Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони тоҷик бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи Тоҷикистон се имтиёз оварданд.
Гуфтанист ҳамроҳ бо дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.