Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik” иттилоъ дод. Ба навиштаи ин сомона, дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ду рӯзи охир нархи газ то 10 дарсад боло рафта то ба 4 сомониву 50 дирам баробар шудааст.
Сабаби боло рафтани нархи онро таъминкунандагони фурӯши сӯзишворӣ ба мушкилиҳо дар марз бо Қазоқистон рабт додаанд. Ба гуфтаи таъминкунандагони сӯзишворӣ, чанд рӯзи охир наметавонанд аз Қазоқистон газ ворид кунанд ва ин маводи сӯхтро ҳоло аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда истодаанд, ки аз сабаби дур будани роҳ ва зиёд шудани хароҷот, нархи газ ҳам боло рафтааст.
Аввалҳои моҳи сентябр баъд аз хабари боло рафтани нархи газ, хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 9 ширкати воридкунандаи газро ба маблағи 1 млну 200 ҳазор сомонӣ ҷарима намуда буд. Баъд аз ҷарима шудани ширкатҳо нархи ин навъи сӯзишворӣ 18 дарсад поён рафт.
То оғози карантин нархи газ ба 2.5 сомнӣ баробар буд. Сар аз моҳи июн то нимаҳои моҳи август нарх 55 дар сад боло рафта, ба 4 сомониву 70 дирам баробар шуда буд, ки нигаронии мардумро ба вуҷуд овард. Маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз хориҷа ворид карда мешавад. Соли гузашта бино ба маълумоти омории гумрук, беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозори сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ месупорад. Ба назари огаҳони умур, монополияи бозори маводи сӯхт аз ҷониби “Фароз” сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ дар кишвар гардидааст.