Рубрики Хабарҳо

Табибони рус омода нестанд воксини коруно бигиранд

Бештари табибони рус (52%) омода нестанд воксини нави коруноро, ки чанд рӯз қабл раисҷумҳури Русия аз тавлиди он хабар дод, дар тани худ қабул кунанд. Танҳо 24,5% дарсади табибон омодагии худ ба гирфитани воксинро эълон кардаанд

Тибқи иттилоъи бо истинод ба хадамоти назарсанҷии “Справочник врача”, табибони рус ба воксине, ки Русия аввалин шуда аз тавлиди он хабар дод, эътимод надоранд. 

Дар ин назарсанҷӣ 3040 табиби мутахассис ширкат кардаанд. Он рӯзҳои 12-13 августа тавассути замимаи “Справочник врача” гузаронида шудааст.

Адами боварӣ ба воксинро 66%-и пурсидашудаҳо ба набудани маълумот дар бораи таъсирнокии он рабт додаанд. 48%-и пурсидашудаҳо бошанд, ба суръати тавлиди он бо шубҳа назар мекунанд. Танҳо 20%-и онҳо ҳозиранд, ки ин воксинро ба беморон ва ҳамкору шиносҳояшон тавсия диҳанд.  

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии Тоҷикистон тасмим доранд яке аз аввалинҳо шуда  воксини русии зиддикоруноиро харидорӣ кунанд. Қарор аст рӯзҳои наздик дархости харидории воксин ба Русия ирсол шавад.

“Умедворем бо кӯмаки ҳукумат ва ҳамкорони рушд воксини зиддикоруноии тавлидшуда дар Русияро ба даст орем. Барои ин лозима ст, ки Вазорати тандурустӣ гурӯҳи корие ташкил диҳад ва нафаронеро, ки бештар гирифторӣ доранду ба воксин ниёзи бештар доранд, муайян кунад” — гуфтааст як  манбаъ дар Хадамоти эпидимиологию санитарии кишвар.  

Гуфтанист, 11 август Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз бақайдгирии воксини русии вируси коруно хабар дод. Ӯ эълон кард яке аз духтарони худаш ҳам ин воксинро дар худ таҷриба кардааст. 

Ин воксинро “Спутник V” номиданд ва он аввалин шуда дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Он бояд аз 1 январи соли 2021 ба муомилот барояд. Вазорати тандурустии ИМА ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба воксини истеҳсоли Русия бо эҳтиёт вокуниш карданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *