Сардори нозироти андози шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Бедил Ҳусейнов аз вазифааш озод карда шудааст: номи ӯ пас аз талаби 500 доллар “доля”-и ҳар моҳа аз соҳибкор расонаӣ шуд.
Худи Бедил Ҳусейнов низ аз мансаб барканор шуданашро ба расонаҳо тасдиқ кардааст. Ҳусейнов ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки 7-уми феврал аз вазифаи сардори нозироти шаҳри Бӯстон, собиқ Чкаловск озод карда шудааст.
Аммо гуфтааст, ки рад ё тасдиқ карда наметавонад, ки барканорияш аз мансаб ба баҳсаш бо соҳибкор Фарҳод Юлдошев ё ба сабаби дигар вобаста аст.
Соҳибкор Фарҳод Юлдошев зимни суҳбаташ бо манбаи хабар изҳор доштааст, ки аз кор озод шудани Ҳусейнов аломати хуб аст.
Юлдошев гуфтааст, “Пас аз он воқеа дигар моро ташвиш надоданд. Бисёр хурсандам, ки ӯро аз мансаб барканор кардаанд, адолат пирӯз шуд. Шахсоне мисли ӯ ба рушди кишвари мо халал мерасонанд. Агар ҳамаи афроди ба ӯ монандро аз кор озод кунанд, Тоҷикистон минбаъд ҳам рушд меёбад.
Фарҳод Юлдошев ҳамчунин аз ҳамаи соҳибкорони Тоҷикистон даъват кардааст, ки вобаста ба масъалаҳои фишор аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар шахсон ошкоро изҳори назар кунанд.