Ронандае, ки аз ҷониби вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда буд, дар чаҳор моҳи фаъолияташ аксари раҳбарони мактаби ин ноҳияро ғорат карда ва чанд курсии раҳбарии мактабҳоро ҳам ба савдо задааст. Ин намунае аз фурӯши мансаб дар Тоҷикистон аст, ки зоҳиран танҳо аз ҳад гузаронидани ронандаи собиқ сабаби боздошташ шуда, аммо суолҳои зиёдеро ҳам ба вуҷуд овардааст.
Иқболи Неъматулло, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2022 бо фармон вазири маорифи Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъин мешавад. Ин “кадри ҷавон”, ки соҳаи маорифи яке аз бузургтарин ноҳияҳои кишвар ба ихтиёраш дода мешавад, то таъин шуданаш ба ин вазифа ба ҳайси ронанда дар як ширкати хусусӣ кор мекардааст!
“Корнамоӣ”-и Иқболи Неъматулло дар ҳамагӣ чаҳор моҳи фаъолияти кориаш посух ба ин суолро, ки чӣ гуна як ронанда тавонистааст ба курсии раҳбари Раёсати маорифи ноҳия такя занад, осонтар месозад. Ин раҳбари навтаъин дар ҳамагӣ чаҳор моҳ аз 36 раҳбари мактаб ба маблағи 65,7 ҳазор сомонӣ ришва ситонида ва 3 курсии раҳбари мактабро 10 ҳазор сомонӣ ҳар кадом ба савдо задааст.
“Кадри ҷавон”-и вазири маориф, ки аз тарафи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шудааст, дар навори пахшшуда аз тарафи ин ниҳод дар телевизионҳои давлатӣ мегӯяд баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ дар соли 2013 чаҳор сол, то 2017 ба ҳайси муаллими фанни таърих дар мактаб кор карда, аммо аз соли 2017 то таъин шуданаш ба вазифа ронандагӣ кардааст.
Ӯ мегӯяд дар ришваситонӣ ба ӯ муовинаш, раҳбари Иттифоқи касабаи Райсати маорифи ноҳия ва раҳбари яке аз мактабҳо кӯмак кардаанд.
Таҳлил ва баррасии ин намуна, ки бо фарқ аз намунаҳои дигари фасодкорӣ, бисёр бошитоб ва бидуни риояи қоидаҳои маъмул дар ришваситонӣ роҳандозӣ шудааст, нишон медиҳад фасод дар идораҳои давлатии кишвар то кадом сатҳ рушд кардааст.
Вазири маориф ва худи КДАМ дар ин фасод даст доранд
Бисёр баъид аст, ки вазири тозатаъини маориф Саидзода Раҳимҷон Ҳамро бидуни доштани маълумот дар бораи Иқболи Неъматулло ӯро ба ин вазифаи пурмасъулият таъин карда бошад.
Ба ҳайси як устоди донишгоҳ, ки наздики се даҳсола зина ба зинаҳои мансаб дар соҳаи маориф боло рафтааст, вазири маориф инро ҳам надониста наметавонад, ки як ронанда, ҳарчанд чанд сол пеш кам-кам муаллимӣ ҳам кардааст, наметавонад мудири маорифи як ноҳия бошад. Ҳатто агар ин ронанда ҳамон гуна, ки муовини вазир зимни таъинаш муаррифӣ намудааст, донандаи се забон бошад (ҳарчанд дар гумон аст, ки ин “донандагӣ” болотар аз сатҳи кӯчагӣ ва радубадали чанд ҷумла бошад).
Ҳатто агар фарз шавад, ки Иқболи Неъматулло хеле донишманд аст, донишгоҳро масалан бо дипломи сурх хатм кардааст ва ғайра, барои идораи соҳаи маорифи як ноҳия танҳо дониш кофӣ набуда, таҷрибаи фаъолият дар соҳа ва роҳбарӣ хеле муҳим аст. Як муаллими фанни таърих, ки баъди 3 соли тадрис 5 сол қабл ба ронандагӣ гузаштааст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад Раёсати маорифро раҳбарӣ кунад. Инро вазири маориф бисёр хуб медонад. Пас таъини як ронанда ба вазифаи пурмасъулият ғаразҳои дигаре доштааст.
Ин ки дар Тоҷикистон ҳамаи вазифаҳо фурӯхта ва харида мешаванд, ҳама медонанд. Ин ҳам, ки Иқболи Неъматулло вазифаро харидааст ва вазири маориф низ агар мустақиман нафурӯхтааст, ҳади ақал дар фурӯхтани ин вазифа даст дорад, ҷои шубҳае надорад. Аммо таҳлилу баррасӣ ба он хотир сурат мегирад, ки ҳеҷ қонуне иҷоза намедиҳад як нафар бидуни далел ба фасод муттаҳам карда шавад. Таъини ронанда ба вазифаи раҳбари Раёсати маорифи ноҳия ва даст ба фасоди густарда задани ӯ, ки ҳади ақал 80 корманди соҳа дар он хоста ё нохоста ширкат кардаанд ва “бехабарии” худи Вазорати маориф аз ин фасод то боздошташ аз сӯи КДАМ аз далоиле ҳастанд, ки ба даст доштани вазири маориф дар ин фасод ишора мекунад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки ронанда-раисро боздошт кардааст, ҳатман медонад, ки бидуни даст доштани раҳбарияти Вазорати маориф дар фасод, як ронанда наметавонад раҳбари Раёсати маорифи ноҳия таъин шавад, баробари таъин шудан шурӯъ ба ғорати кулли соҳа кунад, ҳади ақал 40 нафарро ғорат намояд ва Вазорати маориф аз он бехабар бошад.
