Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш ҳарфе аз фоҷеъа дар зиндон нагуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи милитсия ҳарфе дар бораи фоҷеъаи зиндони Хуҷанд, ки беш аз 30 кушта ва беш аз 100 маҷрӯҳ боқӣ гузошт, ҳарфе назад.

Дар ин ҷашн, ки ҳамагӣ пас аз се рӯзи кушта ва маҷрӯҳ шудани беш аз 150 шаҳрванди кишвар, ки байнашон ду корманди интизомӣ, аз ҷумла як корманди собиқи милитсия ҳам буданд, рақсу сурудхонӣ ва суханрониҳои ботантана буданд, аммо ёде аз қурбониёни ҳодисаи зиндон нашуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз “тадбирҳои муассири” давлат  “ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат” барои кормандони милитсия гуфт ва зикр кард “давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна якуним баробар зиёд гардидааст.

Дар ин муддат беш аз 700 нафар кормандон ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд”.

Ӯ ҳамчунин гуфт даҳҳо иншоот дар тамоми кишвар барои Вазорати дохилӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дастовардҳои милитсияи тоҷикро низ зикр кард: Дар зарфи солҳои охир аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 95 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати беш аз 500 нафар дар содир намудани зиёда аз 900 ҷиноят муайян ва дастгир гардида, қисме аз онҳо безарар гардонида шудаанд. Илова бар ин, беш аз 4800 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористидошта ошкор гардида, дар натиҷа зиёда аз 1500 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ қашида шудаанд. Аз 63 амали террористӣ ва таҳрибкории дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб гирифташуда 40 ҳолати он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст. Танҳо дар давоми се соли охир 82 ҳолати маблағгузории терроризм ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.”

Ва аз афзоиши дубаробарии чинояткорӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард: “Тибқи маълумоти оморӣ дар даҳ соли охир шумораи содиршавии ҷиноятҳо афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар соли 2008 дар мамлакат камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 17 500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Яъне дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда қариб ду баробар афзудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳатто вайронкунии қоидаи роҳ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар паёмаш зикр кард: «Ҳамчунин, дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, бе аломати қайди давлатӣ, бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва қалбакӣ зиёд мушоҳида мешуданд». Аммо аз фоҷеъаи зиндони рақами 3 дар Хуҷанд аслан ёд нашуд.

Қаблан Иззатулло Шарипов, сардори сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои Вазорати адлия низ аз ҳодисаи зиндони Хуҷанд изҳори бехабарӣ карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *