Рубрики Хабарҳо

Пешвози намояндагони ҲНИТ аз ҳайати ҳукумат дар фурӯдгоҳи Варшава

Ду намояндаи ҲНИТ, ки дар Варшава зиндагӣ мекунанд, аз ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Варшава истиқбол карданд. Ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар нишасти САҲА ба Варшава омад.

Муҳаммад Сафарзода, ёвари раис ва Муҳаммадиқбол Ҳисайнов, узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ ба пешвози онҳо рафтанд. Ҳайати ҳукумат аз ҳамон нафароне иборат буд, ки қаблан эълон шуда буд, ба ҷуз Аёмиддин Сатторов.

Айёмиддин Сатторов, узви Раёсати Олии ҲНИТ тобистон ба Тоҷикистон рафт ва моҳи август дар телевизиони кишвар зуҳур кард ва алайҳи ҲНИТ изҳорот дод. Мақомот эълон карда буданд: муовини аввали вазири умури хориҷӣ Низомиддин Зоҳидзода, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбеков, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов. Айёмиддин Сатторов ҳам дар ҳайати ҳукумат ба Варшава хоҳад рафт. Аммо бо саббаҳои номаълум ӯ дар фурӯдгоҳи Варшава дида нашуд.

Яке аз меҳмонон ба суол дар бораи Сатторов бо ханда посух дод, ки «дар ними раҳ партофтем», аммо ин шӯхӣ буд ё ҷиддӣ мегуфт, маълум нашуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ҳам, ки вазифаи сафирӣ дар Лаҳистонро ҳам иҷро мекунад, ба пешвози меҳмонон рафта буд. Намояндагони ҲНИТ бо ӯ ҳам сӯҳбати кӯтоҳе анҷом доданд.

Раиси ҲНИТ Муҳидди Кабирӣ чанд соат қабл зимни суханрониаш дар ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, ки дар Варшава баргузор шуд, аз аъзои ҳизбаш ва дигар мухолифин хост бо намояндагони ҳукумат, бахусус Айёмиддин Сатторов бархӯрди боэҳтиромона дошта бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *