Рубрики Хабарҳо

«Роҳи Абрешим”: доме барои кишварҳои қарздор аз Чин

Хабаргузории «Liberation»-и Фаронса бо нашри як гузориши Сандуқи байналмилалии пул ва чанд созмону марказҳои таҳлилӣ, лоиҳаи инфраструктурии «Роҳи Абрешим»-и Чинро барои кишварҳои қарзгиранда хеле хатарнок арзёби намуда, ҳашт кишварро ҳушдор додааст, ки худро аз чоҳи қарз наҷот диҳанд. Дар гузориш омадааст, ки сарнавишити Шри-Ланка он кишварҳоро интизор аст. Шри-Ланка соли 2017 маҷбур шуд дар ивази қарзҳояш  бандари Хамбанотаро барои 99 сол дар ихтиёри Чин бигузорад.

Тоҷикистон ҳам шомили ин рӯйхат аст.

Паём тасмим гирифт тарҷумаи мақолаи Liberation-ро пешкаши хонандагон кунад:

Афзоиши қарзҳои кишварҳое шомили лоиҳаи инфрасохтории «Роҳи Абрешим», ки тавассути Пекин роҳандози шудааст аз ин кишвар, Сандуқи байналмилалии пулро нигарон кардааст Коршиносони Сандуқ ба ин назарнд, ки қарзҳо боиси исёни мардумӣ дар бархе аз ин кишварҳо хоҳад шуд.

Тобистони соли 2013, раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпинг бо ин тарҳ бунёди бандарҳо, роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан дар саросари Осиё, Африқо ва Аврупоро, бо даҳҳо миллиард доллар оғоз бахшид.

Баъди панҷ сол тарҳи «Роҳи Абрешим» зери танқид ва нигаронӣ қарор мегирад, зеро Пекин ба истифодаи нерӯи молиявии худ барои васеъ кардани таъсири  худ дар масири ин роҳ айбдор карда мешавад.

«Ин як клуби чинӣ нест!» гуфт, раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпинг рӯзи душанбе дар ҷашни «Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд».

Аммо дар ҳоле, ки ба ин лоиҳа қариб 70 кишвар шомил ва сармоягузор аст, аксарияти сармоягузориҳо аз тарафи ширкатҳои чинӣ анҷом мешаванд.

Ба гуфтаи Пекин, сармоягузориҳои мустақими панҷсолаи ин «ғӯли Осиё» ба кишварҳо зиёда аз 60 милиорд долар аст ва арзиши лоиҳаҳое, ки ширкатҳти чинӣ қарордод доранд, бештар аз 500 милиард доллар мебошад.

Бастагии иқтисодии кишварҳо бояд қатъ кард

Малайзия се лоиҳаи роҳи оҳанро, ки 20 миллиард доллар арзиш дошт, бекор кард ва гуфт, ин кишвар бо қарзи 250 миллиард доллар наметавонад ба онҳо маблағгузорӣ кунад. «Мо наметавонем ин лоиҳаҳоро бозпардохт кунем» гуфт, Сарвазири кишвар Маҳатҳир Муҳаммад.

Ин ҳам сарнавишти Шри-Лонко: пас аз гирифтани қарз ба миқдоии 1 милиaрду 400 милюн долар аз Пекин, Шри-Лонко маҷбур шуд як бандарашро ба муҳлати 99 сол ба Чин бидиҳад.

Бори сангинӣ молӣ

Сандуқи байналмилалии пул (IMF) ҳушдор медиҳад, ки: «ин мушорикатҳо метавонад мунҷар ба мушкили зиёдшавии қарзҳо шавад ва вақте, ки уҳдадориҳои қарзӣ бештар мешавад хароҷоти дигарро афзоиш диҳад. Ин ғизои ройгон нест» — гуфта буд, роҳбари СБП Кристин Лагард дар моди апрел.

Муовини роҳбари ширкати пуриқтидори чинӣ (NDRC) Нинг Ҷизҳ рӯзи душанбе «қотеъона» аз лоиҳаи Роҳи Абрешим қадрдонӣ намуда гуфт: «аммо ин давлатҳо аллакай аз дигар кишаарҳо қарздор буданд».

Ба гузориши маркази таҳлилӣ ва таҳқиқотии «Маркази ҷаҳонӣ оид ба рушд» (Center for Global Development) Роҳи абрешим «ба таври назаррас» хавфи сар задани садамаҳои хеле бузургро ба ин кишварҳои қарздор: Муғулистон, Лаос, Малдиви, Черногория, Покистон, Ҷибути, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуҷуд меоварад..

Покистон, ки бо як лоиҳаи азими 54 миллиорд доларӣ бо Чин барои бандари Гвадар пайвандӣ дорад, дар маърази варшикастаги қарор дорад ва чашм ба рӯи кумакҳои Сандуқи Байналмилалии Пул мебошад.

Нахуствазири ҷадидӣ Покистон, Имрон Хон, хостори «шафофият» дар қарордодҳое аст, ки қаблан имзо шудаанд

Бо вуҷуди ин, Чин қарзро бо доллари амрикоӣ медиҳад ва ин боис мешавад, ки Покистон ба дунболи дарёфти муколамаи баланди тиҷорӣ барои бозпардохти онҳо бошад, дар ҳоле, ки захираҳои асъории он боқӣ намондааст.

«Ағлаб қарзҳои Чин — трактор, таҳвили ангиштсанг ва хидматрасониҳои муҳандисӣ ҳастанд, аммо бояд бо долари амрикоӣ пардохт шаванд», — мегуяд Анн Стивенсон Янг, муҳаққиқӣ «Research Capital».

Абзори таъсиргузор

Як бори ғайри қобили таҳаммул: дар Лаос як лоиҳаи роҳи оҳан 6,7 миллиард доллари амрикоӣ арзиш дорад, ки ин нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвари кӯчаки Осиё мебошад.

Қарзи давлати Ҷибути дар ду соли ахир аз 50 то 85 дар сади ММД ин кишвар расид, ки сабабаш «Exim Bank»-и Чин мебошад, мегуяд Сандуқи Байналмилалии Пул. Ин бонки бонуфузи Чин ҳамчунин соҳиби нисфи қарзҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Албатта, кишварҳои камтарақиёфта ва дорои ниёзҳои инфраструктурӣ дар қарзҳо манфиати худро пайдо мекунанд. Барои Пекин ин риск арзиши онро дорад: ин «ғӯли Осиё» дар ҷустуҷӯи роҳ барои содироти амволи беш аз ҳадди саноъати худ аст ва ниёз ба роҳҳо, бандарҳо, роҳҳои оҳан ва хатҳои лӯла барои интиқоли маводи аввалияи худ дорад.

Муҳаммад Нашид, роҳбари оппозисиюни Малдиви, инро «истеъморгарӣ» медонад, чун истиқлолияти ин давлати маҷмуъул-ҷазоирро заиф гардонидааст. Ба гӯфти ӯ 80 дар сад аз қарзи хориҷии Малдиви таҳти кунтрули Пекин аст.

Бо гуфтаи «Standard & Poor’s» давлати Чин торафт қавитар мешавад, зеро Пекин ағлаб лоиҳаҳоеро, ки аз тариқи имтиёзот баро 20 ё 30 сол сохта шудааст, мудирият мекунад.

Стивенсон Янг мегуяд: «Роҳи Абрешим» ҳамчунон як абзори сиёсӣ барои нуфуз аст, ки соли 2017 чун барномаи ҳизби коммунист сабт шудааст.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *