Суханронии дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон дар ҷашни Истиҷлолияти Тоҷикистон дар Варшава
Ҳамватанони азиз!
Инак боз як соли дигар барои мову шумо дар ғарибӣ сипарӣ шуд. Боз як соле дур аз Ватан. Порсол дар ҳамин рӯз мову шумо ба муносибати рӯзи истиқлол дар ҳамин Варшава нишаст доир кардем ва банда дар он суханронӣ намуда будам ва гиламанд аз он будам, ки мо истиқлолияти воқеиро ҳанӯз ба даст наовардаем ва гуфта будам, ки маро бо ин рӯз табрик накунед.
Бале, мо ҳанӯз истиқлолияти комилро ба даст наовардаем ва иштибоҳи ҳамаи мо ва аз ҷумла банда ҳам дар он аст, ки ба даст овардани истиқлолро мо як амали сареҳ ва якрӯза мешуморем, вале истиқлолхоҳӣ ва истиқлолёбӣ ин раванде аст, ки шояд чанд наслро фаро гирад. Ин ҷашни якрӯзаи истиқлолият барои онҳоест, ки дар ибтидо дар муқобили ин истиқлол ва истиқлолхоҳон истоданд ва то хадде, ки силоҳ кашиданд, вале чун ин истиқлолро дар қатори дигар дороиҳои миллат ғасб карданд, ба тадрич фаҳмиданд, ки дар роҳи фасод, таъқиби дигарандешон, азхудкунии моликияти мардум, ба даст овардани даромади муфт ва дар маҷмӯъ барои азхудкунии тамоми дороиҳо мустақил будан ва аз касе натарсидан неъмат будаст. Акнун ин соҳибистиқлолҳо ин муқадассоти миллиро низ моли худ карданианд ва мо набояд гузорем, ки як гурухе ин мафохимро аз миллат кашида гирад.
Соҳибдавлат шудани тоҷикон таърихи хеле тӯлонитар аз он дорад, ки имрӯз як гурӯҳе онро неъмати худодод унвон карда, чун як инъоме, ки якбора ва ғайриинтизор ба сарамон рехт, қаламдод мекунанд. Банда имрӯз ба чанд саҳнаҳои таърихие аз таърихи навине ишорат мекунам, ки дар асл барои дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ кардани давлате ба номи Тоҷикистон боис шуданд. Он ҳудуде, ки имрӯз бо номи Тоҷикистон маълум аст, дар соли 1924 ба ҳайси РАСС Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон таъсис шуда буд. Ва дар ҷудо кардани Тоҷикистон аз ҳайтаи Ӯзбекистон ва таъсиси як ҷумҳурии алоҳида саҳми фарзандони фарзонаи ин миллат Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ , Нусратулло Махсум ва дигарон хеле бузург аст. Махз аз хамон рӯзҳо мумкин аст гуфтан, ки муборизаи истиқлолхоҳии ин миллат шурӯъ шуд. Буданд дар он давра низ тоҷиконе, ки миллати тоҷикро арзиши соҳиби давлат шудан қоил набуданд ва агар ҳамон вақт низ ҳамаи тоҷикон дар канори якдигар истод мешуданд, шояд имрӯз харитаи Осиёи Марказӣ дигар мебуд. Албатта ки банда ба кадом як давлате даъвои ҳудудӣ надорам, вале аз ваҳдате, ки имрӯз низ ба он ниёзи камтар аз он давра надорем, мегӯям.
Ҳаракати миллӣ озодихоҳии халқи тоҷик аз соли 1985 шурӯъ шуд. Бо эълон шудани бозсозиву ошкорбаёнӣ аз тарафи Горбачёв, дар саросар қаламрави собиқ Иттиҷоди Шӯравӣ ҳаракатҳои ислоҳталаб барои озодӣ мубориза шурӯъ карданд.Дар Тоҷикистон ҳам ислоҳталабон ибтидо аз интихобот ба парлумони шӯравӣ, ки баъдан муайян шуда буд, ки он охирин интихобот хоҳад буд, шурӯъ ба мубориза карданд. Дар ин миён рақибҳои дар муқобили номзадҳои ҳизби ҳокими коммунист ба майдон баромаданд. Аз ҷумла номзади оянда аз ҳаракати ислоҳотхоҳи тоҷик ба мқоми президентӣ дар аввалин ва то ба имрӯз охирин интихоботи раҳобатноки президентӣ Давлат Худоназар дар Хоруғ тавонист бар рақиби худ аз тарафи ҳизби коммунист дастболо шавад.
Дар парлумони Тоҷикистон низ ислоҳотталабон теъдоди каме ҳам бошад аз курсиҳоро соҳиб шуданд. Ҳаракатҳои мардумии «Растохез», Лаъли Бадахшон» якчанд ҳаракати дигари характери минтақавӣ дошта, ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳизби наҳзати исломи шӯравӣ ва ҳамчун Тоҷикистон аз худ дарак доданд.
Чун аксари аъзои парлумони Тоҷикистон аз намояндагони коргарони аз тарафи ҳизби коммунист интихоб шуда буд ва бояд қайд кунам, ки ҳангоме, ки ин Шӯрои Олӣ интихоб мешуд, аслан он ҳамчун як шохаи ҳокимият ба чашм ҳам намерасид ва ҳокимияти давлатӣ куллан дар дасти ҳизби коммунист буд ва шахси аввали давлат маҳз котиби КМ ин ҳизб ба шумор мерафт. Яке дигар аз сабабҳои чунин сифати пасти дониши сиёсӣ ва дарки воқеиятҳои вакилони ин Шӯрои Олӣ маҳз ҳамин буд, ки интихобкунанда ба интихоботи «минтақавӣ» яъне ҷумҳуриявӣ таваҷҷӯҳи камтар зоҳир мекард ва дар натиҷа ҳизби коммунист бо собиқае, ки дар даврони шӯравӣ касб карда буд, ин намояндагонро аз ҳисоби фаъолони хоҷагии халқи кишвар пешбарӣ ва интихоб кард, ки аксарияташон директорони совхозҳо ва деҳқонон буданд.
Минбаъд ғайричашмдошт бо бардоштани боби 6 аз Конститутсияи Шӯравӣ ин ниҳод, яъне парлумон яку якбора ба маркази тасмимҳои давлатӣ табдил ёфт, ки он аслан ба ин ваколат омода набуд. Якчанд нафар аз зиёиёни ислоҳотхоҳ, ки ба ин парлумон роҳ ёфта буданд, барои қабули қонунҳое ба манфиати ин халқу миллат маҷбур буданд аз дигар воситаҳо аз ҷумла аз тазоҳуротҳо бо талаби дигаргуниҳо истифода барад. Маҳз аз ҳамин сабаб аз соли 1990 ба баъд дар Тоҷикистон аёми тазоҳуротҳо ва бо ибораи дигар ҳокимияти майдон ҷорӣ шудан гирифт. Бо пофишориҳои тазоҳуркунандагон ба тадриҷ қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» ва дар ниҳояти кор соли 1991 эъломия истиқлолияти Тоҷикистон қабул шуданд.
Минбаъд Шӯрои Олие, ки фақат ба мақсади дигар кардани номҳои кӯчаҳову деҳаҳо интихоб шуда буд, ба шохаи асосии ҳокимияти давлатӣ табдил ёфт. Аксари кулли депутатҳои ин парлумон ё аз сиёсат фарсахҳо дур буданд ё агар ҳам рабте ба сиёсат дошта буданд, одат доштанд, ки тасмимро дар боло, яъне Маскав мегиранд ва мо фақат даст мебардорем. Чунин шуд, ки ин парлумон дигар бо имову ишора аз раёсати худ овоз медод.
Вале ягона чизе ки ин вакилони коммунист вокеъан дар он якдил буданд, ин бадбинии фавқуллодаи ин нафарон аз вожаи истиқлол буд. Ва ҳар боре, ки раискунандаи парлумон микрофони шаш мегуфт, инҳо сахт асабӣ мешуданд, чун аз ин микрофон шахсе бо забони ширине ҳарф мезад, ки на фақат худаш, балки ин забон низ ба ин теъдод бегона буд ва чӣ ба шевааш ва чӣ ба худаш нигоҳи хасмона доштанд. Ин шахс Тоҳири Абдуҷаббор буд, ки бо лаҳни ширини порсӣ ва далелҳои раднопазири худ сухан мекард, ва одатан ин мардуме, ки аслан дарк ҳам намекарданд, ки ин нафар чӣ мегӯяд, ахиран маҷбур мешуданд, ки ба ин гуфтаҳо овоз диҳанд.
Раҳбарияти коммунист аслан то охири бар зидди истиқлоли давлатӣ буданд ва минбаъд нерӯҳоеро ба ҷонибдории худ ба хотири баргардондани ҳокимияти аздастрафтаи худ ба майдон кашиданд, ки низ бадтарин вожа барояшон вожаи истиқлол буд. Ғайр аз ин хоҷагони хориҷиашон, сарфи назар аз он, ки дар ҷомеъаи худашон бо шиорҳои ислоҳталабӣ сари қудрат омада буданд, низ ҳаргиз омода набуданд, ки дар кадоме аз ҷумҳуриҳои собиқи таҳти султаашон кадом як истиқлолхоҳе, ки арзишҳои миллиашро эҳтиром мекунад, ба сари қудрат ояд. Иштибоҳи дигари ислоҳталабони тоҷик маҳз ҳамин буд, ки эшон мутмаин буданд, ки чун бо ислоҳотхоҳони рус дар як тарафи сангарем, онҳо моро ҷонибдорӣ хоҳанд кард, вале чун демократҳои рус меросхӯри империя буданд, онҳо аз нерӯҳои пуштибонӣ карданд, ки аслан аз мафҳумзои милливу манфиатҳои миллӣ фарсахҳо дур буданд ва иддиъои он бародароне, ки озодихоҳони тоҷикро ба он танқид мекунанд, ки натавонистанд Москваро ба худ моил кунанд ва боз айбдор мекунанд, ки агар исломиҳо намебуданду агар Шодмони Юсуф ҳамон гапа намезаду агар Тураҷонзода чашмакӣ намезад ба чунин қисмат дучор намешудему дигару дигар, иддиъояшон пуч аст.
Озодихоҳон маҳз ба хотири озодихоҳиашон набардро бохтанд ва фарқ набуд аз чӣ шиоре, дар зери кудом парчаме ин мардуми истиқлолхоҳ ба ҳам меомад, он аз марказ ҷонибдорӣ намеёфт. Дар Гурҷистони Гамсахурдия ва баъдан Саакашвили ва ё Укроини соли 2014 на наҳзат буду на ришдор ва дидем, ки ба чи анҷомид. Хуш ба ҳоли муборизони истиқлоли тоҷик, ки 25 соли пеш онеро мехостанд, ки 25 сол пас мардуми Укроин ба он даст наёфт.
Дӯстони азиз, имсол бори аввал аст, ки банда ба муносибати рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷамъомадагон ва дар шахси шумо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистони маҳбубамро табрик мекунам. Ман иштибоҳ мекардам, ки ба хотири даст ёфтани гурӯҳҳое ба истиқлолияти давлатии мо, ки арзиши ин истиқлолиятро дарк ҳам намекарданду бо силоҳ бар зидди он меҷангиданд, бо ин муқадассот қаҳрӣ шудаву онро ҳатто бад медидагӣ шудам ва ин бохти асосии ман буд.
Имрӯз ман мегӯям истиқлоли тоҷикон ба ин тӯдае, ки имрӯз онро моли худ ҳисоб кардаву ба гуфти худашон онро як неъмати илоҳии аз осмон болояшон рехта қабул кардаанд, ҳеҷ рабте надорад ва он моли тамоми миллати тоҷик аст ва ин миллат барои он хун рехтаст ва хуни ин миллатро ба хотири ин истиқлолият маҳз онҳое рехтанд, ки имрӯз баҳраи ин истиқлолиятро мечашанд. Чун дар ибтидо гуфтам истиқлолхоҳӣ ва истиқлолёбӣ ин раванд аст ва мо ҳанӯз дар ибтидои он қарор дорем ва ин мубориза идома дорад ва мо пирӯз хоҳем шуд. Рӯзи истиқлолият муборак ба ҳамаи мо!