Рубрики Хабарҳо

Радабандии Doing business: Вазъи бизнес дар Тоҷикистон бадтар шудааст

Бизнес дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта вазъи бадтаре дорад. Тоҷикистон дар радабандии Doing business (бурдани бизнес), ки ба Бонки Ҷаҳонӣ мутааллиқ аст, се зина поёнтар аз соли гузашта қарор гирифтааст.

Аз даҳ нишондиҳанда Doing business дар 7-тои он Тоҷикистон аз 2 то 7 зина поёнтар рафта, дар се нишондиҳанда 1-2 зина болотар баромадааст. Дар натиҷа ҷумҳурӣ байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 126-умро ишғол кардааст. Соли гузашта дар ҷои 123-юм қарор дошт.

Ҳафт нишондиҳандае, ки дар он мавқеъи Тоҷикистон поёнтар рафтааст:

  • бақайдгирии корхонаҳо (ҷои 60-ум ва -3 зина)
  • андозбандӣ (ҷои 136-ум ва -4 зина)
  • таъмини иҷрошавии созишномаҳо (ҷои 61-ум ва -7 зина)
  • ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон (ҷои 38-ум ва -5 зина)
  • дарёфти қарз (ҷои 124-ум ва -2 зина)
  • дастрасӣ ба нерӯи барқ (ҷои 173-ум ва -2 зина)
  • бақайдгирии моликият (ҷои 91-ум ва -1 зина)

Дар ҳоле, ки соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон аз ба афсона табдил ёфтани лимити барқ ҳарф зада буд, имсол ҳам кишвар як зина дар нишондиҳандаи “дастрасӣ ба нерӯи барқ”-ро аз даст дод ва байни 190 кишвар дар ҷои 173-ум қарор гирифт.

Аммо се нишондиҳандае, ки Тоҷикитсон тавонистааст мавқеъашро як зина боло барад:

  • ҳали мушкили варшикастагӣ (ҷои 146-ум ва +2 зина)
  • тиҷорати байналмиллалӣ (ҷои 61-ум ва +1 зина)
  • иҷозат барои сохтмон (ҷои 135-ум ва +1 зина)

Таҳлилгарони Doing business навиштаанд, ки имсол Тоҷикистон тавониста танҳо 1 ислоҳот роҳандозӣ кунад — созишномаи гумрукӣ бо Ӯзбекистон.

Дар се мавқеъи аввали радабандии имсола ҳам дар Doing business Зеландияи нав, Сингапур ва Дания ҷойгир шудаанд. Дар даҳгонаи аввал аз кишварои собиқ Шӯравӣ Гурҷистон (ҷои 6-ум) ҷойгир шудааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *