Рубрики Хабарҳо

Хатсайрҳои ҳавопаймоии Стамбул- Ош ва Стамбул-Хуҷанд расман мутаваққиф шуданд

Бино ба парвози хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Туркиш эйрлайнз” аз Стамбули Туркия ба шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Оши Қирғистон ба таваққуф гузошта шудааст.

Ҳамчунин ин ширкат парвозҳои ҳавопаймоҳои худ ба якчанд шаҳрҳои кишварҳои Алҷазоир, Дания, Фаронса, Олмон, Эрон, Итолиё, Арабистони Саудӣ ва Украинаро қатъ кардааст.

Сабаби мутаваққиф гузоштан ва қатъи парвозҳо талаботи ками мусофирон ва пешгирӣ аз амалиётҳои террористӣ ва таркишҳо унвон карда шудааст.

Гуфта мешавад 17 хати сайри байналмилалӣ мутаваққиф ва 30 ҳавопаймо муваққатан аз истифода бозмондаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *