Дирӯз, 25-уми сентябр, вохӯрии навбатии роҳбарони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар гузаргоҳи Қизил-Бел баргузор шуд. Музокироти ҷонибҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ ҷараён ёфт.
Тибқи иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев «изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд».
Расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба Камчибек Тошиев навиштаанд ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду ҷониб 3 посгоҳ ва 1 пойгоҳи марзӣ бардошта шавад, хабар.
Гуфта мешавад посгоҳҳои Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача аз тарафи Қирғизистон ва Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора иттилоъе надодааст.
Ҳамчунин раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфта, ки зимни мулоқот ҷонибҳои дар бораи кори комиссиюни хатгузории марзи давлатӣ низ табодули назар карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки фаъолияти комиссиюн суръат бахшида шавад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дода, ки ҷонибҳо санади қатъи муноқишаи марзиро низ имзо кардаанд, вале тафсилоташмаълум нест. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи
Хадамоти матбуотии ҳукумати Суғд танҳо дар бораи тавофуқи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз хабар медиҳад. Дар иттилоъияи ин ниҳод омадааст «таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо мушкилоти пешояндаро бо ҳусни тафоҳум ҳал кунанд.”