Харбуза аз харбуза ранг гирифт ё чаро вакили Қирғизистон низ ҷаласаи САҲАро тарк кард?
Дар шаҳри Варшава ҳанӯз ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) идома дорад, ки дар он вазъи ҳуқуқи инсон дар мамолики дунё баррасӣ мегардад. Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки раҳбари ҳайати ҷумҳурии Қирғизистон дар САҲА Мир Карибоева низ чун ҳамтоҳои тоҷики худ ҷаласаи ин созмонро тарк кардааст.
Хонум Карибоева дар ҳоле тарки ин маҷлис намудааст, ки дар нишасти узви САҲА як нафар аз мухолифони ҳукумати Қирғизистон Қодирҷон Ботиров ба минбар баромада, дар бораи вазъи бади ҳуқуқи инсон дар ин кишвар сухан намуд. Мира Карибоева гуфтааст, ки САҲА аз як нафаре пуштибонӣ мекунад ва ба ӯ минбар медиҳад, ки дар Қирғизистон барои барангехтани адовати миллӣ ғоибона маҳкум шудааст. Вай ба тариқи эътироз ҷаласаро тарк карда, низ гуфтааст, ки ин амали САҲА беэҳтиромӣ нисбат ба Қирғизистон аст.
Ҳайати Тоҷикистон низ ба далели он ки САҲА мухолифони тоҷикро дар ҷаласаи худ роҳ дод, эътироз намуданд ва ҷаласаро тарк карда буданд. Дар ҳамин ҳол дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҷавонон бо фармоиши ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд ва муқобили ҲНИТ ва кулли дигарандешони режими Раҳмон садо баланд сохтанд. Кор ба ҷое расидааст, ки бо ишораи мақомот ҷавонон дар назди хонаҳои мухолифин ҷамъ меоянд ва дар ҳаққи онҳо тавҳин мегӯянд. Аз ҷумла онҳо дар назди хонаи собиқ раҳбари ҲНИТ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ даст ба тазоҳурот зада, оромии атрофро халалдор сохтаанд.
Аз ҷаласаи САҲА берун рафтани раҳбари ҳайати Қирғизистон Мира Карибоеваро мутахассисони умури сиёсӣ як амали намоишкорона медонанд. Онҳо мегӯянд, ҳузури намояндагони мухолифин дар ҷаласаи САҲА, ки ба сифати далели зинда ба кор мерафт, вукалои қирғизу тоҷикро ба бунбаст гирифтор кард ва ҷуз роҳи гурез дигар чорае наёфтанд.