Кумитаи андози Тоҷикистон барои ишғоли 102 мансаб дар сохторҳои ин ниҳод озмун эълон кардааст. Маъош вобаста ба вазифаи ишғолмекарда аз 546 то 1983 сомониро ташкил медиҳад.
Кумитаи андози Тоҷикистон барои эълон кардааст ба дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳояш дар Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Роғун, Файзобод, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон, Хоруғ ва Мурғоб коргар меҷӯяд.
Тибқи эълони ин кумита, сардори раёсати андоз аз 1800 то 1983 сомонӣ, муовини сардори раёсат аз 1475 то 1630 сомонӣ, сардори нозироти андоз дар ноҳияҳо — 1095 сомонӣ, сардори нозироти андоз дар шаҳрҳо — 1151 сомонӣ, сардори нозироти андозсупорандагони калону миёна — 1889 сомонӣ маош мегиранд.
Маоши мутахассисони кумита бошад аз 546 то 665 сомонӣ, мутахассиси пешбар аз 665 то 806 сомонӣ ва сармутахассис аз 811 то 988 сомонро ташкил медиҳад.
«Озмун соати 8:00 рӯзи 20-уми сентябр баргузор мегардад. Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 17 сентябр дар бинои Кумитаи андоз, шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 қабул карда мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Дар ҳамин ҳол, кормандони ин ниҳод зиндагии пуррифоҳеро соҳибанд ва сардорони раёсату нозироти андоз аз қасру кӯшк ҳам бенасиб нестанд.