11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Аркадий Дубнов: Таъсиси Паймони Миллӣ гоми хубе барои ташкили як созмони мӯътабар аст

Дубнов ба ин назар аст, ки ПМТ бояд намояндагӣ аз қишри бузурги ҷомеъа кунад

Коршиноси маъруфи масоили Осиёи Миёна Аркадий Дубнов ҳам дар конфронси САҲА ширкат дошт. Паём мусоҳибаи кӯтоҳе аз ӯ дар бораи таъсиси Паймони Миллӣ ва ояндаи Тоҷикитсон гирифт, ки пешкаши хонандагон мегардад.  

— Назари шумо нисбати эътилофи тоза-таъсиси мухолифини тоҷик ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» чист?

— Ҷамъшавӣ ҳамеша беҳтар аз парокандашавист ва ба созиш расидан беҳтар аз хархаша кардан аст. Бахусус байни тоҷикон, ки ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро ба ду ҷабҳа тақсим кард. Алъон тоҷикони зиёде барун аз кишварашон зиндагӣ мекунанд ва имкони баргаштан ба онро надоранд ва Раҳмон онҳоро душманони худ меҳисобад.

Аммо дар асл ҳадафи ин тоҷикон баргаштан ба ватани худашон, ба он созишномаи сулҳест, ки соли 1997 имзо шуда буд ва сохтани як Тоҷикистони ободу пешрафта аст. Тоҷикистоне, ки ба ҳама шаҳрвандонаш муталлиқ бошад, на танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаву қабилаи ӯ. Бинобар ин эътилоф албатта лозим аст.

Ман аксари онҳое, ки дар ин эътилоф ҳузур пайдо карданд мешиносам ва нафарони воқеъан лоиқ ҳастанд. Вале он нерӯе, ки паси онҳо қарор дорад дида намешавад. Яъне мо намедонем, ки чӣ миқдор мардум аз онҳо дастгирӣ мекунанд. Аммо ин эътилоф аз як тараф кӯшиши хуби сохтани як улгӯест ва аз тарафи дигар дастгирии Кабирӣ аст, ки ба як маркази айбдоркунии Душанбе табдил ёфтаву ҳамаи тирҳо ба сӯи ӯ партоб мешаванд. Албатта ин токтике, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Кабирӣ истифода менамояд, касе дастгирӣ намекунад, вале дастгирие, ки тоҷикони дигар аз Кабирӣ мекунанд, хеле муҳим аст. Вале ин ҳанӯз барои таъсиси як созмони мӯътабар, (ман намегӯям мухолиф) ки тавонад аз тоҷиконе, ки худро ба қабилаи Раҳмон вобаста намедонанд намояндагӣ кунад, хеле кам аст. Чун дар Тоҷикистон танҳо як ҳизби ҳоким аст ва он Оила ва онҳое мебошанд, ки аз дасти ин оила тановул мекунанд.

— Назари Шумо дар бораи пешниҳоди гуфтугӯи ҷадиди ҳукумату мухолифин чист ва кӣ бояд ин гуфтугӯро анҷом диҳад?

Ман ба ин назарам посухе, ки Кабирӣ ба пешниҳоди Сафаров мабнӣ бар баргаштан ба кишвару оғози музокирот хеле дақиқ буд. Ӯ гуфт, марҳамат, мо ба гуфтугӯ омода ҳастем ва тими музокиракунандаи мо дар раъси Ҳаиту Ҳусайнӣ дар Душанбе қарор доранд ва дар зиндон ба сар мебаранд. Ба хусус, вақте нафаре, ки ба Кабирӣ пешниҳоди бозгашт ба Душанбеву оғози музокирот кард, намояндаи мақомоти расмии давлатӣ нест, балки танҳо як сиёсатшинос аст. Ба андешаи ман бояд гомҳои минбаъдаро пайгир кард ва он чӣ ба вуқӯъ пайваст, аллакай хуб аст. Ҳамин пешниҳод дарак аз он медиҳад, ки дар Душанбе фикри солим дорад ҷойгузин мешавад. Ва ин фикри солимро бояд дастгирӣ кард.

— Ба унвони яке аз таҳлилгарон ва ҳолдонони чирадасти вазъияти Тоҷикистон, ояндаи кишварро чӣ тавр мебинед?

— Ин суоли мушкиле аст. Тоҷикистонро ояндаи вазнине дар пеш аст. Чун берун омадан аз даврае, ки дар он 25 сол як оила, як ҳизб ҳукмронӣ кардааст ва ҳама чиз ба хостаҳои як нафар бастагӣ дорад, мардум ба ин системи арзишҳо одат кардааст, як насл дар он ба воя расидаву онро як чизи маъмулӣ меҳисобад, хеле мушкил аст. Чӣ хеле, ки ҳоло Ӯзбекистон дар бунёди як системи дуруст мушкилӣ мекашад. Ин як давраи осоне нахоҳад буд, вале бояд ба он омода шуд.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *