Рубрики Хабарҳо

Далер Шарифов озод шуд

Далер Шарифов рӯзноманигори тоҷик аз зиндон раҳо шуд. Ӯ соли гузашта барои як сол равонаи зиндон шуда буд,.

Тибқи иттилои расонаҳо ӯро субҳи барвақти имрӯз  маъмурини зиндон ба хона бурда мондаанд.

Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Номи  Далер Шарифов миёни 378 маҳбусе, ки бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони президенти дигарбора интихобшуда, бахшида шуда буданд, зикр нагардида буд. Бинобар ин, ӯ боз се моҳи дигар дар зиндон монд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *