Рубрики Хабарҳо

Раҳбари ПМТ: муборизаи дипломатӣ бамаротиб душвортар аз низомӣ аст

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷистон дар посух ба суоли бинандаи пахши мустақими гуфтугӯяш бо мардум, ки пурсид “дар ҳиҷрати аввал мухолифин дар 5 сол сарбаландона баргашта буданд, аммо аз соли 2015 то 2021 шаш сол мешавад, чаро ягон нишонаи ҷиддие барои баргаштан вуҷуд надорад?” посух дод: 

“Он вақт ҳукумати муросои миллӣ буд, ҳарчанд мегӯянд оппозитсия буд, аммо он вақт ҳукумат буд, на оппозитсия. Оппозитсия Фронти халқӣ буд, ки берун аз ҳукумат бо кӯмаки хориҷиён шакл гирифт, мусаллаҳ шуд  ва ҳукумати амалкунандаи Душанберо бо табаддулот аз қудрат дур кард ва онҳо ба Афғонистон ҳиҷрат карданду оппозитсия шуданд. Чун ҳар касе дар ҳукумат буд, ӯ дигар оппозитсия нест. 

Вақте ба Афғонистон ҳиҷрат карданд, адад онҷо зиёд буд. Устод Бурҳониддин Раббонӣ, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, тамоми олами ислом ба кӯмаки опрпозитсия шитофт, мусаллаҳ карданд  ва инро бояд бигӯям, ки дар Афғонистон силоҳ пайдо кардан кори душворе ҳам набуд. 

Ва бо як нерӯи муҷаҳҳази низомӣ Раҳмоновро маҷбур карданд, ки сулҳ кунад, чунки аллакай нерӯҳои пешсафи оппозитсия ба минтақаи Кӯлоб даромада буданд, кони тиллои Шуғновро гирифта буданд, аз ин тараф дар километри 7-уми Душанбе мустақар шуда буданд. Раҳмонов дигар маҷбур буд, ки сулҳ кунад.  Ҳоло ин ки “асосгузори сулҳу ваҳдат” сулҳро мехост, ин ба ҷуз афсонае беш нест. 

Шумо сӯҳбатҳои Раҳмоновро дар солҳои 1993-94 дар телевизиони ОРТ -и Россия тамошо кунед. Аслан сулҳро намехост ва мегуфт, ки ман бо инҳо ҳеҷ гоҳ сулҳ намекунам. 

Аммо вақте ки Адамишин муовини вазири хориҷаи Русия занг зад ва гуфт, ки “дигар сарбозони рус набояд бимиранд, мехоҳӣ, худат ҷанг кун, мо ба ҷойи ту ҷанг намекунем. Агар сулҳ накунӣ, мо ба ту силоҳ ҳам, пул ҳам намедиҳем”, дигар Раҳмонов маҷбур шуд, ки сулҳ кунад.  Яъне Раҳмонов ҳар вақт нерӯи низомии қавиро мебинад, эътироф мекунад ва маҷбур мешавад, ки сулҳ кунад. 

Суол аст, ки оппозитсия чаро акнун ба зуди муваффақ намешавад? Чунки мо ҳоло нерӯи мусаллаҳ нестем, мо дар Афғонистон нестем ва нияти баргаштан бо силоҳро ҳам надорем, ки аз мо ҳам талаб кунанд, чаро шумо ба зудӣ маҷбур накардед Раҳмоновро, ки ақабнишинӣ кунад. 

Мо алъон як муборизаи расонаӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқибашариро бурда истодаем, ки шояд вақт мегирад, аммо ба маротиб душвортар аз муборизаи низомӣ аст. Ман дар он замон ҳам будам, бисёре аз дӯстон, ки дар ин муборизаи мусолиҳатомез ҳастанд, дар он замон ҳам буданд ва алъон мегӯянд, ки бамаротиб душвортару сахттар аст. 