Пас ин кумита баробари боздошти “кадри ҷавон”-и вазири маориф бояд билофосила ба таҳқиқи чигунагии таъини ӯ ва чароии “бехабарӣ”-и Вазорати маориф аз ҷиноятҳои ҳаррӯза ва фарогири ӯ мепардохт. Аммо ин кор сурат нагирифта ва танҳо муҷрим ҳамин собиқ ронанда шинохта шудааст. Муовини ӯ, раиси иттифоқи касаба ва он роҳбари мактаб, ки дар борааш мегӯяд низ ҳатман боздошт ва бозпурсӣ шудаанд, аммо бо гумони ғолиб бо додани ришва озод гаштаанд, чун дар навор сухан танҳо аз боздошти Иқболи Неъматулло меравад.
Албатта чунин нест, ки КДАМ ба Вазорати маориф ҳеҷ суоле дар бораи чигунагии таъини Иқболи Неъматулло надодааст. Ин таҳқиқ ҳатман сурат гирифта, аммо ба қавли маъруфи Бег Сабур “на месте” ҳал шудааст. Яъне КДАМ ҳам ҳоло дар ин фасод даст дорад ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудани вазири маориф равшантарин далели он мебошад.
Фасод систематик шудааст
Яке аз нукоти ҷолиби ин рӯйдод ин аст, ки 36 раҳбар мактаб ба собиқ ронанда ришва додаанд, то аз аттестатсия гузаранд. Имкон надорад, ки ин 36 нафар бори аввал ва ҳатто бори дувуму савум ришваро хапу хомӯш дода бошанд ва ҳеҷ нафаре аз онҳо ҷуръати эътироз ё шикоят накарда бошад. Ин ришвадиҳии дастаҷамъӣ нишон медиҳад раҳбарони мактабҳо:
а) қаблан ҳам зиёд ришва додаанд;
б) бовар надоранд аз аттестатсия мегузаранд;
в) медонанд, ки шикояташон аз ришвахории мудири маориф бепосух мемонад ё дарди сари худашон мешавад;
г) ба таъини афроди нолоиқ ба вазифаҳои масъул одат кардаанд
ва ғайра.
Нуктаи дигари ҷолиби он ба муовинони раҳбари ду мактаби шаҳри Душанбе фурӯхтани раҳбарияти мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ аст. Одатан раҳбар аз худи мактаб интихоб ё таъин карда мешавад ва таҷрибаи фиристодани раҳбари нав аз ҷои дигарро ҳамин ришвахорҳо ба вуҷуд овардаанд.
Ҳардуи ин мактаб агар 20 нафарӣ муаллим дошта бошанд, мустақиман 40 нафар шоҳиди ин фасодкорӣ ва ноадолатӣ шудаанд ва зери ин амали фасод қарор гирифтаанд. Чун раҳбари нав бо харидани вазифа ба 10 000 сомонӣ бо маоши 1700-2000 сомонӣ қаноат намекунад ва аслан харидани вазифае, ки маошаш танҳо ба нону чой мерасад, маъние надорад. Пас ин раҳбар ҳатман ин маблағро чандкарата аз муаллимону хонандагон хоҳад ситонд. Хомӯшии ин 40 муаллим ҳам далел бар ин аст, ки
а) медонанд, ки курсии раҳбари мактаб харида ва фурӯхта мешавад;
б) ба раҳбари мактаб қаблан ҳам ришва додаанд;
в) медонанд, ки шикоят фоида надорад;
г) дар системаи фарогиршудаи фасод хоста ё нохоста мустақиман ширкат мекунанд
ва ғайра.
Ҳамон гуна, ки дар боло зикр шуд фасод дар идораҳои давлатӣ аслан як кори маъмулӣ аст. Камтар мудир маориф, раҳбари мактаб ва ҳатто муаллиме дар Тоҷикистон кор мекунад, ки дар системаи фасод ихтиёран ё маҷбурӣ ҳамроҳ набошад. Албатта аксари муаллимон баъди бенатиҷа тамом шудани шикоятҳояшон ба система тан додаанд ва ба хотири аз даст надодани ҳамон кори каммаошашон нохоста дар системаи фасод ширкат мекунанд. Аксари кулли муаллимоне, ки фасодро аслан қабул надоранд ва намехоҳанд ҳатто маҷбурӣ дар система шарик бошанд, кайҳо тарки пеша кардаанд.
Ин намуна бозгӯи фасод танҳо дар соҳаи маориф нест. Ҳеҷ соҳае дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки ҳамин система роҳандозӣ нашуда бошад. Мансаб ва кор дар аксари идораҳои давлатии кишвар бизнес аст. Он харида мешавад, то маблағи “сармоягузоришуда” чандкарата бо гирифтани ришва аз ҳар ҷое, ки имкон дорад, баргардонида шавад.
Танҳо гоҳ-гоҳ, аз сад як нафар боздошт мешавад, чун мақомоти интизомиву амниятиву тафтишотӣ низ аз як тараф ҳамин бизнесро доранд, аз тарафи дигар бояд натиҷаи кор нишон диҳанд. Натиҷаи кори онҳо ҳам танҳо то телевизион меравад. Аксари боздоштшудаҳо баъди чанде бо додани ришваҳои бештар озод ва ҳатто ба вазифаҳои баландтар таъин мешаванд.