10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар 7 моҳ беш аз 1,7 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд

Тибқи гузориши созмони “Федерасюни муҳоҷирони Русия” дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,7 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ворид шудаанд. Тоҷикистон дуввумин кишвари содиркунандаи муҳоҷир ба Русия аст. Дар ҷои аввал Ӯзбекистон қарор дорад.

Тибқи гузориши ин созмон аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 1 745 554 нафар аз Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки 790 116 нафари онҳо бо ҳадафи кор ба ин кишвар рафтаанд.

Шумори онҳое, ки бо ҳадафи кор рафтаанд, аз корти маълумотие, ки ҳангоми вуруд пур карда мешавад гирифта шудааст. Коршиносон мегӯянд, аксари муҳоҷирон зимни ворид шудан ҳадафи сафарашонро на кор, балки бабаҳои дигар зикр мекунанд ва ин рақам метавонад ду баробар бештар бошад.

Бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон ба Русия рафтаанд, ки шуморашон бештар аз 3 миллиону 400 ҳазор нафар аст. Шумори онҳое, ки ҳадафи сафарашонро кор муаррифӣ кардаанд — 1 573 791 нафар.

Аксари муҳоҷирон шаҳри Маскав, вилояти Маскав, шаҳри Санкт-Петербург, вилояти Ленинградро интихоб кардаанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирони тоҷик ба кишвар 1 миллиарду 150 миллион доллар ирсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 миллион бештар аст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *