Рубрики Хабарҳо

«Шоҳи футбол»даргузашт. Зиндагиномаи ӯ

Пеле, бозикун устураии футболи Бразилиё ва ҷаҳон рӯзи панҷшанбе 29 декабр дар 82 солагӣ даргузашт. Пеле бо маҷмӯъи 1279 голи задааш дар 1363 бозӣ байни солҳои фаъолияташ аз соли 1956 то 1977 рекорддори Гиннес дар бештарин голи зада дар тӯли зиндагии ҳирфаӣ аст. 

Шояд модару падар Э‌дсон Ара‌нтис ду Насиме‌нту дар ҳангом таваллуди вай дар 23 октябри 1940 ҳатто хоби футболист шудани писаршонро ҳам намедиданд. Онҳо ба хотири Томас Эдисон, ихтирокори амрикоӣ номи писарашонро бо ҳазфи як «и» Эдсон гузоштанд. 

Эдсон дар даврони мактабӣ ба Пеле мулаққаб шуд. Пеле дар воқеъ талаффузи иштибоҳи ӯ аз лақаби дарвозабони мавриди алоқааш, Васко да Гама мулаққаб ба “Бела” буд. Агарчи маънои номи ӯ ба забони ибрӣ «мӯъҷиза» аст, ки чандон аз воқеияти ӯ дӯр нест аммо дар зиндагиномааш навишта, ки ҳеҷ маъное барои лақаби “Пеле” намедонад ва албатта ин калима дар забони португолӣ ҳам бемаънӣ аст. 

Пеле дар 15-солагӣ футболи ҳирфаиро дар бошгоҳи “Сантос” оғоз кард ва дар 16-солагӣ ба тими миллии Бразилиё роҳ ёфт. Ў танҳо бозикун дар ҷаҳон аст, ки дар тӯли фаъолияти ҳирфаии худ 3 бор Ҷоми ҷаҳониро фатҳ кардааст. 

Пеле нахустин бозии миллии худро дар 7 июли 1957 дар Марокано муқобили Аржентин анҷом дод. Ў дар ин бозӣ, ки бо натиҷаи 2 бар 1 ба шикасти Бразилиё анҷомид, нахустини голи миллии худро ба самар расонд ва ҷавонтарин голзани кишвараш шуд. 

Пеле агарчи аз ҳамон ибтидо ва бо дурахшиш дар Ҷоми ҷаҳонии 1958 дархостҳои бисёре аз бошгоҳҳои сарватманди аврупоӣ ҳамчун Реали Мадрид, Ювентус ва Мачестер Юнайтед дошт ва ҳатто то қарордод бо Интери Милан ҳам расид, аммо то авохир даврони ҳирфаии худ, яъне соли 1974 дар бошгоҳ Сантос монд. Вай дар соли 1961 аз тарафи давлати Бразилия ба унвони ганҷинаи миллии расмии ин кишвар шинохта шуд, то ба гунае аз интиқоли ӯ ба бошгоҳҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ шавад. 

Вай дар соли 1975 пас аз 19 фасл дар Сантос аз ин бошгоҳ бознишаста шуд ва фасли 1975 ба бошгоҳи Ню-Йорк Космоси Амрико пайваст. Ў дар аввали октябри 1977 дар бозии байн тимҳои Космос ва Сантос ба фаъолияти ҳирфаии худ поён дод. Пеле дар нимаи аввал ин бозӣ барои Космос ва дар нимаи дувум барои Сантос бозӣ кард. 

Пеле се бор издивоҷ кард ва ҳадди ақал 7 фарзанд аз издивоҷҳо ва равобити дигараш дорад. 

Ҷоми ҷаҳонии 1958 

Пелеи 17 сола ҷавонтарин бозикуни ин давра аз рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар Суид (Шветсия) буд. Вай дар бозии ниманиҳоӣ муқобили Фаронса бо задани се гол ҳеттрик кард. Дар бозии финал муқобили Суид ду гол ба самар расонд. Бразилия дар ин бозӣ бо натиҷаӣ 5 ба 2 дар муқобилӣ Суид ба пирӯзӣ расид. 

Сигворд Порлинг, бозикуни тими миллии Суид баъдан гуфт: “вақте Пеле панҷумин голи Бразилияро зад, содиқона бигӯям, дилам мехост барояш кафкӯбӣ кунам.” 

Пеле ин ҷомро бо 6 голи зада дар 4 бозӣ ба поёни расонд ва беҳтарин бозикуни ҷавони ин ҷом шуд. Вай ҳамчунин муваффақ ба касби тӯби нуқраӣ ба унвони дувумин бозикуни бартари ҷом баъд аз Диде шуд. 

Ҷоми ҷаҳони 1962 

Дар Ҷоми ҷаҳонии 1962 дар Чилӣ, Пеле беҳтарин бозикуни дунё буд. Ў дар аввалин бозӣ муқобили Мексик, поси голи аввали Бразилияро дод ва дувумин голи ин тимро ба самар расонд. Бразилия дар ин бози бо натиҷа 2 бар сифр ба пирӯзӣ расид. 

Пеле дар бозии баъдб муқобили Чехословакиё вақте мехост як зарба аз дур бизанад ҷароҳат бардошт ва боқии мусобиқотро аз даст дод. 

Бразилиё бо пирӯзии 3 бар 1 муқобили Чехословакиё дар финали ин ҷом аз унвони қаҳрамонии худ дифоъ кард. Гиринчои бразилиягӣ нақши аслиро дар қаҳрамонии тимаш ифо кард. 

Ҷоми ҷаҳонии 1966 

 Пеле машҳуртарин бозикуни ин ҷом буд. Интизорот аз ҳузури Бразилиё дар ин ҷоми ҷаҳонӣ дар Бритониё бисёр боло буд чун ба ғайр аз Пеле бозикунони чун Горинчо, Гилмор, Дижолмо Сантос, Ҷорзинио ва Жерсонро дар ихтиёр дошт. Аммо ин тим дар ҳамон марҳалаи муқаддамотӣ ҳазф шуд. Ин ҷом бо мавзӯъоти дигаре ҳамчун хатоҳои ваҳшатноке, ки рӯй Пеле тавассути мудофеъини булғорӣ ва портуғолӣ анҷом шуд, ба ёд мондааст. Ин хатоҳо сабаб ҷароҳатҳои ӯ шуд. 

Пеле бо задани нахустин гол муқобили Булғориё, аввалин бозикуне шуд, ки дар се ҷоми ҷаҳонӣ гол задааст. Аммо ӯ ба далел ҷароҳат, бозии дувум дар муқобили Маҷористонро аз даст дод. Пеле дар бозии ҳассоси севум муқобили Портуғолиё ҳозир шуд. Жуов Муриёноис, мудофеъи портуғолӣ рӯйи ӯ хато кард, ки аз чашми довар пинҳон монд. Ин хато яке аз бадтарин иштибоҳҳои доварӣ дар таърихи футбол ба ҳисоб меояд. Пелеи маҷрӯҳ маҷбур шуд то охири бозӣ дар замин бимонад. Бразилия дар ин бозӣ шикаст хӯрд ва аз рақобатҳои Ҷом ҷаҳонӣ ҳазф шуд. 

Пас аз ин бозӣ Пеле муддаӣ шуд, ки дигар дар Ҷом ҷаҳонӣ бозӣ нахоҳад кард. Албатта тасмимаш каме баъд иваз шуд. 

Ҷоми ҷаҳонии 1970 

Таркиби Бразилиё дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ дар Мексик бо давраи пешин тафовути асосӣ дошт. Бисёре аз бозикунони ин тим бознишасти шуда буданд аммо аз таркиби Пеле, Риолино, Ҷорзинио, Жерсон, Карлос Олберто ва Клодо Албо ба унвони беҳтарин тими таърих ёд мешавад. 

Дар бозии финалии ин ҷом, Бразилиё дар муқобили Итолиё қарор гирифт. Пеле нахустини гол Бразилияро ба самар расонд. Ин бозӣ бо натиҷаи 4 бар як ба суди Бразилиё ба поён расид ва Пеле тӯби тилоии ин мусобиқотро ба худ ихтисос дод. 

Трсисио Баргиниаш, бозикуни Итолиё дар поёни бозӣ дар бораи Пеле гуфт: “пеш аз бозӣ бо худам фикр мекардам ӯ ҳам мисли ҳамаи мо аз пӯсту устухон аст. Аммо иштибоҳ мекардам.” 

Бо таваҷҷуҳ ба поси голҳое, ки Пеле дар ин ҷом дод, ӯ дар ба самар расидани 53 дарсади голҳои ин давра аз Ҷоми ҷаҳонӣ шарокат дошт. Ҷоми ҷаҳонии 1970 дар Мексик охирин ҳузури Пеле дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ буд. 

Охирин бозии миллии Пеле дар 18 июли 1971 муқобили Югословиё дар Рио дк Женейро буд. Бо ҳузури Пеле дар мусобиқот, Бразилиё 67 бурд, 14 мусовӣ ва 11 бохт ба даст овард. Вақте Пеле ҳамроҳи Горинко дар майдон буд, Бразилиё ҳеҷ гоҳ шикаст нахӯрд. 

Пеле пас аз бознишастагӣ дар 1977 ба унвони шахсияти варзишӣ фаъолият кард ва муддате вазири варзиши Бразилиё буд. Ў аввалин бозикуне аст, ки аз ФИФА ҷоизаи ифтихории беҳтарин бозикуни ҷаҳонро дарёфт кард. Ин иттифоқ дар сол 2014 ва дар шаби маросими эҳдои тӯби тиллоӣ иттифоқ афтод. Дар ин маросим ба сурати ифтихорӣ як тӯби тило низ ба Пеле дода шуд. 

Пас аз футбол 

Пеле дар соли 1994 ба унвони сафири ҳусни нияти Юнеско мансуб шуд. Фернандо Ҳонорикр Кордусо, раисҷумҳури Бразилиё, дар соли 1995 Пелеро ба симати вазири варзиш мансуб кард. Дар ин муддат ӯ қонунеро барои коҳиши фасод дар футболи Бразилиё пешниҳод дод, ки бо унвони “қонуни Пеле” маъруф шуд. Раисҷумҳури Бразилиё дар соли 1998 симати вазири варзишро ҳазф кард. 

Пеле дар соли 2001 ба даст доштан дар расвоии дуздии 700 ҳазор доллар аз ЮНИСЕФ муттаҳам шуд. Албатта ин иттиҳом ҳеҷ гоҳ исбот нашуд ва ЮНИСЕФ низ онро такзиб кард. Вай дар соли 1997 тайи маросими дар кохи Бекингҳем аз малика Элизабети дувум нишони ифтихори шаволияро дарёфт кард. 

Пеле дар аввали августи 2010 ба унвони раиси ифтихории бошгоҳи Космо Ню-Йорк муаррифӣ шуд. 

Пел, ки дар соли 1992 ба унвони сафири муҳити зисти Созмони милал мансуб шуда буд, дар сол 2012 ба далели “кумаки қобили таваҷҷуҳ дар аҳдофи башардӯстона ва зистмуҳитӣ ва ҳамчунин дастовардҳои варзишии худ” мадраки ифтихорӣ аз донишгоҳи Эдинбург дарёфт кард. 

Пеле дар соли 2016, беш аз 1600 маврид аз маҷмӯаҳои коллексияиро, ки дар тӯли даҳаҳо ҷамъоварӣ карда буд ба фурӯш гузошт ва 3.6 миллион фунт барои умури хайрия ба даст овард. Пеле дар соли 2018 созмони хайрияи худ ба номи “бунёди Пеле”-ро таъсис кард. Ҳадафи ин маҷмӯа талош барои тавонмандсозии кӯдакони фақир ва маҳрум дар саросари ҷаҳон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *