Рубрики Хабарҳо

7 суол оиди исёни 7 ноябр дар зиндон

7-уми ноябр дар муассисаи ислоҳотии рақами 3-и вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Хуҷанд “исён” сар зад, ки тибқи иттилоъи расонаҳо шумори кушташудаҳо аз 20 оғоз шуд ва ҳоло ба 53 то 60 расидааст. Шумори маҷрӯҳон ҳам аввал 47 нафар гуфта мешуд ва ҳоло наздик ба 200 гуфта мешавад. Бо гузашти 4 рӯз мақомоти Тоҷикистон ҳарфе дар ин бора назадаанд ва мавқеъашон ҳам то ҳол маълум нест.

Суолҳои бепосухе оиди ин ҳодиса дар зеҳни мардум ва коршиносон пайдо шудаанд, ки бояд мақомот ба онҳо посух гӯянд. Албатта суоли асосӣ ин аст, ки чаро мақомот хомӯшанд? Посухҷӯӣ ба ин ин суолро ба охири ин навишта мегузорем, то шояд хонанда аз суолҳои дигар ба суоли асосӣ посух пайдо кунад.

Сабаби сар задани ошӯбро сомонаи “Ахбор”, бо истинод ба манбаъаш, шиканҷаи як маҳбус бо луч гузоштан зери борон номидааст.  Агар воқеъан исён буд, пас ин фарзия беш аз ҳама наздиктар ба ҳақиқат менамояд, чун шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон як амри маъмулӣ аст.

Суоли 1: Барқро кӣ хомӯш кард?

Хайрулло Абдуллоев, падари яке аз зиндонбонҳои маҷруҳ рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бо нақл аз писараш ҳодиса шабона, ҳангоми аз назар гузарондан ё “ҳасту нест”-и маҳбусон сурат гирифтааст. “Якбора барқро хомӯш карда, бо ҳар чизе ба дасташон омадааст, задаанд”.

Кӣ барқро хомӯш кардааст? Хомӯш кардани барқ ҳангоми “ҳасту нест” дар зиндон вайронкунии шадиди қоидаи бехатарӣ дар зиндон аст.  Яқинан зиндониён имкони ин корро надоранд — дастрасӣ ба рӯшанкунакҳои барқ аз онҳо дур нигоҳ дошта мешавад. Дар ҷойҳое, ки маҳбусон танҳо дар сурати забт кардани зиндон ба он расида метавонанд. Аммо барқ қабл аз ошӯб хомӯш шудааст. Пас ду фарзия боқӣ мемонад: ё барқ тибқи лимит хомӯш шудааст, ё касе аз зиндонбонҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зиндониён ин корро кардааст.

Фарзияи лимитро метавон бидуни шубҳа дур андохт: имкон надорад, ки маъмурини зиндон ин масъаларо бо масъулини барқ баррасӣ накарда бошанд, то мабодо ҳангоми дар берун будани маҳбусон барқро хомӯш накунанд. Чун ҷони маъмурини зиндонро ба хатар меафканад.  

Ягона фарзияи боқимонда ҳамдастии як ё чанд аз маъмури зиндон бо “исёнгарон” аст. Агар воқеъан исёне ҷой доштааст, пас бо кӯмаки маъмурин будааст. Ҳоло онро кӣ тарроҳӣ кардааст — маъмурон ё маҳбусон суол боқӣ мемонад.  Ҳуҷуми якбораи маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳам ба он далолат мекунад, ки ҳамла қаблан тарҳрезӣ шудааст.

Суоли 2: Оё маҳбусон мусаллаҳ шуда буданд?

Ин хабарро, ки расонаҳо нашр карданд — гӯё маҳбусон бо корду табар мусаллаҳ шуда ба зиндониён ҳамла кардаанд, метавон фаромӯш кард. Маҳбусон ҳеҷ имкони дастрасӣ ба корду табар надоранд.

Хабари дигари дар расонаҳо рафтааст, яроқи яке аз зиндонбонҳоро зада гирифтани  як маҳбус ва кушодани тир ба сӯи онҳо мебошад. Дар идомаи нақли Хайрулло Абудллоев аз забони писараш омадааст: “Гуфтанд, ки бо хишт ва ҳар чизе дигар ба сару рӯй задаанд. Мушту лагад чунин осеб намерасонад. Даҳшат аст. Ҳашт ё нуҳ дандонаш шикастааст. Рӯяшро дӯхтаанд. Сару рӯи писарам ягон ҷои обод надорад.” Яъне маҳбусон на бо силоҳ, балки бо хишту дигар ашё ба зиндонбонҳо ҳуҷум кардаанд.

Метавон тахмин зад, ки шояд баъзеҳоро бо хишт зада, баъзеи дигарро паррондаанд. Вале ин тахминро нақли ҳамсари афсари кушташуда рад мекунад. Диловара Қодирова, ҳамсари Мирсаид Қодиров, афсари кушташуда, ки ба ҳайси сардори шӯъбаи тарбиявӣ дар зиндон кор мекард, бо Азия Плюс чунин гуфтааст:

“Гурӯҳе аз маҳбусон ба кормандони зиндон дарафтоданд. Ҳангоми ҳамла шавҳари ман аз худ ҳимоя мекард, занозанӣ менамудд, вале онҳоро раҳо намекард, вале он нокасон ӯро куштанд, сипас бераҳмона корманди дигар — Эҳсон Ёқубови 27-соларо ба қатл расониданд ва танҳо баъди он ба задани кормандони дигари зиндон оғоз карданд”.

Чӣ хеле, ки мебинед, инҷо ҳарфе аз силоҳи оташфишон нест. Ду кушташуда аз ҷониби мақомот дар натиҷаи латукӯб ҷон додаанд.  

Яроқ надоштани маҳбусонро ин Эҳсон Ёқубов ҳам тасдиқ мекунад: “Ба фикри ман қотилоне ки Эҳсонро ба қатл расониданд танҳо сураташон ба инсон шабеҳият дораду халос, дар асл онҳо сирати аз ҳайвони ваҳшӣ бадтар доранд, наход инсон як инсони дигарро ба ин ваҳшоният бикушад, дар тани ӯ як ҷои обод намедидед гӯё ӯро подаи махлуқони хунмаст ба даст бурда буданд”

Суоли 3: Чаро мақомот вориди гуфтугӯ бо “исёнгарон” нашуданд?

Тибқи иттилои расонаҳо, исён як соат ҳам тӯл накашидааст. Дарҳол баъди исён ду гурӯҳи махсуси пулис ва Кумитаи амният —  ОМОН ва “Алфа” ба ҷои ҳодиса омада “исёнро хомӯш кардаанд”. Бо куштани даҳҳо нафар ва маҷрӯҳ сохтани беш аз сад нафар тавассути силоҳҳои оташфишон.

Исён дар зиндонҳо як амри маъмулист ва он дар аксари кишварҳои дунё рух медиҳад. Вале ҳамеша мақомот вориди гуфтугӯ бо исёнгарон мешаванд, ҳатто агар онҳо ба яроқи оташфишон даст ёфтаанд. Гоҳо талаботи онҳо қонеъ карда мешаванд. Дар аксари ҳолатҳо мушкили исён бо роҳи осоишта ҳал мегардад. Аммо бидуни гуфтугӯ ва омӯхтани қазия тирборон кардани наздик ба 150 нафар амалест, ки то ҳол дар таърихи исёнҳо дар ҷаҳон дида нашудааст.

Бояд мушаххас шавад фармони тирандозӣ ба сӯи нафарони бесилоҳ аз тарафи чӣ касе садо додааст — қумондони ОМОН ё Алфа, сардори пулис ё амнияти шаҳр ё вилоят, вазири корҳои дохила ё раиси Кумитаи амният ва ҳар касе ин фармонро содир кардааст назди қонун посух гӯяд.  

Суоли 4: Чанд нафар кушта шуданд?

Шумори кушташудаҳоро аз 24 то 60 нафар гуфта мешавад. Қаблан аз 22 маҳбус ва 2 зиндонбон сухан мерафт. Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар дод, ки шумори кушташудагон 32 нафар аст: 2 корманди зиндон ва 30 маҳбус. Сомонаи Ахбор дирӯз навишт, ки то ҳанӯз 47 нафар зиндонии кушташуда гӯронида шудаанд.

Аммо коршиносон ва наздикони маҳбусоне, ки дар зиндони рақами 3 қарор доштанд тахмин мезананд, ки шумори кушташудагон бамаротиб бештар аз он аст, ки расонаҳо гуфтаанд.

Аз ҷумла Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амниятӣ дар сӯҳбаташ бо радиои “Озодӣ” гуфтааст “ба таҳқиқи худи мо шумораи ҳалокшудаҳо аз он рақамҳое, ки дар расонаҳо нашр шудаанд, хеле зиёд аст”.

Як манбаъи Паём бо истинод ба “Салиби сурх”-и Тоҷикистон ҳам гуфт, ки шумори кушташудаҳо аз 40 нафар бештар аст. Ба гуфтаи ӯ захмиён ҳам бештар аз сад нафар ҳастанд.  

Дар ду аксе, ки ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, маҳбусони кушташуда дар ду саф хобиданд. Дар як сафи он, ки маълум нест пурра акс гирифта шудааст ё на, ҳади ақал 15 нафар дида мешаванд.  

Яке аз наздикони маҳбусин, ки рӯзи 08.11 барои дақиқ кардани хабар ба назди зиндон меравад, ба Паём навиштааст, ки роҳро барои рафтан ба назди зиндон баста буданд ва касеро роҳ намедоданд, вале ба ӯ муяссар шудааст аз тарафи дигар ба дарвозаи зиндон наздик шавад ва ҳаводисе, ки назди он мегузаштанд мушоҳида кунад. Ӯ менависад, дидааст, ки наздик ба 60 нафар мурдаро ба мошинҳо бор кардаанд.

Имрӯз манбаъи мӯътамад аз додситонии вилояти Суғд ба Паём иттилоъ дод, ки зимни пахши исён дар зиндон 53 нафар кушта ва 186 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт шумори кушташудагон шояд чанд рӯзи дигар афзоиш ёбад, чун вазъи ҳудуди 10 нафар захмиҳо сахт вазнин талаққӣ мешавад.

Суоли 5: Чаро наздикони маҳбусони зиндони рақами 3 то ҳанӯз ҳеҷ иттилоъе надоранд?

Ҳазорҳо нафар наздикони маҳбусони  муассисаи ислоҳотии рақами 3-и вазорати адлия рӯзи 4-ум аст, ки ҳеҷ иттилоъе дар бораи наздиконашон надоранд. Бо вуҷуди муроҷиъати зиёди онҳо ба мақомот, онҳо на танҳо ба назди маҳбас роҳ дода намешаванд, балки наметавонанд иттилоъе дар бораи зинда, маҷрӯҳ ё мурда будани наздикони зиндониашон пайдо кунанд.

Зиндони №3 барои 750 нафар пешбинӣ шуда, тибқи манбаъҳои гуногун даар он аз 800 то 1100 нафар нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳар нафари онҳо падару модар, зану фарзанд ва хоҳару бародароне доранд, ки шумори умумиашон шояд ба даҳҳо ҳазор расад. Ҳатто тасаввур кардан мушикл аст, ки ин даҳҳо ҳазор чӣ вазъи равоние доранд.

Дур аз иттилоъот нигоҳ доштани мардум ҳадсу гумонҳоеро дар бораи шумори кушташудагон ва усули куштани онҳо зиёд кардааст. Мардум аллакай дар бораи сад кушта ва беш аз 200 захмӣ ҳарф мезанад.

Дар ҳамин ҳол, Паём маълум кард як нафар маҳбус бо пайвандонаш телефонӣ тамос гирифтааст. Ин маҳбус сокини ВМКБ аст. Вале мутаассифона тамоси ӯро наметавон як тамоси тасодуфӣ ё муқаррарӣ хонд. Ин маҳбус айнан ду ҳафта қабл аз фоҷеъа ба наздиконаш занг зада гуфтааст, ки ду ҳафта наметавонад ба онҳо занг занад ва онҳо набояд хавотир шавад. Ва рӯзи 08.11 занг задааст, ки “ман зиндаву саломатам”.

Суоли 6: Чаро иҷозаи дидани ҷасадҳоро ба наздиконашон намедиҳанд?

То ҳол чанд ҷасаде, ки ба соҳибонашон супорида шудаанд, таҳти назорати шадиди пулис ва амният бидуни ҷаноза ва шустушӯ гӯронида шудаанд. Мақомот ба наздикони кушташудаҳо иҷозати ҳатто боз кардани кафанро надодаанд.

Чунин амалкарди мақомот нишони он аст, ки онҳо чизеро мехоҳанд аз мардум пинҳон доранд. Албатта ин ки ҳамаи онҳо бо силоҳи оташфишон кушта шудаанд, дигар ҷои шубҳае нест ва пинҳон кардани он мантиқӣ ба назар намерасад. Мақомот мекӯшанд чизи дигареро аз мардум пинҳон доранд. Аммо он чист? Осори шиканҷа?

Суоли 7: Чаро мақомот ҳарфе намезананд?

Бо вуҷуди ин ки тамоми расонаҳои дунё аз ҳодисаи муассисаи ислоҳотии рақами 3-и вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, рӯзи панйум аст, ки мақомот об ба даҳон гирифтаанд. Гӯё чизеро намебинанд ва намешунаванд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ, ки рӯзи шанбе дар ҷашни рӯзи милитсияи тоҷик ширкат ва суханронӣ кард ҳарфе аз ҳодисаи Хуҷанд назад. Ӯ ҳатто аз вайронкунии қоидаи роҳ дар Бадахшон изҳори нигаронӣ намуд, аммо аз кушта шудани беш аз 50 шаҳрванди кишваре, ки онро идора мекунад, сухане нагуфт. Яке аз ин кушташудаҳо — Мирсаид Қодиров солҳо дар милитсия фаъолият карда, баъдан дар ин зиндон ба ҳайси сардори шӯъбаи тарбиявӣ кор менамуд.   

Иззатулло Шарипов сардори Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия низ ду рӯз пас аз ҳодиса изҳори бехабарӣ аз он кардааст.

Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ, ки дар куштори маҳбусони бесилоҳ мустақиман даст доранд, то ҳол ҳарфе дар бораи амалкарди гурӯҳҳои тобеъ ба ин ду ниҳод — ОМОН ва Алфа чизе нагфтаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикитсон ва раиси ҲНИТ дар мусоҳибааш бо хабаргузории расмии Олмон Deutsche Welle гуфтааст мақомот сабаби ҳодиса ва ҷузъиёти онро медонанд вале нашри он ба нафъашон нест. Бинобар ин дар пайи омодасозии фарзияи дигаре ҳастанд, мисли ҳодисаи Данғара, ки қиссаи комилан дигаре аз воқеъияте, ки буд, сохтанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *