Чаро Раҳмон ҲНИТ-ро дертар аз ҳама баст?
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли бинандаи пахши онлайнии гуфтугӯяш бо мардум, ки пурсид “баъзеҳо бар ин назаранд, ки сулҳ як ҳодисаи муҳиме ҳаст, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид. Аммо инки ҲНИТ ро бастанд ва саркӯб кардаанд, як ҳодисаи ҳошияи аст, ва наметавонад ки сулҳ як ҳодисаи хеле муҳим аст, камранг кунад. Магар ҳаминхел нест?” поусух дод:
“Ман қисман ба ин назар мувофиқам, ки худи сулҳро аз ҳодисаҳои баъди сулҳ ҷудо кунем. Аммо чаро танҳо бояд болои бастани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тамаркуз кунем? Қабл аз бастани ҲНИТ, Ҳизби Демократро ба ин ҳол расонданд. Агар Ҳизби Наҳзати Исломиро метавонистанд, мисли Ҳизби демократи ва Ҳизби Сотсиалисти, ва ҳоло Ҳизби Сотсиал Демократиро карданд, бо Ҳизби Камунисти чунин карданд, мисли инҳо ду даста кунанд ва роҳбарияташро иваз кунанд, ва як нафарони лӯхтак монандро ба роҳбарияти ҳизб оваранд, Ҳизби Наҳзатро ҳам намебастанд. Бадашон намеомад, ки як ҳизби зоҳиран динии дигар дар Тоҷикистон бошад. Мисли пешина фахр кунанд, ки Тоҷикистон ягона кишваре ҳаст, ки Ҳизби динӣ дорад ва апазитсия ҳам дорем, дар порлумон ҳам ҳастем, инҳоро фахр фурӯшии зиёд мекарданд. Аммо диданд ки натавонистаанд ин нақшаҳояшонро болои Наҳзат пиёда кунанд, ба ин натиҷа расиданд, ки бояд бибанданд.
Яъне марҳилаи суистифода аз сулҳ, аз тарафи як нафар, дигар ба Наҳзат танҳо рабт надорад. Дар протоколе ин нукта буд, ки Раҳмонуф як давраи ҳафтсола раисиҷумҳур бимонад, баъд аз он интихоботҳои озод баргузор гардида дигарон ба сари қудрат биёянд. Вале Раҳмонуф вақте ки инро дар тарозу монд, ки фалсафаи сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб кунад ва Тоҷикистон як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд шаваду ҳамаи аҳзоб дар он ҳақи ширкат дошта бошанд ва ӯ бояд аз қудрат биравад, ё ин ки худ ва хонаводаашро фикр кунад. Вақте дар ин интихоби воқеъан ҳам душвор, худу хонаводаашро ва бойгариву то охир дар қудрат монданашро интихоб кард, дигар барои Раҳмонуф як марҳилаи нав оғоз шуд, ки он аз саркӯб кардани тамоми рақибон оғоз шуд.
Чаро Наҳзати Исломии Тоҷикистон 5 мол дертар аз дигарон саркӯб шуд? Барои он ки мо аз аввал гуфтем, ки мо президент шудан намехоҳем, қудратро худамон бе восита гирифтан намехоҳем. Маҳмадрузи Искандаров гуфт, ки ман мехоҳам президент шавам зиндонаш кард. Инчунин Ғафор Мирзоев, Солеҳов собиқ раиси дастгоҳи президент кушта шуд. Яъне ҳар касе ки даъвои президентӣ ва роҳбари кард, қабл аз мо ӯро зиндонӣ кард ё кушт. Зайд Саидовро, ки танҳо ҳизб ташкил карданӣ шуд, зиндонӣ кард. Баъд аз ҳама навбати мо расид.
Аммо набояд мо тамаркуз болои Наҳзат кунем. Бояд дар як масири таърихии мо баъди сулҳ таҳлил карда шавад, ки чаро Раҳмонуф ба ин хулоса омад? Ҳоло мумкин тарафдорони Раҳмонуф, ё худаш, ё коршиносони наздик ба Раҳмонуф ин ба ин назаранд, ки интихоби душворро ба хотири давлату миллат кард. Чун фикр кард, ки Зайд Саидов, ё Маҳмадрузӣ, Убайдуллоев, Достиев ё Кабирӣ ё касоне дигар сари қудрат биоянд, мумкин ки давлат пош бихӯрад ва миллат пароканда шавад.
Бигӯянд Раҳмонуф маҷбур шуд, ки ба хотири миллату давлат омада, фарзандонашро неву миллатро фикр кард. Ҳоло агар савол диҳем, ки пас чаро дар атрофаш хонавода, домодҳо ва қудоҳояшроҷамъ кард, шояд далел оваранд, ки ин ҳам ба хотири давлату миллат аст. Чун ки роҳбари давлат дид, ки миллат дигар ба ҷуз хонаводаи Раҳмонуф ҳеҷ кадри арзанда нест, дилаш ба миллату давлат сӯхт, дигар ҳамин фарзад, домоду қудаҳояшро ба сари қудрат овард.
Яъне масъала дар инҷо аст, ҳоло мову шумо медонем, ки Раҳмонуф, вақте дар тарозу монд, дигар гуфт на, ман дигар ба миллат, давлату сулҳ кор надорам, агар дар сар қудрат набошам, бигзор миллат аз байн биравад, бигзор ҷанг шавад.
Иттифоқан ингуна суханҳо аз ӯ чанд бор ҳам садо дод, ки гуфт ман ба ин интихоботу машварат ва конститутсия рафтанӣ нестам. Конститутсияро тағйир медиҳам, созишномаро вайрон мекунам, зиндони мекунам аммо бояд дар қудрат бимонам. Агар касе розӣ нест, ин кори худаш аст, биравад ё дар хориҷа зиндагӣ кунад, ё рафта дар зиндон зиндагӣ кунад, ё кушта мешавад. Мо бояд инро таҳлил кунем.