯдакон баъди хатна зиёд мушоҳида мешавад.
Абдулло Давлатов, табиби маъруфи тоҷик, ки дар Маскав кору фаъолият мекунад, дар вокуниш ба ин амр навиштааст “ман, ҳамчун духтур бо қатъият мегӯям, ки ҳар нафаре писарашро дӯст дорад, ҳатман барои хатна кардани дилбандашон ё духтури касбӣ, ки аз ин мактаби махсус гузаштааст ва ё УСТОи «пушт»-дорро даъват кунад! Шоҳидӣ медиҳам, ки фалаҷкории духтуронро дар ин самт дидаам, аммо ҳаромкории устоҳои «пушт»-иро не!
Ба наздикӣ аз дасти як духтури дипломдор дар Маскав тифле азият кашида буд. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигор гуфта будам, ки устоҳои хатна ҳастанд, ки хеле моҳирона ин корро анҷом медиҳанд!”
Ин тасмими раисҷумҳури Тоҷикистон анъанаи беш аз ҳазорсолаи тоҷикиро, ки устоҳои хатнагар пушт ба пушт меоянд, барҳам зада, ҳазорҳо нафарро аз як бурда нон маҳрум хоҳад кард.
Ғолибан дар паи манъи кору фаъолияте аз тарафи раисҷумҳур, яке аз аъзои оилаи ӯ онро ба тиҷорат табдил медиҳад. Баъид нест, ки ба зудӣ ҳуҷраҳои махсуси хатнакунӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба “Фароз” таъаллуқ гирад.
Ҳоло ин ширкати домоди раисҷумҳур муоинаи тиббӣ барои гирифтани маълумотномаҳоро инҳисорӣ кардааст. Аммо бештари вақт маълумотномаҳо бидуни ҳеҷ муоинае танҳо бо пардохти маблағ дода мешаванд.