Дигар ягон тарафи дунё кӯмак намекунад ва мо дур аз ватан ҳастем, ки ин воқеиятҳоро миллат бояд ба назар гирад. Ҳамон тавре, ки мо дар бораи сулҳ мегӯем, ки набояд он бист соли пешро бо ин рӯз муқоиса кард, дар масъалаи мубориза ҳам набояд шароити он бист соли пешро бо шароити имрӯз муқоиса кунем. Аммо чун муҳим натиҷа аст, он муборизае, ки мо давоми ин муддат бурда истодаем, оҳиста-оҳиста Худоро шукр, ки натиҷа ҳам дода истодааст. Муҳим ин ки рӯҳафтода нашавем ва ин суръати хубро идома бидиҳем”. 

Ба суоли ин ки “ҳоло бештари муҳоҷирин, бахусус мухолифин дар Аврупоянд ва Аврупо як рафоҳияте барои онҳо муҳайё кардааст. Фикр намекунед, ки ин ҳам мушкил аст ва дар роҳи мубориза таъсири худашро мерасонад?” раҳбари мухолифин посух дод: 

“На, ман инро мушкилии бузург намебинам, барои он ки вақте дар Афғонистон нерӯи низомии разманда буд, ҳар нафар дар он ҷо аҳамият дошт. Ва мардум, ки мехостанд зудтар ба Ватан баргарданд, дигар мубориза бурданд, ҷиҳод карданд ва зудтар ҳам бар Ватан баргаштанд. Аммо дар муборизаи мусолиҳатомезӣ дипломатӣ ва ҳуқуқбашарӣ мо дигар ниёзе ба афроди артиши бузург надорем. Мо дигар ин ҷо ниёз бар ҷавонҳои бисёр ангезадор ва ҷавонҳое, ки бештар фикру идея доранд, на танҳо ҷавонон, манзурам умуман аз ҷавонмардон аст, дорем. Инҳо бояд вориди марҳалаи ин мубориза шаванд ва шарт нест, ки дар чорчӯби Паймони Миллии Тоҷикистон, ё дигар нерӯҳои оппозитсионӣ, балки биёянд ва як ҷузъе аз фаъолиятро барои расидан ба он ваҳдати миллӣ ва бозгашти сарбаландона барои ҳамаи миллат, на танҳо барои оппозитсия, талош кунанд. Онҳое, ки мехоҳанд дар як Тоҷикистони воқеан ободу пешрафта зиндагӣ кунанд. 

Ман вазъиятро фақат дар он намебинам, ки ҳоло Урупо зиндагии беҳтар дорад ва агар оппозитсия ба мақсад расад, хоҳиши баргаштан ба Тоҷикистоне, ки Раҳмонов ба чунин вазъияте расонидааст, надошта бошад. Дар мисоли баъзе кишварҳои дигар бубинем, масалан, оппозитсияи Тунис, Наҳзати Исломии Тунис 22 сол дар ҳиҷрат буд ва 22 сол муборизаи мусолиҳатомез бурданд. Баъдан ба Ватан баргаштанд, имрӯз дар дохили кишварашон ҳастанд, вале ба Урупо дигар барнагаштанд. Барои он ки аз ҳамон ватанашон як кишвари ободи мисли Урупо сохтанд ва дар ҳамон ҷо монданд.

Вазифаи мо ҳамин аст, ки бояд дар ин ҷо истода, аз имкониятҳои ин ҷо истифода бурда, мубориза барем ва ба натиҷае бирасем. Тоҷикистонамонро ҳам мисли Урупо пешрафта кунем, ки дигар ҳеҷ зарурате, ё ки орзуи бозгашт ба урупо боқӣ намонад.

Сӯҳбати онлайнии раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо мардум ду соат идома кард, ки асосан ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи сулҳ ва натиҷаҳои он бахшида шуда буд.

Пахши мустақими гуфтугӯи раҳбари мухолифин бо мардум аз канали ютубии Паймони миллӣ, телевизиони ПаёмТВ ва радиои Паём пахш шуданд. Сабти онро метавонед инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *