Рубрики Хабарҳо

Баромади 4 узви Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА (Наворҳо)

Раҳбарони ҳаракатҳои мухолифи тоҷик дар нишасти дирӯзаи САҲА баромад карданд.

Кабирӣ: амалкардӣ мақомоти Тоҷикистон омили рушди терроризм аст

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тасмими мақомоти Тоҷикистон мабнӣ бар ширкат кардан дар ҷаласаҳои САҲА оид ба андозагирии инсон баъди танаффуси дусола изҳори хушнудӣ кард. Вале Кабирӣ хотиррасон кард, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл ҳайати Тоҷикистон даъво мекард, дар ҳеҷ нишасте, ки дар он ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъгашта дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кунад, ширкат нахоҳад кард.

“Мо ба ин назарем, забони шантажу таҳдид, ки тавассути он ҳукумати Тоҷикистон бо мардуми худаш ҳарф мезанад, дар гуфтугӯ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ натиҷае намедиҳад. Мо афсӯс мехӯрем, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷои он ки бигӯяд чӣ иқдомҳое барои беҳбуди вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон пеш гирифтааст, бори дигар аз ин имкон барои сиёҳ кардани мухолифони худ ва ба дӯши онҳо гузоштани ҳар он чӣ дар кишвар мегузарад, истифода кард”, — қайд кард Муҳиддин Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бо бастани ҳамаи роҳҳои танқид ва гуфтугӯи созанда дар кишвар, мақомоти Тоҷикистон мекӯшанд ин таҷрибаро ба сатҳи байналмиллал интиқол диҳанд ва кӯшиш мекунанд фаъолияти мухолифонашон дар хориҷаро низ маҳдуд кунанд. “Бо баҳонаи мубориза бо терроризм мақомот садҳо мухолиф, пешвоёни мазҳабӣ, фаъолони шаҳрвандиро ба зиндон фиристод. Бо равишҳои саркӯбгароӣ ва ҳамагуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи шаҳрвандон имкон надорад бо терроризм мубориза бурда шавад. Баръакс, ин амалкардҳо метавонанд омили рушди минбаъдаи радикализм ва ифротгароӣ гарданд” — гуфт ӯ.

Ш. Гадоев: Кишварҳои ғарбӣ бояд дар бораи маблағгузории институтҳои демократӣ бияндешанд.

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангкунанди Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон зимни баромади худ гуфт дар Тоҷикистон институтҳои мустақил боқӣ намондаанд. Ӯ гуфт тамоми онҳо зери назорати шадиди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доранд.

“Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ эҳтироме ба интихоботи демократӣ, сарқонун ва қонунҳо қоил нест. Дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ имкони интихоботи демократӣ вуҷуд надошт. Эмомалӣ Раҳмон бо силоҳ ба ҳукумат расид ва бо мухолифин ҳам бо роҳи зӯрӣ мубориза мебарад. Ин кори ӯ то ҳанӯз идома дорад”- қайд кард Гадоев.

Ӯ гуфт кишварҳои ғарбӣ, ки кафили демокросӣ ҳастанд, барои рушди ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфте ҷудо мекунанд. Вале мақомоти Тоҷикистон аз ин пулҳо барои мубориза бо мухолифин ва нобудии онҳо дар дохилу хориҷ истифода мебаранд.

Ӯ қатли раҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватовро тавассути хадамоти махсус Тоҷикистон дар Истамбул ва изҳороти видеоии афсари амният Расуловро, ки дар бораи нақшаи қатли Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, мисол овард.

“Бинобар ин азӣ кишварҳои ғарбӣ даъват мекунам дар бораи кӯмаку дастгириҳое, ки ба Тоҷикистон барои дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҷудо мешавад, андеша кунанд. Замони гирифтани тасмимҳои дақиқи барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи мансабдорони  алоҳида фаро расидааст”- гуфт ӯ.

И. Ёқубов: Агар ҳукумат ба ташкилоти байналмиллалӣ таҳдид мекунад, пас вазъи институтҳо дар дохили кишвар чӣ гуна аст?

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов хотиррасон крад, ки Хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” ба САҲА таҳдид кард, ки дар сурати роҳ ёфтани мухолифон ба конфронси ин созмон, намояндагияш дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд.

“Агар ҳукумати Тоҷикистон тавассути сойти расмии худ ба САҲА, як созмони пуриқтидор таҳдид мекунад, тасаввур кунед, ки институтҳои демократӣ дар дохили кишвар чӣ ҳол доранд” — гуфт Ёқубов.

Ба гуфтаи ӯ баъди соли 2015 мақомоти тоҷик мухолифон, рӯзноманигорон, адвокатҳои зиёдеро бо парвандаҳои ҷаълӣ ба зиндон фиристод, бинобар ин ба кишварҳои ҳамшарик лозим аст ба Тоҷикистон дар ин робита тавсиҳо фиристанд.

“Пешниҳод мекунам, ки фаъолияти созмонҳои демократӣ, ки дар Тоҷикистон ба такмили демокросӣ машғуланд, маҳдуд карда шавад ва аз кӯмакҳои башариву сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун худдорӣ шавад”, — қайд крад Ёқубов ва илова кард ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо лозим аст нисбати мансабдорони Тоҷикистон рӯйхате мисли “рӯйхати Магнитский” тартиб дода шавад.

А. Шерзамонов: Бидуни “рӯйхати Магнитский ба беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон умед бастан нашояд…

Дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон Алим Шерзамонов гуфт, ки шарти асосии вуҷуди давлат институтҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳастанд. Вале, гуфт ӯ, ин инстутҳоро шаҳрвандони озод таъсис ва рушд медиҳанд, на нафарони худношинос ва иҳоташуда ба ҳама намуд монеъаҳо.  

“Дар Тоҷикистон институти интихоботу раъйпурсӣ пурра беэътибор шудааст. Дар раъйпурсии ахир ҷавонони то сисоларо аз имкони интихоб шудан ба парлумон маҳрум карданд. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти синнусолӣ барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ поён бурда шуд. Вакилон андеша накарданд, ки чӣ гуна мешавад ба раёсатҷумҳурӣ интихоб шуд, дар ҳоле, ки имкони интихоб шудан ба кадом як органи қонунгузор надорӣ” — гуфт Шерзамонов.

Ӯ мутмаъин аст, ки агар Итиҳоди Аврупо рӯйхате мисли рӯйхати Магнитский алайҳи мансабдорони Тоҷикистон тартиб надиҳад, интизории инро доштан, ки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар хоҳад шуд, маъние надорад. Дар охир ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард зиндониёни сиёсиро озод кунанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *