Рубрики Хабарҳо

Додситони Истамбул: Хошуқчӣ тикка-тикка шуда буд

Додситони кулли Истамбули Туркия пас аз анҷоми таҳқиқот дар бораи парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ тайи баёнияе эълом кард: вай билофосила пас аз вуруд ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, тибқи нақшае хафа ва кушта шудааст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:

“Ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз қатл, тикка тикка ва маҳв шудааст. Алорағми талоши хушбинонаи мо барои равшан шудани ҷузъиёти ин моҷаро (қатли Хошуқҷӣ) натиҷае ба даст наомадааст.

Ҳеҷ кадом аз мақомоти Арабистони Саудӣ ба саволҳои мо дар бораи ҷузъиёти иддаои ин кишвар мабнӣ бар вуҷуди “ҳамдастони маҳаллӣ”-и ин қатл посух надодаанд.

Дархости катбии мо аз Арабистони Саудӣ барои ироаи мушаххасоти “ҳамдастони маҳаллӣ”-и ин қатл, ки тавассути ин кишвар иддао шуда буд, пазируфта нашуд. Дархости мо барои истирдоди гумонбарони боздоштшуда дар Арабистони Саудӣ ба Туркия, дубора ироа шудааст.»

Додситони кулли Истамбул ба ҳамроҳи ҳайати таҳқиқи дар бораи моҷарои қатли Хошуқҷӣ ба Арабистони Саудӣ даъват шудааст. Саъуд Ал-Муъҷиб, додситони ин кишвар дирӯз дар бораи парвандаи ин қатл бо Ирфон Фидон, додситони Истамбул гуфтугӯ кардааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, сардабири собиқи рӯзномаи Ал-Ватан ва сутуннависи Вашингтон пост рӯзи дуввуми моҳи октябри соли ҷорӣ ба манзури анҷоми умури расмӣ вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуда ва аз он хориҷ нашуд.

Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 20 октябр тайи баёнияе кушта шудани Хошуқчӣ дар дохили консулгарии ин кишвар дар Истамбулро таъйид кард. Додситони кулли Арабистони Саудӣ муддаӣ шуда, ки Хошуқҷӣ баъд аз «даргирӣ» бо чанд нафар дохили сохтимони консулгарӣ фавт карда ва 18 шаҳрванди ин кишвар дар иртибот бо ин ҳодиса боздошт шудаанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *