Аз Абдуллоҳ ибни Бурайда (разияллоҳу анҳу) аз падараш ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Мунофиқро бузургвор хитоб накунед, зеро ҳарчанд ӯ бузургвор бошад, боз ҳам ингуна хитоб, Парвардигори шуморо хашмгин мекунад (дар инҷо киноя аз бетаваҷҷуҳи ба мунофиқ ва адами мадҳи вай аст).
Бо ривояти Абудовуд, Насои, Аҳмад.
Ибни Асир (разияллоҳу анҳу) гуфт: Мунофиқро пешво нагӯед, агарчи пешвои шумо буд, чун ӯ мунофиқ аст, пас ҳоли шумо назар ба ҳоли вай дигар аст ва Аллоҳ таъоло ба ин кори шумо розӣ намешавад.
Инсони мунофиқ хору залил ва ҳақир аст, лекин мутаассифона ба мусалмонон дида мешавад, ки ҳатто кофирро пешво меноманд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Банӣ Салама хитоб карда пурсиданд, ки пешвои шумо кист? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: Ал-Ҷад ибни Қайс».
Нагуфтанд, ки Ал-Ҷад ибни Қайс пешвои мо аст.
Имом Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) ва Хаттобӣ ( раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд: Агар инсон аз аҳли хайр ва илм ва салоҳ бошад, пас агар ӯро пешво ё пешвои ман гуфтанд ҳеҷ боке надорад.
Маъқил ибни Ясори Музанӣ (р) дар ҳоли беморие, ки бо ҳамон бемории худ вафот кард, гуфт: Ба ту ҳадисе мегӯям, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфтанд «ҳар он бандае, ки Аллоҳ таъоло сарпарасти гурӯҳе ва зердастонеро бар вай супорид ва ӯ дар ҳоле, ки дар ҳилагирӣ ба онҳо хиёнат карда ҷон бозид, Худованд биҳишти хешро бар вай ҳаром мегардонад».
Бо ривояти Имом Муслим ва Аҳмад ва Ибни Ҳиббон.
Ин ҳадис барои онҳое, ки ба мардум сардор ҳастанд ва ҷабр мекунанд, ваъиди сахт аст.
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Агар онҳо чунин карданд, хиёнат ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва хиёнат ба ҳама мусалмонон кардаанд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ҳафт гурӯҳ инсонҳо дар қиёмат дар рӯзе, ки ягон сояе нест, магар сояи Арши Парвардигор, ба он соя ҷой дода мешавад, ки аввали он имом одил аст.
Он шахсе, ки ба зердасти худ хиёнат накарда бошад, дар рузи қиёмат аз ҷумлаи наҷотёфтагон аст.
Аз Ибни Сирин (разияллоҳу анҳу) ва аз АбиҲурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ҳар шахсе, ки бо оҳане (яъне, бо шамшер, найза, ё имруза аслиҳаҳо) ба суйи бародараш ишора кунад (яъне, ба гунае, ки ӯро битарсонад), пас фариштагони Аллоҳ онро лаънат бикунанд, агарчанде аз як падару модар бошанд.
Бо ривояти имом Муслим.
Дар ин ҳадис таъкид бар он аст, ки ҳурмати шахси мусалмон хеле баланд аст ва наҳй аст, ки мо бояд ҳамеша шаъну шарафи шахси мусалмонро ҳифз кунем.
«Аз як падару модар бошад», яъне, дар инҷо ишора ба умуми мардум аст, ки резондани шаъну шарафи дигаронро боби авло ҷоиз нест.
Олимон зикр мекунанд, ки бо силоҳ тарсондани онҳо аз руйи ҳазлу шӯхӣ низ ҷоиз нест, балки ҳаром аст.
Дар дигар ривоят омадааст, ки «ба лаънати фариштагон мемонад, то вақте, ки он силоҳро аз дасти худ бимонад».
Ва дар дигар ривоят омадааст, ки «шояд шайтон ба ҳамон дасташ кашмакашу ҷангу ҷанҷол бикунад».
Ҷамъоваранда Мухтор Закариё