Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” шумори дақиқи кушташудаҳо дар муассисаи ислоҳотии рақами 3-и вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 53 ва захмиҳо 186 нафар аст.
Манбаъи мӯътамад аз додситонии вилояти Суғд ба Паём иттилоъ дод, ки зимни пахши исён дар зиндон 53 нафар кушта ва 186 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт шумори кушташудагон шояд чанд рӯзи дигар афзоиш ёбад, чун вазъи ҳудуди 10 нафар захмиҳо сахт вазнин талаққӣ мешавад.
Қаблан расонаҳо аз кушта шудани 24 то 32 нафар хабар дода буданд. Ахиран сомонаи “Ахбор” навишт то ҳол 47 зиндонии кушташуда гӯронида шудаанд.
Номи зиндонбонҳои кушташуда нашр гардидааст, ки Мирсаид Қодиров, сардори шӯъбаи тарбиявии зиндони рақами 3 ва Эҳсон Ёқубов, посбони маҳбас мебошанд, аммо асмои зиндониёни кушташуда, ба ҷуз 1-2 нафаре,ки наздиконашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, расонаӣ нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ҳол ҳеҷ изҳориназаре дар мавриди исён ва сабабу шумори кушташудагони он накардаанд.
Ба Паём муяссар шуда ному нишонаҳои чанд маҳбуси кушташударо пайдо кунад, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд.