Рубрики Хабарҳо

Вокуниши Вашингтон ба тасмими парлумони Ироқ барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ

Давлати Амрико тасмими парлумони Ироқ барои поён додан ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки ин кишварро “ноумед кунанда” хонд. 

Морган Динн Ортагус, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико тайи баёнияе эълом кард: Вашингтон нисбат ба тасвиби тарҳи хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ дар парлумони Ироқ бисёр эҳсоси ноумедӣ мекунад. 

Ба гузориши шабакаи CNN, вай афзуд: Вашингтон мунтазири тавзеҳоти бештар дар заминаи моҳияти қонунӣ ва таъсири тасмими парлумони Ироқ аст, мо аз раҳбарони ироқӣ мехоҳем, ки аҳамияти равобити иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар ва аҳамияти ҳузури эътилоф барои шикасти Доъишро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. 

Дафтари матбуоти парлумони Ироқ якшанбе 5 июл тайи баёнияе эълом кард: Нишасти намояндагон имрӯз бо Одил Абдулмаҳдӣ ба манзури баррасии ҳузури низомии Амрико дар Ироқ баргузор шуд. Ин намояндагон дар поёни ин ҷаласа тарҳи ихроҷи низомиёни Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои хурӯҷ аз Ироқро тасвиб карданд. 

Гуфтанист бомдоди рӯзи севвуми январи 2020 як паҳподи амрикоӣ худрави ҳомили Сулаймониро дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ҳадаф қарор дод. Дар ин ҳамла ӯ, Абу Маҳдӣ Муҳандис ҷонишини фармондеҳи Ҳашд-уш-Шаъбӣ ва чанд узви дигари ин гурӯҳ кушта шуданд. 

Вазорати дифоъи Иёлоти муттаҳидаи Амрико Пентагон эълом карда, ки ин ҳамлаи ҳавоӣ ба дастури Доналд Трамп, раисҷумҳур ва фармондеҳи кулли қувваҳои  ин кишвар содир кардааст. 

Али Хоманаӣ, раҳбари Эрон низ дар вокуниш ба ин ҳамла гуфтааст: интиқоми сахте дар интизори ҷинояткоронӣ аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шуҳадои ҳодисаи дишаб олуданд. 

Ба думболи ин ҳодиса, таниш миёни Эрон ва Амрико боло гирифта ва бисёре аз кишварҳо нисбат ба ташдиди даргириҳо дар минтақа ибрози нигаронӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *