Рубрики Хабарҳо

Сӯҳроб Зафар дар Туркия озод шуд

Раҳбари гурӯҳи 24 Сӯҳроб Зафар аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар Туркия озод шуд. Дар ин бора вакили дифоъи рус, ки ба масъалаи Сӯҳроб Зафар таваҷҷӯҳи хос дошт, дар саҳифаи фейсбукиаш хабр додааст.

Сӯҳроб Зафар рӯзи 19 марти соли ҷорӣ дар Исатмбул ҳамроҳ бо узви дигари Гурӯҳи 24 Насимҷон Шарипов бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд. Рӯзи 21 март Додгоҳи конститутсионии Туркия истирдоди онҳо ба Тоҷикистонро манъ кард.

Охири моҳи май мақомоти Туркия Насимҷон Шариповро озод карданд.

Рӯзи 5 сентябр Сӯҳроб Зафар эълон кард, ки бинобар ба дарозо кашидани қазияаш то замони мушаххас шудани он  даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Дертар баъди мулоқоту гуфтугӯ бо мақомоти боздоштгоҳ ӯ гуруснанишиниашро қатъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон ба аксари кишварҳое, ки муносибати дипломатӣ доранд ва пулсису байналмиллалу дигар ниҳодҳои ҳуқуқӣ парвандаи мухолифини худро бо иттиҳоми терроризму экстремизм ирсол мекунанд, то кишварҳо онҳоро боздошт ва истирдод кунанд. Аммо ҷуз кишварҳои ИДМ ҳеҷ кишваре ба парвандаҳои мақомоти Тоҷикистон бовар намекунад ва агар мухолифинро боздошт ҳам кард, чанде пас раҳо мекунад.

Қабл аз Сӯҳроб Зафар раҳбари қаблӣ ва муассиси Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватов ҳам ду бор бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда, сипас бинобар набудани ҳеҷ далеле озод шуда буд. Ҳамчунин теъдоде аз раҳбарону фаъолони ҲНИТ, аз ҷумла Мирзораҳим Кузов ва Бобоҷон Қаюмов бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ раҳо шуданд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *