Вазири дифоъи Русия эълом кард, ки сомонаи мушакии С-300 ба Сурия таҳвил дода шудааст.
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия дар нишасти Шӯрои амният, ки ба раёсати Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд, дар иртибот бо гирифтани тадобир барои таъмини амнияти нерӯҳои ин кишвар дар Сурия эълом кард, ки сомонаҳои мушакии дифоъи ҳавоии С-300-ро ба Сурия таҳвил додаанд.
Шойгу гуфт: «Таҳвили сомонаи дифоъии С-300 ба Сурия ба поён расидааст. Ҳамчунин 49 дастгоҳи мухталифи низомиро низ таҳвил додем».
Гуфтанист, ҳабдаҳ сентябри имсол, як фурванд ҳавопаймои низомии ИЛ-20-и Русия тавассути сомонаи дифоъи ҳавоии С-200-и Сурия сарнагун шуда буд. Керемл дар пайи ин ҳодиса муддаӣ шуда буд, ки ҷангандаҳои F-16-и Исроил ҳавопаймои низоми ИЛ-20-ро ба унвони сипар дар баробари сомонаи дифоъии Сурия истифода кардаанд.
Вазири дифоъи Русия чанд рӯз пеш ба думболи суқути ҳавопаймои ин кишвар дар Сурия, тайи суханоне гуфта буд кишвараш сомонаи С-300-ро тайи ду ҳафтаи оянда ба Сурия таҳвил медиҳад.