Рубрики Хабарҳо

Вазъи Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам вахим аст ва ба ӯ хатари марг таҳдид мекунад

Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии дигари сиёсии узви Раёсати Олии ҲНИТ ва узви собиқи Комиссиюни интихоботии Тоҷикистон низ бинобар шиддат гирифтани чанд беморие, ки дар зиндон ба онҳо мубтало шудааст, дар вазъи бисёр вахиме ба сар мебарад ва барояш хатари марг таҳдид мекунад. Ӯ ҳоло дар госпитали зиндон бистарист ва раёсати зиндон ба интиқолаш ба бемористонӣ маданӣ изоҷат намедиҳад. 

Саидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсие, ки вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, ба «Паём» гуфт Ҷалолиддини Маҳмуд якбора аз чанд беморӣ ранҷ мебарад:

  1. Шушаш об гирифта ва варам кардааст;
  2. Аз ноҳияи узви таносул грижа шудааст ва бо мушкил роҳ мераваду пешоб мекунад;
  3. Фишори хунаш ба 200 расида ва чанд рӯз аст, ки аслан поин намефарояд;
  4. Як гӯшаш тамоман намешунавад ва гӯши дигараш ҳам танҳо бо асбоби шунавоӣ қодир ба шунидан аст. 

Табибони госпитал гуфтаанд имкони зинда мондани Ҷалолиддини Маҳмуд ҳамагӣ 20 дарсад аст, аммо ҳатто дар ҳамин ҳол, мақомоти зиндон ба интиқоли ӯ ба бемористони маданӣ иҷоза намедиҳанд.  

Ҷалолиддини Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми нигаҳдории маҳкум ба 5 соли зиндон шуда буд. Ӯ моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад, аммо 3 августи соли 2020 дубора боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум гашт. 

Дирӯз “Паём” дода буд, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо вазъи вахим ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шудааст. Ӯ аз бемории қанди хун ва қалб ранҷ  мебарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *