Додгоҳи касатсионӣ ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро бетағйир гузошт. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ин фаъоли иҷтимоиро ба 5 сол зиндон маҳкум карда буд.
Тибқи иттилоъи як манбаъ, додгоҳи касатсионӣ, ки мурофиъааш чанд дақиқа пештар ба анҷом расид, ҳукми 5 соли зиндони Ҷунайдулло Худоёровро бетағйир боқӣ гузошт.
Ҷунайдулло Худоёров бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни салафия, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба зиндон мақкум шуда буд. Наздикони ӯ ҳукми додгоҳро ноодилона ва Ҷунайдуллоро бегуноҳ медонанд. Онҳо мутмаъинанд, ки Ҷунайдулло барои ифшокориҳояш аз фасоди ҷорӣ дар ноҳияи Рашт мавриди интиқоми роҳбарони ноҳия қарор гирифтааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), аз як ҳафта пеш корзореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои озодии фаъоли иҷтимоии тоҷик, Ҷунайдулло Худоёров роҳандозӣ карда буд.
Муҳаммадиқбол Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар барномаи видеоие, ки дирӯз мунташир кард, зимни ироаи гузориш аз раванди корзори ин кумита, гуфт, ки агар суди кассатсионӣ дар мавриди Ҷунайдулло як ҳукми одилона набарорад ва ӯ озод нашавад, ин кумита ба корзори худ идома дода ва ба иқдомҳои дигаре рӯй хоҳад овард. Аз ҷумла тамоми ҳақоиқро дар бораи мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт, ки пушти ин ҳукми ноодилона қарор доранд, ифшо хоҳад намуд.
Фардо 31.10.2018 мурофиаи Ҷунайдулло Худоёров баргузор мегардад!
Posted by on Tuesday, October 30, 2018