Рубрики Хабарҳо

Ҷаннатуллоҳи Комил: ҲХДТ як гурӯҳи мафиёист, на ҳизб

Ӯ зодаи Данғара аст. Бо ин ҷуғрофиё ва донишу заковате, ки дорад, метавонист ба мансабу мақомҳои баланде дар кишвар бирасад. Вале ӯ ҷои интихоби мақому мансаб, муборизаро интихоб кардааст. Ва шояд азиятдидатарин нафар дар кишвар бошад. 26 сол аст, ки таъқибу шиканҷа алайҳи хонаводааш қатъ нашудааст.

Падару бародар, додару хоҳар ва беш аз бист наздикону бастагонашро куштаанд, як бародарашро соли 2002 ба 25 соли зиндон ва бародари дигарашро ҳафтае қабл ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Бародару хоҳарони дигараш пайваста зери таъқибу фишори мақомот қарор доранд ва ҳафтае нест, ки ба шӯъбаҳои амнияту пулис даъват нашаванд. Замину дороияшонро ҳам мусодира кардаанд.

Модараш баъди таъқибу озори зиёди мақомот бемор шуд ва боре пас аз баргаштан ва идораи амният, ки озори зиёдаш дода буданд, бар асари фишори баланди хун аз дунё чашм пӯшид.

Ҷаннатуллоҳ мегӯяд ҳаргиз даст аз мубориза бо намрӯдону фиръавнони аср нахоҳад бардошт ва онро аз вазоифи имонии худ медонад.

— Бародари бузургатон, ки ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд, чӣ иттиҳоме алайҳаш доштанд?

—  Яке аз иттиҳомҳое, ки ба бародарам Комилов Раҷабалӣ бастанд, ин аст, ки гӯё солҳои 92-98 марзро ғайриқонунӣ убур кардааст. Ҳамчунин ӯро ба узвият дар ҲНИТ муттаҳам карданд, аммо ӯ баьд аз соли 2002 аслан ба ҳеҷ коре машғул набуд ва аз корҳои сиёсӣ умуман дур буд. Алайҳи ӯ хамон солҳо парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд ва аслан имкони озод гаштанро надошт.

— Иттиҳоми бародари дигаратон, ки гуфтед ба 25 сол маҳкум шудааст чӣ буд?

— Бародари дигарам Комилов Фатҳуллоҳ, ки аз соли 2002 то ба ҳол дар зиндон аст, бо моддаҳои зерин гунаҳгор шудааст: табаддулоти давлатӣ, хиёнат ба ватан, убури марз, куштор ва ғайра, ки ҳеҷ яке аз ин иттиҳомҳо воқеият надошта, аз ҳақиқа фарсахҳо дур мебошанд. Асл душмании шахсии Фронти халқӣ бо бародарам ва умуман хонаводаи мо аст. Бародарам Фатҳулло мухолифи ҳукумат ва аз размандагони ИНОТ буд. Бинобар ин ӯро бо ин иттиҳомҳо зиндон карданд. Ҳарчанд тибқи банди 22-юми Созишномаи сулҳ, тамоми размандагони собиқ аз ҷавобгарии ҷиноӣ бояд озод мешуданд.

Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.  (Санади ҳамдигарбахшӣ, Москва, 10.07.1997 № 001)

— Бинобар ин ки падаратон замони хурдсолии шумо кушта шуда буд, ин ду бародаратон шояд кӯшидаанд ҷои ӯро дар зиндагии шумо бигиранд?

— Бале, ин ду бародарам барои ман ва дигар аҳл оила махсусан фарзандони бародари шаҳидам чун падар буданд ва ҳамеша кӯшишу талош мекарданд то бародарони хурдашон ва фарзандони бародари шаҳидам эҳсоси бепадариро накунанд.

— Шумо чӣ гуна ба ҳизби мухолиф пайвастед?

 — Банда ба ихтиёри худам, баъд аз хатми донишгоҳи миллӣ ва баъди шиносоии комил бо барномаву фаъолиятҳои ҲНИТ пайдо крадан, расман узви ҲНИТ шудам. Дар донишгох моро маҷбуран узви ҲХДТ карда буданд ва ба хотири хориҷ нашудан аз донишгоҳ бештари доришҷӯён кӯркӯрона ба аризаи омодакардаи садорати факулта имзо мекарданд. Аз ҳамон замон ва бо дидани ҳама қуноншиканиҳо аз ҷониби аъзои ҲХДТ, ман ба ин назар ҳастам, ки ҳизби ҳоким ҳизб нест, балки гурӯҳе аз мафиёбозон мебошанд, ки худро дар парчами ҳизби сиёсӣ дарлвардаанд. ва аслан барномаи мушаххасе барои ояндаи кишвару миллат надоранд.

— Волидону наздикони шумо ба чӣ кор машғул буданд ва оё вориди сиёсат буданд?

Падару бародаронаи хама замони шурави машгули кори давлати буданд яьне кори хочагидори то солхои чанг. Баьди чанг бародарони бузургам шугли озод дрштанд. бештари наздиконам ба корхои сохибкори ва зиндаги одиро доро мебошанд. Ва аз сиёсат дур буданд.

— Шумо, ки аз Данғара ҳастед, агар “интихоби дурусти” ҳизбро мекардед, шояд карераи хубе медоштед. Чаро аз ин мавқеъият истифода накардед?

На, бояд гуфт, 90 % мардуми Данғара аз корҳо ва сиёсати имрузаи ҳукумат шадидан норозӣ мебошанд ва инро банда дар фаъолиятҳои интихоботии соли 2015, ки аз тарафи бахши ҲНИТ дар Дангара номзадиамро ба вакилии парлумон пешниҳод карда будам, бо чашми худ дидаму ҳис кардам. Даҳҳо ҷавонони босалоҳияти Данғараро медонам ки дар зиндон мебошанд.

— Чӣ гуна муваффақ ба тарки кишвар шудед?

— Баьди он ки ба хотири даст накашиданам аз номзадӣ ба вакилии МО ва давом додани фаъолиятҳои сиёсиям парвандаи ҷиноӣ боз карданд, бо роҳи заминӣ ва бидуни касеро аз он огоҳ кардан, кишварро ба самти Қиргизистон тарк кардам.

Фарзандони Ҷаннатуллоҳ бо аксҳои Ҳамза Тиллозода

— Кадоме аз наздиконатон дар кишвар боқӣ монданд ва ба сарашон чӣ омад?

— Ба чуз ман дигар ҳама аз наздиконам дар дохил мебошанд. Ду бародарамро зиндонӣ карда, боқӣ бародарону хоҳаронам ҳамеша аз ҷониби шӯъбаҳои ВКД  ва Кумитаи амният зери таъқибу фишор ва бозпурсӣ қарор мегиранд. Тақрибан моҳе нест, ки яке аз бародаронамро ба амният ё шӯъбаи дохилӣ даьват накунанд. Дар ҳамин ду моҳи охир бародарам Комилов Зубайдуллоҳро қариб даҳ маротиба ба шӯъбаҳои амнияту ВКД бурда, барои фаъолиятҳои сиёсии ман бозпурсӣ кардаанд.

— Дар бораи марги модаратон чӣ гуна иттилоъ ёфтед ва ҳолатон чӣ гуна буд?

— Аз марги модарам ба воситаи ҳамдеҳагонам, ки дар Русия ҳастанд огоҳ шудам. Ростӣ, он руз бароям сиёхтарин рӯз аст, ки фаромуш карда наметавонам. Ҳатто нагузоштанд, ки ҷанозаи модрамро акс гирифта, ба ман равон кунанд. Телефонҳоро дар рӯзи ҷаноза аз дасташон гирифта буданд ва ба хотири аксбардорӣ аз ҷанозаи модарам, се ҷиянамро ба амният бурда буданд. Модарам хеле ранҷу азият дида буд аз дасти ин ҳукуматдорон. Тасаввур кунед шавхар, ду писар, як духтар, амак ва чор амакписарашро куштанд. Сипас як фарзандашро бо тӯҳмат 25 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Соли 2016 пеш аз конфронси Варшава чандин нафарро ҷамъ намуда ба дари хонаи мо бурдад, то ба модари пир ва беморам фишор оранд. Ба ин ҳам иктифо накарда чанд рӯз баьд, шабона 6-8 нафар аз коркунони амният ва пулиси минтақа ба хонаи мо ворид шуда, аз модару бародаронам алайҳи ман филмбардорӣ карданд ва ин кор чанд бори дигар ҳам такрор шудааст.

Тасаввур кунед, ки модарам барои бемории фишори хун ва бемории дил ба шаҳри Душанбе барои табобат рафта буд, ба воситаи бародарам фишор оварданд, то модарам ба деха баргардад, то яке аз кишвар баромада наравад.

Қабл аз конфронси Дортмунд ба хотири он ки ман аз ширкат дар конфронс даст накашидам, фишор болои модарам ва хонавода зиёд мешуд, бародарам Комилов Зубайдуллоҳро 2 рӯз боздошт карданд ва омада ба модарам ва дигар аҳли хонавода таҳдид кардаанд, ки агар фарзандатон Ҷаннатуллоҳ даст накашад хонаатонро аз дастатон мегирем ва дигар фарзандҳоятро низ зиндонӣ мекунем. Ва чунин ҳам карданд. Ҳатто  бародари зиндониям хам аз таҳдиду фишорхои онҳо дар амон набуд. Ӯ ки солҳо дар зиндон аст, аммо боз ҳам ба наздаш рафта бозпурсияш мекарданд.

— Аз хоҳару бародаронтаон мақомот чӣ мехоҳанд?

— Дархости мақомот аз онҳо ин аст, ки ба ман гӯянд то аз фаъолиятхои сиёсиям даст кашам ва танқиде ба ҳукумат надошта бошам.

— Оё шиканҷаҳои ҷисмонӣ ҳам алайҳашон истифода шудааст?

— Бале алайҳи ҳардуи бародари зиндониям шиканчаҳои ҷисмонӣ сурат гирифтааст.

Бародарам, ки ду моҳ пеш боздошт шуда буд, муддати як моҳ дар СИЗО-и амнияти Кӯлоб нигоҳ дошта мешуд ва онҷо шадидан мавриди шиканҷа қарор гирифта буд.

Ва бародари дигарам ки соли 2002 боздошт шуда буд, шиканҷааш боз бештар буд ва он солҳо дигар ба ҳама маьлум аст. Фақат як шиканҷаашро инҷо қайд мекунам, дигар худи хонанда хулоса барорад: ӯро  муддати 10-15 рӯз ҳамеша бо қувваи барқ шиканҷа медоданд.

Аммо дар бораи шиканҷа ба дигар бародаронам, ки ҳамеша ва паёпай ба амнияту ВКД даьваташон мекунанд, бештар равонӣ ба онхо фишор меоранд ва то ҷое, ки ман медонам, то хол аз шиканҷаи ҷисмонӣ алайхашон кор нагирифтаанд.

— Чаро шумо аз ҳизб намеравед, то наздиконатон аз таъқиби мақомот наҷот ёбанд?

— Чуноне, ки Паёмбар (с) мефармояд мусалмон набояд аз як сӯрохӣ дубор газида шавад. Бо рафтани ман аз ҳизб ва ё ба ватан баргаштанам, наздикон ва худамро аз таъқиби ин режим начот намедиҳад. Ин режиме ки ба ҳеҷ як меъёрҳои инсонӣ пойбанд нест, аз кучо ба ваъда ва ҳарфҳои мегуфтагияш пойбанд бошад. Соли 1997 ҳама бо ин бовар, ки сулҳ шуду якдигарро бахшидем ба ватан баргаштанд, аммо дере нагузашта режим ба шикори мухолифини собиқи худ огоз карду ба ҳеҷ як аҳду паймони худ пойдор наистод ва аз ҳама мухолифини худ бо ҳар роҳе қасосашро гирифт. Барои боқимондаи мухолифин то ба ҳол ин сиёсаташро давом медихад.

Аз ҷумла вақте бародарони ман ҳам баъд аз созишномаи сулҳ ба ватан баргаштанду сулҳ карданд ва ҳатто сулҳ гуфта, аз касоне, ки дар куштори падару бародар ва наздиконам даст доштанд, қасос нагирифтанд, бо гузашти ҳамагӣ гузашти ду-се сол алайҳи бародарони ман бо иттиҳомоти сохта парванда боз карданд ва билохира онҳоро аввалан бо тӯҳматҳои сохтаву бофта ва сониян бо он тӯҳматҳое ки ҳамааш вобаста ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, дастгир ва зиндонӣ карданд.

Ман муборизаи сиёсии худ ва роҳи интихобнамудаамро ҳеҷ гоҳ тарк намекунам, зеро эътиқод дорам ки мубориза барои озодии миллат аз намрӯдсифатону фиръавниён беҳтарин ибодат ба ҳисоб рафта, сухани ҳақ ва мубориза бар алайҳи золим ва диктатор фарз ва воҷиб мебошад.

Пеш аз он ки мо аз ҳизбу мубориза даст бикашем беҳтар аст, ки ҳукуматдорони имрӯзаи кишвар аз зулму ситами худ даст бикашанду, аз сари қудрат канор раванд, то мардум битавонад озодона зиндагӣ кунанд.

Фарзандонатон ба чӣ машғуланд?

— Фарзандонам машғули таьлим мебошанд, писарам Умарҷон синфи ду меравад. Фишорҳое ки болои хонавода меоранд, ҳатто ба кӯдаконам ҳам таьсир расондааст. Онҳо ҳамеша қайд мекунанд ки бобо ва момаамонро чаро куштанд, чаро амакҳоямро зиндонӣ мекунанд, мо калон шавем золимҳоро ҷазо медихем.

— Ҳиҷрат чӣ таъсире ба онҳо гузоштааст?

— Албатта дар кӯдакӣ аз наздикон дур шудан хело душвор аст. Худам ки муддати 10 сол аз модару бародаронам дур шуда будам, инро хуб эҳсос мекунам.

— Ба Шумо чӣ чизе тавони истодагарӣ дар роҳатонро медиҳад?

— Вақте ки инсон иродаи қавӣ, имони росих дораду ҳадафаш хидмат ба миллату ватан бошад, бо он ки таҳаммули ин ҳама фишорҳои номардонаи ҳукумат хеле душвор аст, аммо бо кӯмаки илоҳӣ таҳаммул мекунад.

Ҳар вақт мушкилие болоям меояд, зиндагии Паёмбар (с) ва асҳоби поки ӯро пеши назар меорам.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *