Рубрики Хабарҳо

Дар як сол қарзи корхонаҳои Тоҷикистон 17 миллиард сомонӣ бештар шудааст

Қарзи корхонаҳои бузургу миёнаи Тоҷикистон назди қарздиҳандагон ва сохторҳои давлатӣ ба 45,7 миллиард сомонӣ (бештар аз $4,8 млрд) расидааст. Ин маблағ беш аз ду баробари буҷаи солонаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 35 дарсади ин қарзҳо дар як соли гузашта ба вуҷуд омадаанд.

Агентии омори кишвар мегӯяд “барои 1 июли соли 2018 қарзи умумии корхонаҳо (бе назардошти корхонаҳои хурд) 45 миллиарду 727,1 миллионро ташкил дод, аз нишондоди 1 июли соли 2017 16 миллиарду 855,5 миллион сомонӣ бештар аст. Дар ҳамин ҳол ӯҳдадории қарзи назди ин корхонаҳо (қарзҳои дебиторӣ) ҳамагӣ 17,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад”.

Қарзҳое, ки дар як соли гузашта падид омадаанд, наздик ба 17 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Ин маблағ бештар аз 80 дарсади буҷаи Тоҷикистонаст , ки барои соли ҷорӣ каме бештар аз 21 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.

Мақомот эътироф мекунанд, ки сеяки корхонаҳои миёнаву бузурги Тоҷикистон зараровар ҳастанд. Қисмати бештари ин корхонаҳо ба саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа  таъаллуқ доранд.

Бузургтарин қарздорҳо корхонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки зараровартарин байни онҳо ширкати “Барқи Тоҷик” мебошад. Тибқи иттилоъи Вазорати энергетика, қарзи умумии “Барқи Тоҷик” бо дарназардошти созишномаҳои маблағгузории қарзӣ, барои аввали нимсолаи дуввум, аз марзи 15 миллиад сомонӣ  ($1,6 млрд) убур кардааст. Ин ширкат ҳар солро бо зарарҳои бузург ҷамъбаст мекунад, вале новобаста ба ин, ҳукумат ба “Барқи Тоҷик” ва дигар корхонаҳои давлатӣ барои гирифтани қарзҳои нав кӯмак мекунад.

Тибқи иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, дар доираи механизми бозқарздиҳӣ ҳукумат ба корхонаҳои давлатӣ қарзҳоеро, ки аз институтҳои байналмиллалии молиявӣ гирифтааст, бо фоизи 3-6% бозқарз медиҳад, ки аз қарзи тиҷорӣ ба маротиб камтар аст. Ҳамчунин корхонаҳои давлатӣ мустақиман аз буҷа қарз мегиранд.   

Моҳи маи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон супориш дод ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба ду ширктаи саҳҳомӣ тақсим шавад. Нақшаи тақсими “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2011 аз тарафи ҳукумат қабул шуда буд. Сабаби қабули ин қарор қарзҳои бисёрмиллионаи ширкат, системаи ӯайришаффофи молиявии он ва талафоти зиёди барқ номила мешуд. Вале чаро то ҳанӯз ин нақша амалӣ нагардидааст, дар ҳоле, ки қарзи ин ширкат бо шиддат меафзояд, номаълум боқӣ мемонад. Коршиносон ба ин назаранд, ки бозсозии ширкат дасти чанд нафарро аз ғорати он кӯтоҳтар мекунад ва ҳаминҳоянд, ки ба бозсозии он роҳ намедиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон саҳмияҳои ширкатҳоеро, ки дар соҳаи энергетикии кишвар фаъолият мекунанд ба “Барқи тоҷик” додааст ва ин ширкат ҳақи моликият, истифода ва идора кардани амволи корхонаҳоеро, ки ба ихтиёраш дода шудааст, дорад. Ин ширкати давлатӣ 24 объекти энергетикиро зери контрол дорад, ки 10 тои он ширкатҳои тақсимкунанда ҳастанд. “Барқи тоҷик” ҳамчунин ба содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя машғул аст. Тибқи иттилоъи раҳбарияти ширкат, он метавонад дар тобистон ҳудуди 5 млрд кВт/соат содир кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *