То ба кор даромадани агрегати аввали НБО Роғун дақоиқи бошуморе мондааст. Мардум ва ҳукумати кишвар аз ин пружа умедҳои зиёде доранд. Агар ҳукумат онро чун василаи дигари таблиғотӣ ва таҳкими қудрат истифода мекунад, мардум умед дорад, ки билохира пас аз 20 соли бебарқӣ аз лимити он халос хоҳад шуд.
Иқтисоддонҳо ҳам ба ин назаранд, ки ба кор оғоз крадани нерӯгоҳ ба иқтисоди кишвар ҷаҳиши хубе хоҳад дод.
Нигоҳе ба таърихчаи НБО Роғун
Пружаи техникии НБО Роғун, ки аз тарафи бахши Осиёимиёнагии институти “Гидропроект” воқеъ дар шаҳри Тошканд омода шуда буд, соли 1974 аз тарафи идораи Сохтмони давлатии (Госстрой) ИҶШС тасдиқ шуд.
Лозим омад пружаро дар шароити хеле сангин амалӣ созанд. Сангҳои кӯҳӣ резанда ва номустаҳкам ҳастанд ва кандани нақб дар он тақрибан ғайриимкон аст, вале муҳандисони шӯравӣ роҳи онро пайдо карданд. Лозим буд барои пешгирӣ аз шуста шудани нақб, зери дарё сементпӯш шавад.
Мавсими омодасозии сохтмони НБО соли 1976 шурӯъ шуд. Моҳи сентябри соли 1976 аввалин сохтмончиҳо ба Роғун омаданд. Майдонҳои сохтмонӣ дар баландии 1000 то 1700 метр ва наздиктарин истгоҳи роҳи оҳан дар 80 километр қарор дошт. Сохти трансформатор ва турбинаҳои обӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистоон ва генераторҳои обӣ дар Свердловск шурӯъ шуд. Ҳамагӣ дар пружа беш аз 300 корзонаи шӯравӣ ширкат мекарданд.
Барои сохтмончиҳо шаҳри Роғун сохта шуд — хонаҳои баландошёна, мактаб барои 1200 ҷой, боғчаи бачагон. Гармии биноҳо аз танӯрҳои электрикӣ таъмин мешуд, дар ошхонаи хонаҳо учоқҳои барқӣ насб шуданд.
Пеш аз ҳама кандани нақбҳои сохтмонӣ дар зери кӯҳҳо, ки таҳти фишори баланд қарор доштанд, оғоз шуд. Баробари канда шудан нақбҳо зуд сементпӯш мешуданд. Дар як моҳ ҳамагӣ чанд даҳметрӣ пеш мерафтанд. Нақша кандани 63 километр нақб буд. Барои суръати кор нақбҳо аз ду тараф ва аз мобайн тавассути шахтаҳои иловагӣ канда мешуданд.
Соли 1987 бардоштани сади болоӣ оғоз шуд, 27 декабри соли 1987 роҳи дарёи Вахш баста шуд. Соли 1993 баландии нақби аввалӣ ба 40 метр расид ва дарозии нақбҳои кандашуда 21 километрро ташкил медод. Сохтмони толорҳои мошинӣ ва трансформаторӣ ҳам мутаносибан 70 ва 80 дарсад анҷом шуда буданд.
Баъди азҳампошии Иттҳоди Шӯравӣ, сохтмони НБО мутаваққиф шуд. Моҳи маи соли 1993 сади аввалия тавассути сел шуста шуда толорҳои мошиниву трансформаторӣ қисман зери об монданд.
Дар бораи азсаргирии сохтмони НБО Роғун дар Тоҷикистон танҳо охири солҳои 90 ва аввали солҳои 2000-ум гуфтугӯ оғоз шуд, вале барои ин кор маблағи бузурге лозим буд, ки кишвар надошт.
Соли 2004 байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати русии “Русал” оиди идомаи сохтмони НБО шартнома ба имзо расид. Бо маблағи “Русал” мутолиъоти техникӣ-иқтисодии пружа сохта шуда, баъзе корҳо дар майдони НБО анҷом дода шуданд. Аз ҷумла толори мошинӣ аз об холӣ гардид. Вале ҷонибҳо дар мавриди як қатор махсусиятҳои аслии пружа ба ифоқа нарасиданд. “Русал” пешниҳод мекард сад бетонӣ ва баландиаш 285 метр бошад, Тоҷикистон қабул накард. Моҳи сентябри соли 2007 ҳукмати Тоҷикстон қарордод бо “Русал”-ро расман бекор кард.
Ҳамон ҳамон қарор қабул шуд НБО бо маблағҳои худӣ сохта шавад. Як қисмати буҷа ба ин пружа ихтисос шуд ва маъракаи фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз мардум 800 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид.
Моҳи декабри соли 2010 корҳо дар нақби аввали сохтмонии нерӯгоҳ ба охир расиданд. Ҳамон сол байни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ қарордод оиди гузаронидани таҳқиқи байналмиллалии пружа баста шуд.
Замони гуаронидани таҳқиқ корҳои сохтмонӣ қатъ гардида, танҳо баъди хулосаи он, ки ба нафъи Тоҷикистон тамом шуд, бо суръати бештар оғоз шуданд.
Соли 2016 ширкати итолиёии «Салини «Импреджило», ки тендерро бурида буд, ба сохтмони нерӯгоҳ шурӯъ кард. Моҳи октябри ҳамон сол роҳи дарёи Вахш баста шуд.
Аз нерӯгоҳи Роғун умедҳои зиёде доранд, аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар. Ин пружа метавонад таконе ба ҳамкориҳои минтақавӣ диҳад. Кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ соҳиби захираи оби тозаи полезӣ энерҷӣ хоҳанд шуд.
Дар НБО Роғун 6 агрегати обӣ бо қудрати ҳар кадом 600 мегаватт ва дар умум 3600 мегаватт насб мегардад, ки онро бузургтарин нурӯгоҳи обӣ дар минтақа мегардонад.
Тибқи пружа балании сади нерӯгоҳ 335 метр хоҳад буд, ки баландтарин сад дар ҷаҳон дар навъи худ аст.