11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз ҲНИТ шикоят кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Ҷопон қарор дорад, зимни суханрониаш дар донишгоҳ Сукубаи Ҷопон аз иттиҳомоташ алайҳи ҲНИТ-ро, ки дар Тоҷикистон мегӯяд, такрор кард. Ӯ масъули қатли Ютака Акино, доктори ҷопонӣ ва корманди СММ-ро, ки 20 сол пеш аз тарафи силоҳбадастони номаълум кушта шуда буд, гурӯҳҳо исломӣ хонд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт “дар иртибот ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон қарзи инсонии худ мешуморам, ки аз номи фарзанд ва шаҳрванди баруманди Япония доктор Ютака Акино, ки 20 сол қабл ҳангоми иҷрои рисолати сулҳофарии худ дар ҳайати Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби силоҳбадастони мухолифини исломӣ кушта шуда буд, ёдовар шавам”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мисли ҳамеша масъулияти ҷанги шаҳрвандиро низ ба дӯши исломиҳо ниҳод ва гуфт “тавассути неруҳои тундгарои диниву сиёсӣ онҳо бо мақсади дар кишвари мо бунёд намудани давлати исломӣ ба таҳмили фарҳангу мафкураи динии ба мардуми мо бегона иқдом карданд.

Дар натиҷа кишвари мо ба майдони муқовимати шадиди ҷонибдорони давлатдории дунявӣ, аз як ҷониб, ва гурӯҳҳои муттаҳиди ифротгароёни динӣ, аз ҷониби дигар, ки усулҳои тундгароёнаи мубориза – зӯроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва таҳдиду тарсониданро васеъ истифода мебурданд, мубаддал гашт.”

Эмомалӣ Раҳмон интихоби худашро тақдирсоз номид ва таъкид кард “дар чунин шароит баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави кишварро интихоб карда, пойдевори ваҳдати миллиро гузошт ва роҳро ба сӯйи ҳаёти осоишта боз намуд ва иқдоми бисёр саривақтию тақдирсоз гардид”.

Раисҷумҳур аз “кӯшиши табаддулоти” муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ёд кард ва маъулияти онро бори дигар ба дӯши ҲНИТ ниҳод. “..вале ҳаводиси минбаъда нишон дод, ки ин ҳизб бо истифода аз кумаку мадади ҳомиёни хориҷии худ аз ақидаҳои аслӣ ва ҳадафҳои ҷинояткоронааш – бо роҳи зӯроварӣ ба ҷомеа таҳмил кардани андешаҳои тундгароёнаи динии ба мардуми мо бегона ва ғасби ҳокимият дар кишвар – даст накашидааст.  Ҳизби наҳзати исломӣ бо иштироки худ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон дод”.

Бо вуҷуди ин ки бо гузашти беш аз се сол кӯшишҳои режими Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмиллалӣ муттаҳам крадани ҲНИТ ба кӯшиши кудато номуввақона будааст, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мавриди бадастомада мекӯшад иттиҳомоташро такрор кунад. То ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон, ҳатто шарикони стратегии Тоҷикистон ин иттиҳомотро қабул накардаанд.

Ба дӯши ҲНИТ гузоштани масъулияти қатли Ютака Акино, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҳар фурсати мувофиқу номувофиқ ба ҷониби Ҷопон “хотиррасон” мекунанд, то ҳол ҳеҷ натиҷае надодааст. Ду моҳ қабл сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока мақолае дар бораи доктор Акино нашр кард, ки дар марги ӯро “таҳти шароити трогедӣ” номида ҳатто ишорае ба қотилони ӯ накардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2 октябр бо сафари расмӣ озими Ҷопон шуд. Раисҷумҳурро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо вазири молия ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳолест, ки муносиботи иқтисодии тиҷории Тоҷикистону Ҷопон бисёр кӯчак аст ва бо кӯмакҳои Ҷопон ба соҳаи иҷтимоии кишвар ва воридоти тақҳизоти ҷопонӣ ба Тоҷикистон тамом мешавад.

Додудугирифти ду кишвар 7 соли охир атрофи 10 миллион доллар чарх мезад, аммо соли гузашта бинобар афзоиши воридоти таҷҳизоти ҷопонӣ ба 30 миллион наздик шуд. Гуфтанист, ки ин маблағ ҳам пурра ба воридоти таҷҳизот аз Ҷопон маҳдуд мешавад. Тоҷикистону Ҷопон ҳеҷ тарҳи муштараки иқтисодӣ надоранд.

Барои муқоиса: додугирифти Ӯзбекистону Ҷопон наздик ба 300 миллион доллар аст ва дар кишвари ҳамсоя 10 ширкати муштараки Ӯзбекистону Ҷопон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла Исудзу, ки соли гузашта дар ин кишвар 11000 автобус ва 10000 мошини борбар истеҳсол кардааст. Соли 2016 ин ду кишвар дар мавриди сармоягузории 8,5 миллмарддолларӣ ба тавофуқ расиданд ва ин созишнома бо тадриҷ амалӣ мешавад. 21 ширкати ҷопонӣ, аз ҷумла Toyota, Sony, Honda, Mitsubisi ва ғайра дар Ӯзбекистон намояндагии худро доранд.

Соли 2013 сарвазири Ҷопон бо пешниҳоди 10 миллиарддолларӣ вориди Осиёи Миёна шуд, то дар ин ҷумҳуриҳо сармоягузорӣ кунад. Насиби Тоҷикистон аз он сармоя чанд миллион доллар барои… мубориза бо малах шуд. Чун вазоратхонаҳои иқтисодиву молиявии Тоҷикистон натавонистанд ҳеҷ тарҳи ҷолиберо ба Ҷопон пешниҳод кунанд.

Аз вазири молия ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузориро ҳамроҳи худ гирифтани раисҷумҳури Тоҷикистон, баъзе коршиносон тахмин мезананд, ки шояд байни ду кишварсозишномаҳои сармоягузорӣ имзо шавад. Вале бо назардошти ин ки дар Тоҷикистон имкони сармоягузорӣ бисёр маҳдуд аст ва солҳои охир сармоя дар ҳоли фирор аз кишвар қарор дорад, дар гумон аст, ки ҷониби Тоҷикистон тавонад Ҷопонро ба гузоштани сармоя ё оғози тарҳи муштараки ҷиддие мутақоид кунад.

Ба назар мерасад ҳадафи аслии сафраи Раҳмон ба Ҷопон гирифтани кӯмак аст. Ин гуна сафарҳоро қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс анҷом медод, аммо як соли охир ин кишварҳо кӯмакҳои билоиваз ба Тоҷикистонро камтар кардаанд.

Муҳоҷир ва «Қасри миллат»

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *