Рубрики Хабарҳо

Тавофуқи Туркия ва Русия дар хусуси Идлиб

Тавофуқномаи тасбити вазъияти минтақаи коҳиши таниш дар Идлиб тавассути Туркия ва Русия имзо шуд.

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар конфронси хабарии худ бо Владимир Путин, ҳамтои русаш дар Сочи дар шарҳи ҷузъиёти тавофуқи ду кишвар дар хусуси Идлиби Сурия гуфт  «мухолифони режими Асад дар минтақаи таҳти тасаллути худ боқӣ хоҳанд монд. Туркия ва Русия дар ду сӯи марзҳои минтақаи орӣ аз силоҳ (дар Идлиб) амалиёти гаштзании ҳамоҳангро анҷом хоҳанд дод”.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт “тасмим гирифтем байни манотиқи таҳти контроли режими Асад ва мухолифони он минтақаи орӣ аз силоҳ эҷод кунем. Туркия марокизи дидабони худ дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлибро тақвият хоҳад кард».

Раисҷумҳури Русия низ дар ин нишасти хабарӣ изҳор дошт «бо пешниҳоди Урдуғон силоҳҳои сангин аз минтақаи мазкур хориҷ хоҳад шуд. Механизми муштараке тавассути нерӯҳои Русия ва Туркия дар минтақа эҷод хоҳад шуд. Тасмим гирифтем дар 15 октябр дар фосила  15-20 километрии байни режими Асад ва мухолифони он, минтақаи орӣ аз силоҳро эҷод кунем».

Урдуғон дар ин конфронси хабарӣ дар бораи мавзӯъи виза барои шаҳрвандони Русия ва Туркия низ таъкид кард: «интизори мо барои аз саргирии мусофирати бидуни виза байни Туркия ва Русия идома дорад. Вазоратхонаҳои тарафайн дар ин замина талош мекунанд».

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *