Додгоҳе дар Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар марги варзишгари рус Сергей Чуев айбдор шуда буданд, аз чаҳор то ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав рӯзи 29-ми июн содир кардааст.
Ҷумъа Сафаров, падари Фаридун Сафаров яке аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтааст, додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав рӯзи панҷшанбе дар мурофиаи ниҳоӣ писари ӯ Фаридун Сафаровро ба ҳафтунимсоли зиндон маҳкум кард. Вай гуфт, ду нафари дигар чорсолӣ ва 3 нафари боқӣ чорунимсолӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҷумъа Сафаров афзуд, аз ҳукми содиркардаи догоҳ розӣ нест, ҳоло бо вакили дифоъ машварат дорад ва ният доранд аз болои ҳукми додгоҳи Зюзино ба зинаҳои болии додгоҳҳои Русия шикоят баранд. Фаридун Сафаров, бо моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия- “Амале, ки барои беэҳтиётӣ ба марги инсон шуд” гунаҳкор дониста шуд. Ин моддаи қонуни ҷиноии Русия то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамроҳони Сафаров бо ҷурми дигар “авбошии гуруҳӣ” муҷрим шинохта шуданд.
Маҳкумшудаҳо Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода – сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳастанд. Онҳо таи ду соли ахир дар боздоштгоҳи муввақат нигоҳ дошта мешуданд ва мурофиаи додгоҳӣ бо назардошти хуруҷи бемории COVID-19 ба таъхир афтода буд.