11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ризоӣ: омили ҷанг дар Тоҷикистон худшиносии миллӣ-мазҳабӣ буд

Суханронии Муҳаммадсаид Ризоӣ дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшава

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Бояд бидонем, ки танҳо бо вуҷуди боварӣ (имон) ва танҳо бар ҳақ будан, пирузӣ ба даст намеояд. Барои пирузӣ асбоб (фактор) ва қоъидаҳое аст, ки дар паҳлуи вуҷуди имону боварӣ ва бар роҳи ҳақ будану барҳақ будан, лозим аст, он асбобу далоил ва қоидаҳо вуҷуд дошта бошанд ва истифода шаванд.

Он чӣ ба болои Тоҷикистон баъди истиқлол омада гузашт, чизи содае набуд. Ҷанг, хунрезӣ, қатлу куштор ва ғорат кардану бурдану сухтан (Худо он рузҳоро дигар наёрад), танҳо барои касе маълум мешавад, ки бевосита шоҳиди он рӯзҳо буда бошад ва ранҷу дарду алами онҳоро ба навъе аз сар гузаронида, бошад.

Ҳама ҷангу даргириҳо сабабу омили хоси худро дорад. Дар нисбати ҳодисаҳои хунини солҳои 1992-1997, таҳлилу баррасиҳои зиёде шудааст. Ман ҳам назару таҳлили хоси худро дорам. Агар баъзеҳо надоштани таҷрибаи кофӣ, огоҳоии ками сиёсиро боиси кашидан ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бидонад, ман инро нуқтаи заъф медонам, на омили кашида шудан ба ҷангу даргирӣ. Омили асосӣ дар ин ҳаводис, бемуболиға бар хилофи ҷумҳуриҳои карахти минтақа, худшиносии миллӣ-мазҳабӣ ва бедории сиёсии мардум дар Тоҷикистон буд.

Таҳаввулоти ба вуҷудомадаи фикрӣ ва сиёсӣ дар кишвари мо ҳамраванди таҳаввулоти ба вуҷудомадаи фикрӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои соҳили Болтик буд. Ҷумҳуриҳои соҳили Болтак ҳамсояҳое доштанд, ки бо муштаракоти ҳамзистӣ ва ҳамгароишӣ, аз раванди дигаргуниҳои демократӣ истиқбол ва кумак мерасониданд, вале ҳамсояҳои Тоҷикистон бар акс бо вуҷуди ҳамзистӣ ва ҳамгароишиву муштаракоти ақидати ва мазҳабӣ, нороҳат ва аз он пешгирӣ намуданд.

Маълум аст, ки барои ба вуҷуд омадани ин таҳаввулотҳо, ибтидо муллоён бо таълими хатту фарҳанг (дар қолаби шариъат) ва шуруъ аз даҳҳаи ҳафтоди асри гузашта, наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон (НАҶОТ) 1973, устодон дар донишгоҳҳо, донишмандон, аҳли қаламу шеъру адаб ва ҷунбиши мардумии Растохез 1980, ва дигар шахсиятҳо бо ангезаи миллӣ-мазҳабӣ заҳматҳои зиёд ба харҷ доданд.

Ман ба ин фикрам, ки омадани гуруҳи бемаърифат, дур аз сиёсат, ба миллату мазҳаб бегона (ба қавли дигар авбош) бар идораи давлат ва то имруз чанг задан ба курсии қудрат, бо аз байн бурдан, зиндонӣ намуданд ва берун рондани нухбагони миллат, танҳо ба мақсади миллатро ба тарсуи нохудкифо ва дастнигар табдил додан аст.

Оё боре ба худ суол кардаед, ки Тоҷикистон бо вуҷуди сарозер шудани –ба қавли ҳукуматдорон- пулу силоҳ ва боло будани қудрати сиёсӣ ва низомии опозисиюн ва заъфи ҳукумати вақт, чаро Афғонистони дуввум нашуд?!

Оё боре аз худ пурсидаед, ки сирри ба ҳам овардани гурӯҳҳои ҷангии ба ҳам муқобил, иҷоди сулҳу ваҳади миллӣ, безарар кардани силоҳҳо ва дар ихтиёри мақомоти қудратӣ қарор додани афроди таҷрибадори ҷангӣ ва неру ва таҷрибаи инсонии онҳоро барои беҳбудии кишвару миллат сафарбар кардан ва дар маҷмуъ сирри ҳами ин дастовардҳо, дар чӣ буда метавонад?!

Сирри ҳамаи ин дастовардҳо бармегардад ба тавонмандии раҳбарӣ ва мудирияти ягона, ки идораи тамоми қувваҳоро ба даст дошт. Мардумро ба танзим медароварду раҳбарӣ мекард, артишро роҳандозӣ мекард, фармони муқовимату сулҳу оштӣ содир менамуд. Кумитаҳо дошт ва қарору қонун ба тасвиб мерасонид.

Пас модел ва формулаи устуворӣ ва омили асосӣ ва фактори калидӣ, вуҷуди раҳбарии сиёсии оқилона ва хирадмандона мебошад. Опозисюни имруза ин модел ва таҷрибаи раҳбариро дорад. Мардуму равнди ҷаҳонишавӣ ҳам барои дасттоврдҳр қарор доранд ва кумак мекунанд..

Имону боварӣ ҳаст, роҳ ҳақу дуруст мебошад, аз асбоб истифода мешавад ва мардум дастгирӣ мекунад ва Аллоҳ бо мост..

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *