24.11 Як маҳбуси зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар тамоси телефонӣ бо хонаводааш гуфт, ки ду ҳафтаи оянда занг зада наметавонад
06.11. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз паёмакрасонҳо дар Тоҷикистон масдуд шуданд
07.11 Шом. Сокинони маҳаллаҳои атрофи муассисаи ислоҳотии №3 дар шаҳри Хуҷанд аввал садои доду мағали нафарони зиёд, сипас садои тирпарронӣ аз тарафи зиндонро шуниданд
08.11. Субҳ. Сойти “Ахбор” аз вуқӯъи исён дар зиндони рақами 3 ва саркӯби он хабар дод.
08.11. Субҳ. Ҷасади зиндонбонони кушташуда Мирсаид Қодиров ва Эҳсон Ёқубов ба хонаводаҳояшон супорида шуд
08.11. Расонаҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости ва Лента.ру аз кушта шудани 12 нафар дар ошӯб хабар доданд
08.11. Мақомоти Тоҷикистон дар як нома ба ҳамтоёни худ дар Қирғизистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро тасдиқ карданд
08.11. Расонаҳои маъруф, аз ҷумла Ал-Ҷазира, Дипломат ва ғайра аз ҳодиса гузориш доданд
08.11. Нисфирӯзӣ. “Ахбор” аз кушта шудани 19 то 22 зиндонӣ ва ду зиндонбон хабар дод. Ошӯбгарон аъзои ДОИШ ва Ҳизби Таҳрир гуфта мешуданд
08.11. Мирсаид Қодиров ва Эҳсон Ёқубов, зиндонбони кушташударо ба хок супориданд. Дар маросим яке аз масъулини зиндон гуфт, ки ошӯб дар паи кӯшиши фирори чанд зиндонӣ сар задааст
08.11. Бегоҳ. Бархе аз расонаҳо аз кушта шудани 27 нафар ва ҷароҳат бардоштани 100 нафар иттилоъ доданд.
08.11. Бегоҳ. Бо гузашти як шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар борааш нагуфтанд. Наздикони маҳбусони рақами 3 натавонистанд ҳеҷ маълумоте дар бораи бастагонашон пайдо кунанд
09.11. Ду маҳбус дар Ашт ва 4 нафар дар Истаравшан ва як нафар дар Конибодом бидуни ҷаноза ба хок супорида шуданд. Ба наздикони кушташудаҳо иҷозаи дидани ҷасади онҳо дода нашуд
09.11. ДОИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Хуҷандро ба дӯш гирифт. Баъди ин таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳон ба ҳодиса зиёд шуд
09.11. Расонаҳои маъруфи ҷаҳон дар бораи кушта шудани беш аз 20 нафар дар ошӯби зиндони Хуҷанд гузориш доданд. Ин ҳодиса пурқурбонитарин пахши ошӯб дар чанд даҳсолаи охир номида шуд
09.11. Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия аз ошӯб ва пахши он изҳори бехабарӣ кард
09.11. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон даъват кард як комиссияи муташаккил аз намояндагони мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хонаводаҳои маҳбусин барои таҳқиқи фоҷеъаи зиндони Хуҷанд таъсис шавад
09.11. Расонаҳо дар бораи ба беморхона интиқол ёфтани 6 зиндонбон ва наздик ба 100 зиндонӣ хабар доданд
09.11. Хайрулло Абдуллоев, падари яке аз зиндонбонҳои маҷрӯҳшуда аз забони писараш ба “Озодӣ” нақл кард, ки ошӯб ҳангоми “ҳасту нест”, замоне сар задааст, ки якбора касе барқро хомӯш кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки зиндонбонҳо бо хишту дигар ашё латукӯб шудаанд
09.11. Бегоҳ. Бо гузашти ду шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар бораи он нагуфтанд. Наздикони маҳбусон ҳам то ҳол натавонистанд ҳеҷ маълумоте дар бораи бастагонашон пайдо кунанд
10.11. Субҳ. Ду акс аз зиндониёни кушташуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар аксҳо зиндониён дар ду саф хобидаанд. Маълум нест саф пурра аксбардорӣ шудааст ё на, вале дар як сафи он ҳади ақал 15 нафар дида мешаванд.
10.11. Сойти “Паём” бо истинод ба манбаъаш дар Салиби сурхи Тоҷикистон хабар дод, ки шумори кушташудагон беш аз 40 нафаранд
10.11. Диловара Қодирова, ҳамсари Мирсаид Қодиров — афсари кушташуда дар зиндон дар мусоҳиба бо Азия Плюс гуфт, ки шавҳараш ва Эҳсон Ёқубов дар натиҷаи латукӯби шадид ҷон додаанд
10.11. Хоҳарарӯси Эҳсон Ёқубов ҳам бо пахши навиштае дар Фейсбук гуфт, ки Эҳсон дар натиҷаи латукӯб ҷон додааст
10.11. Нисфирӯзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни тантанавӣ бахшида ба рӯзи милитсия ширкат ва суханронӣ кард. Дар суханрониаш ӯ ҳарфе аз фоҷеъаи Хуҷанд назад
10.11. Бегоҳ. Бо гузашти се шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар бораи он нагуфтанд. Наздикони маҳбусон ҳам то ҳол натавонистанд ҳеҷ маълумоте дар бораи бастагонашон пайдо кунанд. Маҷрӯҳон ҳам ба наздиконашон нишон дода намешаванд.
11.11. “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш дар мақомоти тафтишотӣ хабар дод, то ин рӯз 47 кушташудаи зиндони Хуҷанд ба хок супорида шудаанд
11.11. “Паём” бо истинод ба манбаъаш дар додситонии вилояти Суғд шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиёнро эълон кард: 53 кушта ва 186 маҷрӯҳ
11.11. Куштор дар зиндони Хуҷанд дар аксари расонаҳои маъруфи ҷаҳон бозтоб шуд
11.11. Бегоҳ. Бо гузашти чаҳор шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар бораи он нагуфтанд. Наздикони маҳбусон ҳам то ҳол натавонистанд ҳеҷ маълумоте дар бораи бастагонашон пайдо кунанд. Маҷрӯҳон ҳам ба наздиконашон нишон дода намешаванд.
12.11. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як ниҳоди ҳукуматӣ рӯйхати кушташудаҳоро дидааст, ки дар он исми наздики 50 нафар навишта шудааст. Инҳо асосан зиндониҳо буданд.
12.11. Паймони Миллии Тоҷикистон куштор дар зиндони Хуҷандро қатли ом номид
12.11. Руқия Исмоилова, модари Баҳром Исмоилови 23-сола, ки дар ин ҳодиса кушта шуд, ба “Озодӣ” гуфт ҷасади кафанпечи писарашро кормандони пулис ҳамроҳи гӯрбон дар яке аз қабристони ин маҳал дафн карданд, вале ба аҳли хонавода иҷоза надоданд, ки ба ҷасад наздик шаванд.
12.11. Наздикони Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинови 21-сола аз ноҳияи Исфара гуфтаанд ӯ аз сараш тир хӯрда буд.
12.11. Бегоҳ. Бо гузашти панҷ шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар бораи он нагуфтанд. Наздикони маҳбусон ҳам то ҳол натавонистанд ҳеҷ маълумоте дар бораи бастагонашон пайдо кунанд. Маҷрӯҳон ҳам ба наздиконашон нишон дода намешаванд.
13.11. Як мансабдори тоҷик дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт “ин ҳодиса мавзӯе нест, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба баррасии он рӯ оваранд”. Мансабдори дигар гуфт дар пеш ҳодисаи бисёр муҳим — оғози кори чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун аст ва “эълони ин ҳодисаи нохуш ба оғози кори ин таҳаввулоти таърихӣ соя меафканад”.
13.11. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи истифодаи воҳидҳои вижаи вазоратҳои дигар дар саркӯб кардани ошӯб рад намуд. Ӯ гуфт, маҳбасҳо барои истифода дар чунин ҳолатҳо нирӯҳои вижаи худро доранд.
14.11. Дар сойти Change.org додхости фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ки дар он аз додситонии Тоҷикистон ва мақомоти дигари марбута дархост шудааст барои таҳқиқи қатли оми зиндониён дар муассисаи ислоҳотии рақами 3 дар шаҳри Хуҷанд, як комиссиюни мустақил таъсис дода шавад.
15.11. “Ахбор” бо истинод ба манбаъаш аз боздошти Файзуллоҷон Сафаров, раҳбари маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд хабар дод.
16.11. “Паём” бо истинод ба ду манбаъаш аз ҷузъиёти бештари ошӯб дар зиндон хабар дод. Аз ҷумла гуфта мешуд ОМОн зиндонро муҳосира кардааст ва тирҳоро ба сӯи маҳбусон “Алфа” холӣ кардааст.
16.11. Озодӣ бо истинод ба се манбаъаш боздошти Файзуллоҷон Сафаров, раҳбари зиндони №3-ро тасдиқ кард.
16.11. Бегоҳ. Бо гузашти нӯҳ шабонарӯз аз ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон чизе дар бораи он нагуфтанд. Баъзе аз наздикони маҳбусон тавонистанд бо пардохти ришва маълумот дар бораи бастагонашон пайдо кунанд. Маҷрӯҳон то ҳол ба наздиконашон нишон дода нашудаанд.
17.11. Нисфирӯзӣ. Бо вуҷуди интизориҳои мардум, ки пас аз бакорандозии НОБ-и Роғун мақомот қатли беш аз 50 нафар ва захмисозии наздик ба 200 нафарро шарҳ хоҳанд дод, мақомот то ҳанӯз хомӯшанд.